Президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар деҳаи Зерободи ноҳияи Айнӣ бинои нави Муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии №15-ро ифтитоҳ намуданд

Июль 28, 2021 08:15

ДУШАНБЕ, 28.07.2021 /АМИТ «Ховар»/. Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар деҳаи Зерободи деҳоти Дар-Дари ноҳияи Айнӣ бинои нави Муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии рақами 15-ро мавриди баҳрабардорӣ қарор доданд.

Бинои нави Муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии рақами 15 дар ноҳияи Айнӣ дар асоси дастуру ҳидоятҳои Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҷиҳати муҳайёсозии шароити беҳтари таълиму тарбия барои насли наврасу ҷавон бо ҷалби маблағҳои буҷетӣ ҷавобгӯ ба талаботи муосир сохта шудааст.

Иншооти хуштарҳу муосири таълимӣ аз таҳхона ва се ошёна иборат буда, барои 640 нафар хонанда дар ду баст пешбинӣ гардидааст.

Мактаб аз 28 синфхонаи барҳаво, аз ҷумла синфхонаҳои фаннии химия, физика, математика, китобхона, ҳуҷраҳои корӣ барои омӯзгорону кормандон, инчунин ҳуҷраҳои ёрирасон иборат мебошад.

Китобхонаи муассиса, ки бо мақсади ҷалби наврасону ҷавонон ба мутолиаи китоб таъсис ёфтааст, дорои 10 ҳазор нусха адабиёти гуногуни бадеию фаннӣ мебошад. Ҳамзамон барои хонандагон утоқи алоҳидаи мутолиа бо шароити муосир ташкил гардидааст.

Сохтмони бинои муассисаи таълимӣ соли 2016 оғоз ёфта, корҳои бунёдӣ ва паймонкорӣ бо ҷалби зиёда аз 100 нафар мутахассиси Ҷамъияти дорои масъулияти маҳдуди “Тоҷикэлитсохтмон” бо сифати баланди меъморӣ ва дар асоси меъёрҳои мавҷуда ба анҷом расонида шудааст.

Президенти мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон зимни шиносоӣ бо шароити муҳайёгардида дар бинои нави таълимӣ ба сатҳу сифати корҳои сохтмонӣ баҳои баланд дода, хонандагонро бо истифода аз имконоти мавҷуда ба омӯзиши хуби барномаҳои таълимӣ, хусусан фанҳои дақиқ, кор бо техникаю технологияи муосир ва омӯзиши забонҳои хориҷӣ дар доираи ҳадафи “Бистсолаи омӯзиш ва рушди фанҳои табиатшиносӣ, дақиқ ва риёзӣ дар соҳаи илму маориф, солҳои 2020-2040” ҳидоят намуданд.

Омӯзгорону хонандагон бунёди бинои нави муассисаи таълимиро аз ғамхориҳои рӯзафзуни Сарвари маорифпарвари мамлакат дар соҳаи илму маориф ва таълиму тарбияи насли ояндасози миллат арзёбӣ намуданд.

Дар мактаб зиёда аз 50 омӯзгори соҳибкасбу соҳибтаҷриба ба насли наврасу ҷавон дониш меомӯзанд.

Ифтитоҳи бинои зебою замонавии мактаб бо шароити беҳтарини таълиму тарбия боиси хушнудӣ ва сипосгузории кулли мардуми деҳаи Зеробод гардид, зеро мактаби қаблии деҳаи мазкур ҳанӯз соли 1971 сохта шуда, ба талаботи имрӯза ҷавобгӯ набуд.

Акнун бо мавриди баҳрабардорӣ қарор гирифтани бинои муосири таълимӣ барои фарзандони сокинони деҳаи Зерободи ноҳияи Айнӣ муосиртарин имкони таълиму тарбия фароҳам омад.

Дар бинои нави Муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии рақами 15-и деҳаи Зеробод ҳамзамон бо мақсади ҷалби наврасону ҷавонон ба намудҳои гуногуни варзиш толори муосири варзишӣ бо беш аз 200 ҷойи нишаст барои тамошобинон сохта шудааст.

Дар толори варзиши мактаб барои баргузории бозиҳои волейбол, баскетбол, футболи хурд ва дигар намудҳои варзиш шароити хуб мавҷуд мебошад.

Хонандагону дигар бошандагони деҳаи Зеробод акнун имкон доранд, ки бо истифода аз шароити муҳайёгардида дар толори варзиши ин муассиса ба обу тоби бадан машғул шуда, дар тарғиби тарзи ҳаёти солим саҳм гузоранд.

Мактаб ҳамзамон дорои ошхона бо беш аз 140 ҷой буда, барои ҳунаромӯзии духтарон имкон фароҳам оварда шудааст.

Муассисаи таълимӣ бо нуқтаи алоҳидаи гармидиҳӣ таъмин буда, имкони пурраи ба таҳсил фаро гирифтани хонандагон дар синфхонаҳои гарм дар фасли зимистон мавҷуд мебошад.

Дар ин даргоҳи маърифат ҳамзамон синфхонаҳои таълими меҳнат барои духтарону писарон ба таври алоҳида таъсис дода шудааст.

Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо омӯзгорону хонандагон суҳбати озоду самимӣ доир намуда, ба истифода додани муассисаи таълимии замонавиро туҳфаи арзишманди давлат ва Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ба истиқболи ҷашни бузурги миллӣ — 30-солагии Истиқлоли давлатӣ барои сокинони шарафманду меҳнатқарини деҳаи Зерободи ноҳияи Айнӣ арзёбӣ карданд.

Масоҳати иншоот қариб 1 гектарро дар бар гирифта, атрофи он дар доираи тадбирҳои ободониву созандагӣ дар масоҳати зиёда аз 3 ҳазору 700 метри мураббаъ сабзазор ва чароғон гардидааст.

Дар ноҳияи Айнӣ дар замони соҳибистиқлолии кишвар дар асоси дастуру ҳидоятҳои Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон 27 бинои нави таълимӣ бо муосиртарин шароити таълиму тарбия ба истифода дода шуда, раванди донишомӯзии хонандагон ба марҳилаи сифатан нав ворид гардидааст.

Дар маҷмӯъ дар ноҳияи Айнӣ 66 муассисаи таҳсилоти умумӣ фаъолият менамоянд, ки 55 ададаш муассисаи таҳсилоти миёнаи умумӣ ва 11-тои дигар муассисаи таҳсилоти умумии асосӣ мебошад.

Дар таълимгоҳҳои ҳудуди ноҳия 18791 хонанда, аз ҷумла 9379 духтар ба таълим фаро гирифта шудаанд, ки нисбат ба соли таҳсили  2019-2020,  289  хонанда зиёд  мебошад.

Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ифтитоҳи бинои нави Муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии рақами 15 дар деҳаи Зерободи ноҳияи Айниро ба ҳамаи омӯзгорону хонандагон туҳфаи арзишманд дар соли ҷашни 30-юмин солгарди Истиқлоли давлатӣ арзёбӣ карда, масъулонро барои тарбияи хуби насли ояндасози миллат бо истифодаи пурра аз шароити арзанда дар рӯҳияи хештаншиносию ватандӯстӣ ва ифтихори миллӣ ҳидоят намуданд.

Ифтитоҳи бинои нави Муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии №15 дар деҳаи Зерободи ноҳияи Айнӣ 28.07.2021

Июль 28, 2021 08:15

Хабарҳои дигари ин бахш

Қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон
Фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон
Дар шаҳри Турсунзода барои бо оби полезӣ таъмин намудани хоҷагиҳо тозакунии каналу заҳбурҳо оғоз гардид
Дар деҳаи Корвони шаҳри Ваҳдат бинои нави муссисаи таълимӣ ба истифода дода шуд
Дар ноҳияи Балҷувон иншооти нави соҳаи маориф бунёд гардид
35-СОЛАГИИ ИСТИҚЛОЛИ ДАВЛАТӢ. Дар Мастчоҳ кӯдакистон, Қасри ҷавонон ва бинои нави беморхона ба истифода дода мешавад
Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон ба Президент ва Сарвазири Ҷумҳурии Исломии Покистон Осиф Алӣ Зардорӣ ва Шаҳбоз Шариф барқияи изҳори тасаллӣ ирсол намуданд
Паёми шодбошии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон ба муносибати Рӯзи парчами давлатӣ
35-СОЛАГИИ ИСТИҚЛОЛИЯТИ ДАВЛАТӢ. Дар шаҳри Хоруғ Маркази стоматологӣ кушода шуд
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар Фестивали асал, картошка ва анор дар вилояти Суғд иштирок намуданд
Дар Хуҷанд якчанд иншооти хизматрасонӣ ба истифода дода шуд
Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон дар шаҳри Хуҷанд корхонаи «Сайри Суғд»-ро ифтитоҳ намуданд