Президенти Тоҷикистон: «Мардуми Афғонистон дар мураккаб гардидани авзои дохилии ин кишвар гуноҳ надоранд»

Июль 22, 2021 08:03

ДУШАНБЕ, 22.07.2021 /АМИТ «Ховар»/. Имрӯз зимни суханронӣ дар назди хизматчиёни ҳарбии Қувваҳои Мусаллаҳ ва мақомоти ҳифзи ҳуқуқ Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат, Сарфармондеҳи Олии Қувваҳои Мусаллаҳи Тоҷикистон, генерали артиш муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон тазаккур доданд, ки дар шароити бисёр ҳассос ва вазъи ниҳоят мураккабу ноустувори минтақа ва ҷаҳони имрӯза дар назди мо масъалаҳои бағоят муҳими амниятӣ, аз ҷумла мубориза бар зидди терроризму экстремизм, гардиши ғайриқонунии маводи мухаддир, қочоқи силоҳ ва дигар ҷиноятҳои муташаккили фаромиллӣ қарор доранд.

Вобаста ба ин, Пешвои миллат хотирнишон намуданд, ки вазъи кишвари ҳамсоя – Ҷумҳурии Исломии Афғонистон, алалхусус, минтақаҳои шимолии он, ки бо Тоҷикистон ҳамсарҳад мебошанд, бениҳоят мушкилу номуайян боқӣ монда, авзои онҳо рӯз ба рӯз ва ҳатто соат ба соат мураккаб гардида истодааст.

«Чунин ҳолати мураккаб дар 43 соли идомаи даргириҳои дохилӣ дар Афғонистон бори аввал ба вуҷуд омад. Барои рух додани чунин ҳодисаҳои фоҷиабор мардуми Афғонистон, ки соҳиби таърих, тамаддун ва фарҳанги бостонӣ мебошанд, гуноҳ надоранд», — иброз доштанд Сарвари давлат.

Ин равандҳои харобиовар натиҷаи дахолати берунӣ ба корҳои дохилии ин кишвари ҳамсоя аст, ки беш аз чил сол инҷониб идома дорад.

«Мардуми Тоҷикистон чунин бадбахтӣ, яъне дахолати хориҷиро, ки боиси сар задани ҷанги таҳмилии шаҳрвандӣ гардид, ибтидои солҳои       90-уми асри гузашта аз сар гузарониданд ва оқибатҳои вазнини онро то ба ҳол бартараф карда истодаанд, — ёдовар шуданд Президенти мамлакат ва илова намуданд, ки дар натиҷаи ҷанг беш аз 150 ҳазор шаҳрвандони мо ба ҳалокат расида, 50 ҳазор нафар кӯдакон ятим шуданд».

Бо дарназардошти чунин таҷрибаи талхи таърихӣ, Пешвои миллат иброз доштанд, ки мо ҳеҷ гоҳ ба масоили дохилии ҳамсояҳои худ дахолат намекунем.

 

АКС аз Хадамоти матбуоти Президенти ҶТ/АМИТ «Ховар»

Июль 22, 2021 08:03

Хабарҳои дигари ин бахш

Ҳайати Тоҷикистон дар Форуми Осиё ва Уқёнуси Ором дар Филиппин иштирок намуд
Дар Кӯлоб ҷаласаи Шурои ҳамоҳангсозии фаъолияти мақомоти ҳифзи ҳуқуқ баргузор гардид
ҲАР АМАЛИ НОДУРУСТ ҶАВОБГАРӢ ДАР ПАЙ ДОРАД! Дар Душанбе паҳнкунандагони доруи психотропии «Прегабалин» дастгир шуданд
Ҳайати Тоҷикистон дар Вена дар конфронси Созмони Милали Муттаҳид оид ба мубориза бо қаллобӣ иштирок дорад
Дар Вена ҳамкории Тоҷикистон ва Британияи Кабир дар соҳаи ҳифзи ҳуқуқ баррасӣ гардид
14 МАРТ — РӮЗИ КОРМАНДОНИ МАҚОМОТИ ПРОКУРАТУРА. Бо назардошти вазъи геополитикии ҷаҳон дар назди кормандони он масъулияти баланд меистад
Агентии назорати маводи нашъаовари Тоҷикистон ва Раёсати СММ оид ба маводи нашъаовар ва ҷинояткорӣ ҳамкориро тақвият медиҳанд
Ҷаласаи навбатии Комиссияи даъвати ҷумҳуриявӣ оид ба омодагӣ ба даъвати баҳории соли 2026 ба хизмати ҳарбӣ доир гардид
Нозирони мизҳои ҳарбӣ дар шаҳри Бохтар ба машғулияти такмили ихтисос фаро гирифта шуданд
Дар Хатлон ҳамкории милитсия, омӯзгорон ва волидайн дар самти пешгирии ҷинояткорӣ байни ноболиғон тақвият меёбад
Ташаккул ва рушди фарҳанги киберамният дар низоми таълиму тарбия аҳамияти аввалиндараҷа касб мекунад
Ҳайати Тоҷикистон дар иҷлосияи Комиссияи СММ оид ба воситаҳои нашъадор иштирок дорад