ТАҚВИМИ АМИТ «ХОВАР»: имрӯз 25 июл, якшанбе, 206-умин рӯзи соли 2021 аст
25 июли соли 2005 Президенти Ҷумҳурии Точикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Кодекси ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон» — ро имзо намуданд.
***
13 сол пеш, 25 июли соли 2008 Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон вазирони корҳои хориҷии давлатҳои аъзои Созмони ҳамкории Шанхайро, ки баҳри иштирок дар ҷаласаи навбатии Шӯрои вазирони корҳои хориҷии ин созмон ба Душанбе омада буданд, ба ҳузур пазируфтанд.
***
Дар ин рӯзи соли 2013 ба Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон раиси Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон ва раисони ноҳияҳои Мастчоҳи Кӯҳӣ, Ҷиргатол, Тоҷикобод ва Рашт ҳисоботи телефонӣ доданд.
25 ИЮЛ ТАҶЛИЛ КАРДА МЕШАВАД:
Дар Ҷумҳурии Тоҷикистон — Рӯзи кормандони нақлиёти автомобилӣ.
***
Дар Тунис – Рӯзи ҷумҳурӣ.
***
Дар Пуэрто-Рико – Рӯзи Конститутсия.
***
Дар Беларус – Рӯзи хадамоти оташнишонӣ.
РӮЙДОДҲО:
25 июли соли 2009 дар шаҳри Хоруғи ВМКБ бо иштироки намояндагони давлатҳои Тоҷикистон, Афғонистон, Қазоқистон ва Қирғизистон ҷашнвораи фарҳангӣ-экологии «Боми ҷаҳон» баргузор гардид.
***
4 cол пеш, 25 июли соли 2017 роҳҳои густариши ҳамкории гуногунҷанбаи Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Шоҳигарии Арабистони Саудӣ ва татбиқи нақшаҳои муштарак баррасӣ шуданд.
***
Дар ин рӯзи соли 1947 дар Прага аввалин Фестивали байналмилалии ҷавонон ва донишҷӯён баргузор гардид, ки дар он намояндагони зиёда аз 70 кишвари дунё иштирок намуданд.
***
25 июли соли 1992 дар Барселона бозиҳои тобистонаи олимпии XXV оғоз гардида, 9 август ба охир расиданд.
***
25 июли соли 2002 дар Чин жола борид, ки ҳаҷмаш ба тухми мурғ баробар буд.
ИНЧУНИН ДАР ИН РӮЗ…
Соли 1965 дар фестивали фолклории шаҳри Нюпорти Род-Айленд Боб Дилан аввалин маротиба дар саҳна бо гитори барқӣ ҳунарнамоӣ кард.