Тавоноии умумии неругоҳҳои барқи обии «Норак», «Сарбанд» ва «Қайроққум» баъди таҷдид 374 МВт меафзояд,- бардошт аз нишасти матбуотӣ

Июль 12, 2021 16:35

ДУШАНБЕ, 12.07.2021 /АМИТ «Ховар»/.  Вазорати энергетика ва захираҳои оби Ҷумҳурии Тоҷикистон бо дастгирии Ҳукумати мамлакат дар баробари бунёди неругоҳҳои барқи обии нав ба масъалаи барқарор намудани  иқтидорҳои мавҷуда таваҷҷуҳи хосса зоҳир менамояд. Ҳоло таҷдиди неругоҳҳои барқи обии «Норак», «Сарбанд» ва «Қайроққум» идома дошта, баъди таҷдиди пурра тавоноии умумии ин се неругоҳ нисбат ба тавоноии воқеии имрўзаи онҳо ба андозаи 374 МВт. афзоиш хоҳад ёфт. Дар ин бора имрӯз зимни нишасти матбуотӣ Вазири энергетика ва захираҳои оби Ҷумҳурии Тоҷикистон Далер Ҷумъа ба намояндагони воситаҳои ахбори омма иттилоъ дод.

Ба зикри мавсуф, вазорат фаъолияташро дар самти тарҳрезӣ, идоракунӣ ва татбиқи лоиҳаҳои сармоягузорӣ дар соҳаҳои энергетика ва захираҳои об тақвият бахшидааст. Аз ҷумла, 12 лоиҳаи давлатии сармоягузории соҳаи электроэнергетика, аз қабили «Марҳилаи якуми таҷдиди Неругоҳи барқи обии Норак», «Таҷдиди НБО-и Сарбанд», «Таҷдиди НБО-и Қайроққум», «Лоиҳаи минтақавии хати интиқоли барқи CASA-1000», «Барномаи солимгардонии вазъи молиявии ширкати энергетикӣ», «Ҷорӣ намудани системаи ҳисоби яклухти интиқоли неруи барқ ва беҳдошти шабакаҳои интиқоли барқ», «Кам намудани талафоти неруи барқ дар вилояти Хатлон» (шаҳрҳои Кўлоб ва Бохтар), «Лоиҳаи рушди соҳаи энергетика» (Кам намудани талафоти неруи барқ дар шаҳрҳои Душанбе, Панҷакент, Истаравшан, Исфара, Конибодом, Бӯстон ва ноҳияи Данғара»), «Азнавпайвастшавӣ ба низоми энергетикии Осиёи Марказӣ», «Барномаи дастгирии ҷомеаҳо», «Электрофикатсияи деҳот» (қисмати вилояти Хатлон) ва «Сохтмони шабакаҳои барқӣ дар Ромит» дар марҳилаи татбиқ қарор доранд. Дар маҷмӯъ, дар доираи лоиҳаҳои зикршуда дар ҳаҷми 1,3 млрд. доллари ИМА маблағ ҷалб карда шудааст.

Илова бар ин, татбиқи 7 лоиҳаи дигар дар ҳудуди Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон, аз ҷумла лоиҳаҳои «Сохтмони Неругоҳи барқи обии Себзор», «Электрофикатсияи деҳот», «Бунёди хати интиқоли барқи 110 кВ Хоруғ-Шуғнон» – марҳилаи 1, «Бунёди хати интиқоли барқи 110 кВ Хоруғ-Шуғнон» – марҳилаи 2, «Марҳилаи ҳафтуми лоиҳаи Шуғнон ё худ ҷорӣ намудани низоми электронии пардохти ҳаққи неруи барқ», лоиҳаи «Бунёди хати интиқоли барқи 110 кВ барои пайвасткунии Дарвоз-Ванҷ ба шабакаҳои асосии ширкати Помир Энерҷӣ», Лоиҳаи  хусусии  энергетикии  Помир, марҳилаи 3  бо маблағи умумии 96,9  млн. доллари ИМА идома дорад.

Июль 12, 2021 16:35

Хабарҳои дигари ин бахш

ТАЪМИНИ БОЗОРИ ДОХИЛӢ БО МАҲСУЛОТИ ҶАНГАЛ. Дар Суғд дар 540 метри мураббаъ гармхона бунёд гардид
Тоҷикистон ва Узбекистон ҳамкориро дар соҳаи сайёҳӣ тақвият мебахшанд
Дар ноҳияи Кӯшониён корҳои безараргардонӣ дар мавзеъҳои хурӯҷи малах идома доранд
Кишоварзон соли 2026 дар 40 ҳазор гектар пунбадонаи зери плёнка кишт менамоянд
Байни Тоҷикистон ва Узбекистон нақшаи чорабиниҳо оид ба татбиқи Созишномаи ҳамкорӣ дар соҳаи технология ва инноватсия барои солҳои 2026-2028 ба имзо расид
«Барномаи нави рушди маъмурикунонии андоз барои солҳои 2026 – 2030» таҳия мегардад
Сарвазири Ҷумҳурии Тоҷикистон Қоҳир Расулзода дар Форуми «Digital Qazaqstan» иштирок намуд
Истифодаи оқилонаи технологияи зеҳни сунъӣ барои рушди ҷомеа ва ҳифзи манфиатҳои миллӣ аҳамияти муҳим дорад
Дар Тоҷикистон ҳаҷми гардиши савдои дохилӣ ба беш аз 77 миллиард сомонӣ баробар шуд
Соли 2025 гардиши мол байни Тоҷикистон ва Узбекистон тақрибан 30 фоиз афзоиш ёфт
Намоишгоҳи муштараки саноатии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Ҷумҳурии Узбекистон оғоз гардид
Дар Тоҷикистон ба масофаи беш аз 31 ҳазор метр соҳилҳо мустаҳкам карда мешаванд