Тоҷикистон ва Қатар дарёфти роҳҳои нави ҳамкории тиҷоратию иқтисодӣ ва сармоягузориро баррасӣ намуданд

Июль 2, 2021 16:34

ДУШАНБЕ, 02.07.2021/АМИТ «Ховар»/. Дарёфти роҳҳои нави ҳамкории тиҷоратию иқтисодӣ ва сармоягузорӣ дар вохӯрии маҷозие,  ки бо иштироки роҳбарияти Кумитаи давлатии сармоягузорӣ ва идораи амволи давлатӣ бо Ассотсиатсияи мустақили ҷаҳонии Қатар (QIGA)  доир гардид, баррасӣ шуд. Дар вохӯрӣ Сафири Фавқулодда ва Мухтори Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Қатар, намояндагони вазорату идораҳои дахлдор, роҳбарияти Ассотсиатсияи «TUYAD», ширкати «Hedefkoc», инчунин беш аз 10 аъзоёни Ассотсиатсияи QIGA  иштирок намуданд.

Дар вохӯрӣ ба соҳибкорону сармоягузорони Қатар имкониятҳои сармоягузории Ҷумҳурии Тоҷикистон рӯнамоӣ  гардида, аз доираҳои соҳибкорону сармоягузорони қатарӣ барои иштирок дар лоиҳаҳои сармоягузории афзалиятноки ҷумҳурӣ даъват ба амал оварда шуд.

Кумитаи давлатии сармоягузорӣ ва идораи амволи давлатӣ иттилоъ медиҳад, ки дар вохӯрӣ миёни ҷонибҳо мубоҳисаи судманд  барои дарёфти роҳҳои нави ҳамкории тиҷоратию иқтисодӣ ва сармоягузорӣ сурат гирифт.

  Акс аз Кумитаи давлатии сармоягузорӣ ва идораи амволи давлатӣ

Июль 2, 2021 16:34

Хабарҳои дигари ин бахш

Тибқи Стратегияи рушди саноати нассоҷӣ дар Тоҷикистон беш аз 600 ҳазор ҷойи кор таъсис дода мешавад
Байни палатаҳои савдо ва саноати Тоҷикистону Қирғизистон Шурои корӣ таъсис дода мешавад
Тоҷикистон ва Қирғизистон дар соҳаи стандартизатсия ва метрология Созишнома ба имзо расониданд
Олимони соҳаи кишоварзии Тоҷикистон ва Қирғизистон ҳамкориро тақвият мебахшанд
Дар Нахустин Форуми байналмилалии нассоҷӣ байни ширкатҳои Тоҷикистон, Озарбойҷон ва Узбекистон созишномаҳои ҳамкорӣ ба имзо расиданд
Дар мавсими имсола IRS 100 километр роҳро таъмири ҷорӣ менамояд
Дар Душанбе Форуми иқтисодӣ ва сармоягузории Тоҷикистону Қирғизистон ҷараён дорад
Бонки Осиёии рушд барои дастгирии занони деҳот дар вилояти Хатлон лоиҳаҳо амалӣ менамояд
«Стратегияи ҷалби сармоя ба Ҷумҳурии Тоҷикистон барои давраи то соли 2040» қабул гардид
Дар Душанбе нахустин Форуми байналмилалии нассоҷӣ ва Намоишгоҳи таҷҳизот ва маҳсулоти нассоҷӣ оғоз гардид
Тоҷикистон ва Қирғизистон тасмим гирифтаанд, ки ҳаҷми савдоро то ба 500 миллион доллар расонанд
Пагоҳ дар Душанбе нахустин Форуми байналмилалии нассоҷӣ оғоз меёбад