Новобаста ба пандемия ва авзои амниятии Афғонистон беш аз 125 ҳазор нафар сайёҳони хориҷӣ аз Тоҷикистон боздид карданд
ДУШАНБЕ, 26.07.2021 /АМИТ «Ховар»/. Новобаста аз пандемияи COVID-19 ва авзои сиёсию амниятии Афғонистон соли равон аз Тоҷикистон беш аз 125 ҳазор нафар сайёҳони хориҷӣ боздид намудаанд. Тавре имрӯз дар нишасти матбуотӣ Раиси Кумитаи рушди сайёҳии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Тоҷиддин Ҷӯразода зикр намуд, аз ҳам бештар аз Тоҷикистон сайёҳони Ӯзбекистон- 70 ҳазор нафар боздид намудаанд. Дар маҷмӯъ, аз кишварҳои Иттиҳоди Давлатҳои Муштаракулманофеъ 107 ҳазор сайёҳ ва аз давлатҳои хориҷи дур 17 ҳазор сайёҳони хориҷӣ ба тамошои мавзеъҳои зебоманзари Тоҷикистон омадаанд.
Тоҷиддин Ҷӯразода зикр намуд, ки ҳоло дар бозори сайёҳии Тоҷикистон 226 ширкати сайёҳӣ фаъолият доранд, ки 50 адади он ба Бадахшон, 40 адад ба Суғд, 17-то ба Хатлон, 105 ширкат ба шаҳри Душанбе ва 14 ширкати сайёҳӣ ба навоҳии тобеи ҷумҳурӣ рост меояд. Зикр шуд, ки дар доираи эълон гардидани Солҳои рушди деҳот, сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ дар ҷумҳурӣ дар самти рушди сайёҳӣ корҳои назаррас анҷом дода шудаанд. Аз ҷумла, бо мақсади рушди соҳаи сайёҳӣ ва инфрасохтори соҳа ҳамкорӣ бо ниҳодҳои байналмилалии молиявӣ тақвият ёфта, маблағҳои грантӣ аз Бонки ҷаҳонӣ-30 миллион доллари амрикоӣ ва аз Бонки Осиёии Рушд- 10 миллион доллари амрикоӣ барои татбиқи лоиҳаҳои «Рушди иқтисодиёти деҳот» ва «Рушди сайёҳӣ» ҷалб гардидаанд.
Таъкид шуд, ки сол аз сол инфрасохтори соҳаи сайёҳӣ дар Тоҷикистон рушду ташаккул меёбад. Ин аст, ки алҳол дар ҷумҳурӣ беш аз 280 субъекти хизматрасонии сайёҳӣ фаъолият менамоянд, ки аз онҳо 179 адад меҳмонхона, 25 ҳостел ва мотелҳо, 51 осоишгоҳ, 7 осоишгоҳи кӯдакона ва лагерҳои солимгардонӣ, 7 хонаи истироҳатӣ, 3 пансионат ва кемпинг ва се базаи сайёҳию истироҳатӣ ба сайёҳон хизмат мерасонанд.
Бо дахли омода намудани мутахассисони соҳаи сайёҳӣ дар кишвар Раиси Кумитаи рушди сайёҳии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон афзуд, ки айни замон дар 20 муассисаи олии таълимӣ ва миёнаи касбии ҷумҳурӣ қариб се ҳазор нафар донишҷӯён аз рӯи 15 намуди ихтисос ба таҳсил фаро гирифта шудаанд. Онҳо баъд аз хатми муассисаҳои олӣ дар инфрасохтори бахши сайёҳии мамлакат бо кор таъмин гардида, дар рушди соҳаи сайёҳии мамлакат нақши муассир мегузоранд.








Дар Машҳад имкониятҳои сайёҳии Тоҷикистон муаррифӣ шуданд
Ховалинг – минтақаи сайёҳӣ. Соли 2025 ёдгориҳои таърихиву фарҳангии ноҳияро 73 ҳазору 90 сайёҳ тамошо кардааст
Бахшида ба Рӯзи байналмилалии ҳифзи пиряхҳо дар Осорхонаи миллӣ конфронси илмӣ доир шуд
Ҷаласаи комиссияи Озмуни ҷумҳуриявии «Тоҷикистон — Ватани азизи ман» дар соли 2026 баргузор гардид
«САЙРИ ГУЛИ ЛОЛА». Дар Душанбе таҳти чунин унвон Фестивали гулҳо баргузор мегардад
Форуми V байналмилалии «Наврӯзи Душанбе – меҳвари робитаҳои фарҳангию сайёҳӣ» баргузор мегардад
Дар «Тоҷикфилм» 12 лоиҳаи нави синамоӣ муаррифӣ карда шуд
Дар Донишкадаи кӯҳию металлургии Тоҷикистон Кафедраи ЮНЕСКО таъсис дода шуд
ИСТЕҲСОЛИ ФИЛМҲОИ МИЛЛӢ ДАР ТОҶИКИСТОН КАМ АСТ. Ва ё рушди кинои миллӣ аз кӣ ва чӣ вобаста аст?
Маҷмуаи ашъори «Каманди зулф»-и Шоири халқии Тоҷикистон дар нашриёти «Орван»-и Теҳрон ба табъ расид
Бахшида ба 115-солагии Қаҳрамони Тоҷикистон Мирзо Турсунзода конференсияи ҷумҳуриявӣ баргузор мегардад
Намоиши ҷашнии «Тасвири шуҷоат ва мардонагии фарзандони тоҷик дар нигораҳои Осорхонаи миллӣ» ифтитоҳ шуд






