ТАҚВИМИ АМИТ «ХОВАР»: имрӯз 19 июл, душанбе, 200-умин рӯзи соли 2021 аст
19 июли соли 2010 дар шаҳри Душанбе Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон Вазири давлатӣ-Раиси Кумитаи сармоягузории Ҷумҳурии Исломии Покистон Салим Мандвивалларо ба ҳузур пазируфтанд.
***
5 сол қабл, 19 июли соли 2016 Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо Губернатори вилояти Нижегороди Федератсияи Россия Валерий Шантсев мулоқот намуданд.
***
Дар ин рӯзи соли 2016 дар Қасри миллат Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон аз 8 сафири нави Қазоқистон, Ҳиндустон, Япония, Шоҳигарии Таиланд, Ҷумҳурии Полша, Босния ва Гертсеговина, Ҷумҳурии Чили ва Австралия эътимоднома қабул намуданд.
19 ИЮЛ ТАҶЛИЛ КАРДА МЕШАВАД:
Дар Россия -Рӯзи кормандони ҳуқуқи Вазорати корҳои дохилӣ.
РӮЙДОДҲО:
19 июли соли 2018 муовини якуми Вазири энергетика ва захираҳои оби Ҷумҳурии Тоҷикистон дар мубоҳисаҳои умумии Форуми сиёсии сатҳи баланди Созмони Милали Муттаҳид оид ба рушди устувор (HLPF 2018), ки дар шаҳри Ню-Йорк баргузор гардид, ширкат ва суханронӣ намуд.
***
19 июли соли 2010 дар шаҳри Монктони Канада Чемпионати ҷаҳон оид ба варзиши сабук байни ҷавонон оғоз гардида буд, ки Тоҷикистонро дар он Галина Митяева намояндагӣ кард.
***
15 сол муқаддам, 19 июли соли 2006 дар шаҳри Душанбе Маркази технологияи иттилоотӣ ифтитоҳ ёфт.
***
Дар ин рӯзи соли 1928 Ҷумҳурии Чин ҳамаи шартномаҳои «ноадолатона»-ро бо давлатҳои Аврупо бекор карда буд.
***
19 июли соли 1952 Пезиденти Финляндия Юхо Паасикавӣ ба Бозиҳои XV тобистонаи олимпӣ расман оғоз бахшид.
ИНЧУНИН ДАР ИН РӮЗ…
Соли 1919 дар Лондон паради ҳарбӣ 21 соат идома ёфт.
***
Соли 1924 аввалин шумораи рӯзномаи «Красный спорт» нашр гардид.