Президенти собиқи Афғонистон Ҳомид Карзай аз таваҷҷуҳи Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон нисбат ба кишвараш истиқбол кард
ДУШАНБЕ, 24.07.2021 /АМИТ «Ховар»/. Президенти собиқи Афғонистон Ҳомид Карзай аз таваҷҷуҳи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Ҷаноби Олӣ Эмомалӣ Раҳмон нисбат ба Афғонистон истиқбол кард, хабар медиҳад АМИТ «Ховар».
Ҳомид Карзай дар саҳифаи расмии Фейсбукиаш навиштааст, ки дар тӯли чордаҳ соли фаъолияташ бо Тоҷикистон, бахусус, бо Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон муносибатҳои бисёр хуб ва бародарона дошт.
«Тоҷикистон ҳамеша сулҳу суботи пойдори Афғонистонро мехоҳад ва ин далел бори дигар дар суханронии ахири Ҷаноби Олӣ Эмомалӣ Раҳмон инъикос ёфт. Орзумандам, ки дар натиҷаи ҳамкории ҳамаҷонибаи ду кишвар дар Афғонистон ҳарчи зудтар сулҳи умумӣ ва пойдор барқарор мешавад», — гуфтааст Президенти собиқи Афғонистон.
Ёдовар мешавем, ки 22 июли соли равон Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон зимни суханронӣ дар назди хизматчиёни ҳарбии Қувваҳои Мусаллаҳ ва мақомоти ҳифзи ҳуқуқ дар бораи вазъ дар Афғонистони ҳамсоя ва мардуми он гуфта гузаштанд.
Аз ҷумла, Пешвои миллат таъкид карданд, ки вазъи кишвари ҳамсоя – Ҷумҳурии Исломии Афғонистон, алалхусус, минтақаҳои шимолии он, ки бо Тоҷикистон ҳамсарҳад мебошанд, бениҳоят мушкилу номуайян боқӣ монда, авзои онҳо рӯз ба рӯз ва ҳатто соат ба соат мураккаб гардида истодааст.
«Чунин ҳолати мураккаб дар 43 соли идомаи даргириҳои дохилӣ дар Афғонистон бори аввал ба вуҷуд омад. Барои рух додани чунин ҳодисаҳои фоҷиабор мардуми Афғонистон, ки соҳиби таърих, тамаддун ва фарҳанги бостонӣ мебошанд, гуноҳ надоранд», — иброз доштанд Сарвари давлат.
Ин равандҳои харобиовар натиҷаи дахолати берунӣ ба корҳои дохилии ин кишвари ҳамсоя аст, ки беш аз чил сол инҷониб идома дорад.
«Мардуми Тоҷикистон чунин бадбахтӣ, яъне дахолати хориҷиро, ки боиси сар задани ҷанги таҳмилии шаҳрвандӣ гардид, ибтидои солҳои 90-уми асри гузашта аз сар гузарониданд ва оқибатҳои вазнини онро то ба ҳол бартараф карда истодаанд, — ёдовар шуданд Президенти мамлакат ва илова намуданд, ки дар натиҷаи ҷанг беш аз 150 ҳазор шаҳрвандони мо ба ҳалокат расида, 50 ҳазор нафар кӯдакон ятим шуданд».
Бо дарназардошти чунин таҷрибаи талхи таърихӣ, Пешвои миллат иброз доштанд, ки мо ҳеҷ гоҳ ба масоили дохилии ҳамсояҳои худ дахолат намекунем.
АКС аз бойгонии Хадамоти матбуоти Президенти ҶТ /АМИТ «Ховар»








35 тавсифи пурарзиши Президенти Тоҷикистон дар ситоиши Истиқлолияти давлатӣ
ИСТИҚЛОЛИЯТ — РАМЗИ САОДАТ ВА АСОЛАТИ МИЛЛАТ. Тавсифҳои истиқлолият аз суханҳои пурарзиши Президенти Тоҷикистон
НУРИ ХУРШЕДИ ИСТИҚЛОЛ ТО АБАД РАВШАНГАРИ ҲАЁТИ ҶОМЕАИ МО БОД! Тавсифҳои истиқлолият аз суханҳои пурарзиши Президенти Тоҷикистон
ИСТИҚЛОЛУ ОЗОДӢ — РАМЗИ ВОҚЕИИ ИФТИХОР АЗ ВАТАНУ ВАТАНДӮСТӢ. Тавсифҳои истиқлолият аз суханҳои пурарзиши Президенти Тоҷикистон
ИСТИҚЛОЛИЯТ — МАРҲАЛАИ СИФАТАН НАВИ РУШДИ ТОҶИКИСТОН. Тавсифҳои истиқлолият аз суханҳои пурарзиши Президенти Тоҷикистон
ИСТИҚЛОЛИЯТ — РАМЗИ БАРҶАСТАИ ПОЙДОРИИ ДАВЛАТ. Андешаҳои Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон доир ба Истиқлолияти давлатӣ
ҶОИЗАИ БАЙНАЛМИЛАЛИИ ПРЕЗИДЕНТИ ТОҶИКИСТОН ДАР СОҲАИ ОБ–ВАСИЛАИ ТАҲКИМИ ДИПЛОМАТИЯИ ОБ ДАР ҶАҲОН. Андешаҳо дар ин маврид
ТИРГОН ШЕБУ ФАРОЗИ САДСОЛАҲОРО ГУЗАШТА, ТО БА РӮЗГОРИ МО РАСИДААСТ. Иқтибосҳо аз суханрониҳои Президенти Тоҷикистон ба муносибати ин ҷашн
Соли 2027 дар Тоҷикистон Конфронси байналмилалӣ доир ба Даҳсолаи байналмилалӣ оид ба таҳкими сулҳ барои наслҳои оянда баргузор мешавад
Фиристодаи махсуси СММ: «Давлатҳо бояд сиёсатҳо ва амалҳоро тағйир дода, сармоягузорӣ ва татбиқи лоиҳаҳоро дар соҳаи идораи захираҳои обӣ ба роҳ монанд»
Ҷоизаи байналмилалии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар соҳаи об таъсис дода шуд
Сарвазири Бурунди: «Тоҷикистон ба маркази муколамаи глобалӣ оид ба масъалаҳои об табдил ёфтааст»






