ТИКА ба Радиои «ҒМ–Ховар» таҷҳизоти муосир тақдим мекунад
ДУШАНБЕ, 31.07.2021 /АМИТ «Ховар»/. Директори Агентии миллии иттилоотии Тоҷикистон «Ховар»-и назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Саидалӣ Сиддиқ ва Ҳамоҳангсози барномаҳои Агентии оид ба ҳамкорӣ ва рушди назди Сарвазири Ҷумҳурии Туркия (ТИКА) дар Душанбе Иброҳим Эрбир ҷиҳати таъмир ва азнавсозии студияи Радиои «ҒМ–Ховар» ва зерсохтори технологии он 28 июли соли равон қарордод ба имзо расониданд.
Тиқи санад, Радиои «ҒМ–Ховар» дорои студияи муосири пахши барномаҳои радиоӣ хоҳад гашт.
Ёдовар мешавем, ки ТИКА соли 1992 бо мақсади расонидани кумаки техникӣ ба кишварҳои рӯ ба тараққӣ ва рушди равобит бо онҳо дар соҳаи иқтисод, саноат, кишоварзӣ, савдо, амният, фарҳанг, маориф, тандурустӣ ва шуғли аҳолӣ таъсис ёфтааст.
Бояд тазаккур дод, ки аз замони соҳибистиқлол гардидани Тоҷикистон, ТИКА дар ин соҳаҳо дар ҷумҳурии мо беш аз 250 лоиҳаро ба маблағи даҳҳо миллион доллари ИМА татбиқ кардааст.
АКСҲО: АМИТ «Ховар»









ТОҚИДӮЗӢ — ҲУНАРИ ҚАДИМӢ. Равнақи он анъанаҳои миллиро ҳифз менамояд
Дар Тоҷикистон ҳунари муҷассамасозӣ ва ҳайкалтарошӣ рушд менамояд
Соли 2026 дар Тоҷикистон чор пойгоҳи бостоншиносӣ ба фаъолият оғоз менамояд
Маҷмааи «Қалъаи Хуҷанд» маркази муаррифии таъриху фарҳанги халқи тоҷик мебошад
Вазорати фарҳанги Тоҷикистон беш аз 78 ҳазор китоб ба табъ расонид
Байни Тоҷикистон ва Узбекистон нақшаи чорабиниҳо оид ба ҳамкорӣ дар соҳаи фарҳанг барои солҳои 2026-2027 ба имзо расид
«ФУРӮҒИ МАЪРИФАТ». Фестивали ҷумҳуриявии «Ҳафтаи китоби кӯдакону наврасони Тоҷикистон» доир мегардад
Даври дуюми Озмуни ҷумҳуриявии «Шоҳномахонӣ» моҳи апрел оғоз меёбад
Васфу ситоиши Ватан мавзуи аслӣ ва меҳварии тамоми осори Мирзо Турсунзода мебошад
Намояндагони соҳаи фарҳанги Тоҷикистон ва Узбекистон бо орденҳои «Дӯстӣ» ва «Дӯстлик» қадрдонӣ карда шуданд
Дар даври дуюми Бозиҳои Делфии Созмони ҳамкории Шанхай намояндагони Тоҷикистон соҳиби 6 медал гардиданд
Хабарнигорони Қирғизистон аз табиати дилфиреби ноҳияи Варзоб ва бозори «Меҳргон» боздид намуданд






