«Тоҷикстандарт» имсол 274 005 кг маҳсулоти гуногуни ба талабот ҷавобгӯ набударо ба қайд гирифт
ДУШАНБЕ, 19.07.2021 /АМИТ «Ховар»/. Мутахассисони Агентии «Тоҷикстандарт» имсол дар натиҷаи гузаронидани назорати давлатӣ ба миқдори 274 005 кг маҳсулоти гуногуни ба талабот ҷавобгӯ набударо ба қайд гирифтаанд. Дар ин хусус 19 июл Директори Агентии «Тоҷикстандарт» Темурҷон Абдулваҳобзода зимни нишасти матбуотӣ дар Душанбе ба расонаҳои хабарӣ иттилоъ дод. Мавсуф афзуд, ки як қисми ин маҳсулот — 26 068 кг аз лиҳози бехатарӣ ва 247 937 кг аз рӯи тамғагузорӣ ба талабот ҷавобгӯ набуданд.
Гуфта шуд, ки дар ин давра дар озмоишгоҳҳои ташхисии маҳсулоти хӯроквории Агентии «Тоҷикстандарт» аз рӯи сифату бехатарӣ ва тамғагузорӣ қариб 122 ҳазор кг маҳсулоти гӯштӣ, 6022 кг равғани растанӣ, беш аз 4 ҳазор литр нӯшокиҳои спиртӣ, 1555 литр нӯшокиҳои ғайриспиртӣ, зиёда аз 1500 кг маҳсулоти қаннодӣ, 20056 кг маҳсулоти нонӣ, зиёда аз 18 ҳазор кг маҳсулоти ширӣ, 40151 кг консерва, 80 кг иловагиҳои ғизоӣ, 5214 кг қанд, набот ва асал, 31016 кг намак, зиёда аз 36 ҳазор дона тухм ва дигар маҳсулот ғайристандартӣ дониста шуда, мутобиқи тартиби муқарраргардида, нисбат ба субъектҳои хоҷагидор тадбирҳои маъмурӣ андешида шуданд.
Темурҷон Абдулваҳобзода зикр намуд, ки дар ин давра бо истеҳсолкунандагон, фурӯшандагон ва соҳибкорони воридкунандаи молу маҳсулот оид ба риояи қоидаҳои савдо ва ҳимояи ҳуқуқи истемолкунандагон корҳои фаҳмондадиҳӣ тақвият дода шуданд, ки дар натиҷа аз ҷониби соҳибкорони масъулиятшинос ба Агентӣ барои нобудсозии 90290 кг маҳсулоти ғизоии муҳлати истеъмолиашон гузашта дархост ворид шуд.
Дар нишасти матбуотӣ зикр гардид, ки соли равон вобаста ба талаботи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи санҷиши фаъолияти субъектҳои хоҷагидор» бо мақсади таъмини риояи ҳуқуқҳои истеъмолкунандагон ва ҳимоияи бозори истеъмолӣ оид ба воридшавии маҳсулоти ғайристандартӣ аз ҷониби нозирон дар ҷумҳурӣ дар зиёда аз 4328 субъекти хоҷагидор санҷиш ва назорати қоидаҳои савдо гузаронида шуд. Аз инҳо 4181 адад санҷишҳои нақшавӣ ва 147 санҷиш ғайринақшавӣ мебошанд.
Ҳамзамон дар ин давра аз ҷониби нозирони савдои мақомоти «Тоҷикстандарт» бо роҳбарони бозорҳои шаҳри Душанбе, аз ҷумла соҳибкорони бозори «Фаровон», «Меҳргон», «Саховат», «Сафариён», «Деҳқон», «Султони Кабир» ва бозору марказҳои савдои ноҳиявию вилоятӣ оид ба риояи қоидаҳои савдо, хизматрасонӣ ва ҳолатҳои риоя накардани қонунгузории ҳимояи ҳуқуқи истеъмолкунандагон вохӯриҳо гузаронида шуда, маъмурияти бозорҳо, марказҳои савдо, соҳикборони инфиродӣ ва нуқтаҳои хизматрасон вазифадор гардиданд, ки фурӯшандагон ва ҳайати хизматрасонро бо либоси ягонаи махсуси корӣ ва нишони сарисинагӣ таъмин намоянд.








Бунёди зеристгоҳи нави барқии 220 кВ дар шаҳри Душанбе ва таҷдиду навсозии НБО «Варзоб-2» баррасӣ гардид
Дастовардҳои миллии Тоҷикистон дар Намоишгоҳи кишварҳои ИДМ муаррифӣ гардиданд
Дар Душанбе Форуми сеюми соҳибкории кишварҳои Осиёи Марказӣ ва Амрико доир мегардад
ИМРӮЗ-РӮЗИ ҶАҲОНИИ ПОЧТА. «Почтаи Тоҷикистон» то соли 2030 ба маркази миллии логистика ва хизматрасониҳои рақамӣ табдил меёбад
Дар Тоҷикистон беш аз 300 тонна пилла истеҳсол гардидааст
Дар Душанбе масъалаи рушди технологияҳои рақамӣ ва ҳифзи кӯдакон дар муҳити рақамӣ баррасӣ гардид
Корхонаи коркарди пахтаи ноҳияи Фархор баъд аз таъмир ба истифода дода шуд
РӮЗИ ҶАҲОНИИ ПАХТА. Як килограмм нахи пахта дар бозори ҷаҳонӣ ба 16 килограмм гандум баробар аст
«БАРНОМАИ РУШДИ САЙЁҲИИ ДОХИЛӢ». Дар Тоҷикистон беш аз 400 захираи сайёҳӣ, 1000 дара, 1000 кӯл ва мавзеъҳои дигари ҷолиб мавҷуд аст
Дурнамои рушди соҳаи сохтмони Тоҷикистон дар форуми байналмилалӣ дар Екатеринбург муаррифӣ гардид
Лоиҳаи «Дастрасӣ ба бозорҳо ва мутобиқшавӣ барои чорводорӣ» татбиқ мегардад
Дар Конфронси C5+1 SI дастовардҳои Тоҷикистон дар самти рушди зеҳни сунъӣ муаррифӣ шуданд






