Паҳлавони маъруфи тоҷик Сомон Маҳмадбеков пас аз ду пирӯзӣ ба даври 1/8-финали Бозиҳои олимпӣ роҳ ёфт
ДУШАНБЕ, 26.07.2021 /АМИТ «Ховар»/. Тавре пештар хабар додем, паҳлавони ҷавону умедбахши тоҷик Сомон Маҳмадбеков, ки Ҷумҳурии Тоҷикистонро дар 32-юмин Бозиҳои олимпӣ дар вазни то 73кг намояндагӣ мекунад, ба даври 1/8- финал роҳ ёфт. Дар ин бора намояндаи расмии Кумитаи миллии олимпии Тоҷикистон Умаралӣ Сафаралӣ ба шореҳи варзиши АМИТ «Ховар» хабар дод.
Ин паҳлавони умедбахши тоҷик дар арсаи байналмилалӣ дар даври аввал намояндаи кишвари гурезаҳо Аҳмад Аликайро дучори шикаст намуд. Дар даври 1/16-финал Сомон Маҳмадбеков ба варзишгари кишвари Гамбия Файе Нжие ғолиб омад. Акнун дар даври 1/8-финал Сомонро ноибқаҳрамони Бозиҳои олимпии Рио-2016, паҳлавони муваффақи озарӣ – Рустам Оруҷов имтиҳон мекунад. Дар ин рақобати ҳассосу мушкил ба Сомон Маҳмадбеков барору комёбӣ таманно дорем.
Хотиррасон мешавем, ки ин мусобиқа соати 7:00 бо вақти Душанбе оғоз шуда, қувваозмоиҳои финалӣ соати 13:00 шурӯъ мегарданд.
Ёдрас мешавем, ки ба барномаи Бозиҳои олимпии Токио-2020 33 намуди варзиш (50 равияи варзишӣ) ворид гардидаанд. 11324 нафар варзишгарон давоми 17 рӯз барои 339 маҷмӯи медалҳо талош мекунанд.
Хабарҳои дигари ин бахш
Дар Душанбе Мусобиқаи байналмилалии гӯштингирӣ барои дарёфти «Ҷоми Раиси шаҳри Душанбе» доир мешавад
«РОҲИ АБРЕШИМ-2026». Мотосиклчиёни Тоҷикистон дар мусобиқаи байналмилалӣ соҳиби ҷойҳои намоён шуданд








ФУТБОЛ. Имрӯз Чемпионати Тоҷикистон байни дастаҳои Лигаи якум оғоз мешавад
Дастаи мунтахаби олимпии Тоҷикистон оид ба футбол ғолиби мусобиқаи байналмилалӣ дар Ҳиндустон гардид
Абубакр аз Тоҷикистон ва Ҷасур аз Узбекистон соҳиби шоҳҷоизаҳои мусобиқаи гӯштини миллӣ дар Кӯлоб шуданд
Дастаи мунтахаби Тоҷикистон оид ба футбол ба марҳилаи ниҳоии Ҷоми Осиё-2027 роҳ ёфт
БОЗИИ РӮЗ! Имрӯз бозии ниҳоии марҳилаи интихобии Ҷоми Осиё-2027 байни Тоҷикистон ва Филиппин доир мегардад
Гурӯҳи доварон аз Тоҷикистон бозии дастаҳои Сурия ва Афғонистонро ҳакамӣ мекунад
ҶОМИ ОСИЁ-2027. Пагоҳ бозии даври 6-уми марҳилаи интихобӣ байни дастаҳои мунтахаби Тоҷикистон ва Филиппин доир мешавад
Дастаи мунтахаби Тоҷикистон дар Чемпионати Осиё оид ба ҷудо дар Чин иштирок мекунад
Дар Бадахшон беҳтаринҳо дар гӯштин, волейбол ва дави наврӯзӣ муайян гардиданд
Ғолибони Шоҳҷоизаҳои Мусобиқаи гӯштини миллӣ (гӯштингирӣ) дар деҳаи Пушинги ноҳияи Данғара муайян шуданд






