Ғолибони озмуни «Ихтироъкори беҳтарини Тоҷикистон» муайян гардиданд

Июль 23, 2021 16:08

ДУШАНБЕ, 23.07.2021 /АМИТ «Ховар»/. Имрӯз дар шаҳри Душанбе маросими супоридани ҷоизаҳо ба ғолибони озмуни «Ихтироъкори беҳтарини Тоҷикистон» барои солҳои 2019-2020 баргузор шуд. Устоди  Донишгоҳи техникии Тоҷикистон ба номи академик М.С. Осимӣ  Зумрат Ғайбуллоева ҳамчун ихтироъкори беҳтарини Тоҷикистон дар солҳои 2019-2020 сазовори медали тиллои Созмони умумиҷаҳонии моликияти зеҳнӣ (СУМЗ) гардид. Мавсуф дорандаи  7 нахустпатент,  1 патенти Авруосиёгӣ, 4 аризаи Авруосиёгӣ ба ихтироъ мебошад.

Инчунин  Суҳбатҷон Баҳриев бо ҷоизаи олии Ташкилоти патентии Авруосиёгӣ — медали тиллои ба номи В.И. Блинников  ҳамчун ихтироъкори беҳтарини Тоҷикистон дар солҳои 2019-2020 сарфароз гардонида шуд. Ӯ дорандаи 1 патент, 15 нахустпатент, 2 патенти Авруосиёгӣ, дастурамал барои фермерҳо ва деҳқонҳо мебошад.

Ҳамзамон  се нафар докторҳои илмҳои кимиё ва тиб  Зайниддин Муҳиддинов, Ғиёсиддин Мироҷов ва Неъмат Бозоров  бо ҷоизаи олии Муассисаи давлатии «Маркази миллии патенту иттилоот»-и Вазорати рушди иқтисод ва савдои Ҷумҳурии Тоҷикистон- «Нишони фахрии МД ММПИ» сарфароз гардонида шуданд.

Инчунин  се  нафар ихтироъкорон-    Луқмон Нуралиев, Шонаврӯз Самиҳов ва Ҷумабой Шамсидинов бо ҷоизаи Муассисаи давлатии «Маркази миллии патенту иттилоот»-и Вазорати рушди иқтисод ва савдои Ҷумҳурии Тоҷикистон-  «Нишони Муассисаи давлатии «Маркази миллии патенту иттилоот» сарфароз гардонида шуданд.

Тибқи қарори Комиссияи озмун чаҳор нафар ихтироъкорон бо «Диплом»-ҳои дараҷаи аввал, дуюм, сеюм ва олӣ қадрдонӣ гардиданд. Ба довталабон-ихтироъкорони дигар дипломҳои иштирокчии озмун ва туҳфаҳои хотиравӣ тақдим гардиданд.

Озмуни ҷумуриявии «Ихтироъкори беҳтарини Тоҷикистон»  дар асоси дастуру супоришҳои  Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон баргирифта аз Паёмҳояшон ба Парлумон  дар ду сол як маротиба дар доираи таҷлили Рӯзи ихтироъкорон ва навоварони Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Рӯзи байналмилалии моликияти зеҳнӣ-26 апрел бо мақсади ҷалби афроди лаёқатманд ба навоварию ихтироъкорӣ, тарғибу ташвиқи соҳа дар байни аҳолӣ,  дастгирӣ ва ҳавасманд намудани ихтироъкорону навоварони ҷумҳурӣ гузаронида мешавад.

Озмун маротибаи 13-ум аст, ки гузаронида шуда,  соли равон 51 нафар ихтироъкорон бо пешниҳоди 117 ихтироъ барои иштирок дар озмун ҳуҷҷат пешниҳод намуда буданд.

Июль 23, 2021 16:08

Хабарҳои дигари ин бахш

Маҳсулоти кишоварзии Тоҷикистон бо сифати аъло дар бозорҳои хориҷӣ мавқеи муносиб пайдо кардааст
Дар Душанбе Форуми байналмилалии «Сайёҳии устувор ва мероси фарҳангӣ» оғоз гардид
Дар Душанбе истифодаи таҷрибаи пешқадами байналмилалӣ дар соҳаи кишоварзӣ баррасӣ гардид
Дар Душанбе ҷаласаи 10-уми Гурӯҳи кории махсуси СҲШ оид ба мусоидат ба сармоягузорӣ доир гардид
Дар вилояти Суғд зеристгоҳи барқии «Ёва» бо иқтидори 110/35/10 кВ ба истифода дода мешавад
820 иншооти гуногун ба маблағи беш аз 1 миллиард сомонӣ дар шаҳри Ваҳдат ба истифода дода шуд
Дар Конибодом ҷамъоварии пахта ва кишти такрорӣ идома дорад
Дар сардхонаҳо ва анборхонаҳои Тоҷикистон 12 ҳазор тонна ғалладонагиҳо захира гардидаанд
Дар вилояти Суғд беш аз 33 фоизи нақшаи ҷамъоварии пахта иҷро гардидааст
Дар Тоҷикистон имсол ангишт бештар истихроҷ гардидааст
Дар Тоҷикистон истеҳсоли гӯшти паранда беш аз 7 фоиз зиёд шудааст
Дар вилояти Хатлон ҷамъоварии пахта 40,76 фоизи нақшаи солонаро ташкил медиҳад