«Тоҷикстандарт» имсол 274 005 кг маҳсулоти гуногуни ба талабот ҷавобгӯ набударо ба қайд гирифт

Июль 19, 2021 11:20

ДУШАНБЕ, 19.07.2021 /АМИТ «Ховар»/. Мутахассисони Агентии «Тоҷикстандарт» имсол дар натиҷаи гузаронидани  назорати давлатӣ  ба миқдори   274 005 кг маҳсулоти гуногуни ба талабот  ҷавобгӯ набударо ба қайд гирифтаанд. Дар ин хусус 19 июл Директори Агентии «Тоҷикстандарт» Темурҷон Абдулваҳобзода  зимни нишасти матбуотӣ  дар Душанбе  ба расонаҳои хабарӣ иттилоъ дод. Мавсуф афзуд, ки як қисми ин маҳсулот — 26 068 кг  аз лиҳози бехатарӣ  ва 247 937 кг аз рӯи тамғагузорӣ ба  талабот ҷавобгӯ набуданд.

Гуфта шуд, ки  дар ин давра дар озмоишгоҳҳои  ташхисии маҳсулоти   хӯроквории  Агентии «Тоҷикстандарт»  аз рӯи сифату бехатарӣ ва тамғагузорӣ  қариб 122  ҳазор кг маҳсулоти гӯштӣ, 6022 кг равғани  растанӣ,  беш аз 4 ҳазор литр  нӯшокиҳои  спиртӣ, 1555 литр нӯшокиҳои ғайриспиртӣ, зиёда аз 1500 кг  маҳсулоти қаннодӣ,   20056 кг маҳсулоти нонӣ, зиёда аз 18 ҳазор кг  маҳсулоти ширӣ,  40151 кг консерва, 80 кг  иловагиҳои ғизоӣ,  5214 кг қанд, набот ва асал,  31016 кг намак,  зиёда аз 36 ҳазор дона тухм ва дигар маҳсулот ғайристандартӣ дониста шуда, мутобиқи тартиби  муқарраргардида, нисбат ба субъектҳои  хоҷагидор  тадбирҳои маъмурӣ  андешида шуданд.

Темурҷон Абдулваҳобзода  зикр намуд, ки дар ин давра бо  истеҳсолкунандагон, фурӯшандагон ва соҳибкорони воридкунандаи  молу маҳсулот  оид ба  риояи қоидаҳои савдо  ва ҳимояи ҳуқуқи истемолкунандагон  корҳои фаҳмондадиҳӣ тақвият дода шуданд, ки дар натиҷа аз ҷониби соҳибкорони масъулиятшинос  ба Агентӣ барои  нобудсозии 90290 кг маҳсулоти  ғизоии муҳлати истеъмолиашон  гузашта дархост  ворид шуд.

Дар нишасти матбуотӣ зикр гардид, ки  соли равон вобаста ба талаботи  Қонуни  Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи  санҷиши фаъолияти субъектҳои хоҷагидор» бо мақсади таъмини риояи  ҳуқуқҳои истеъмолкунандагон  ва ҳимоияи бозори истеъмолӣ  оид ба воридшавии  маҳсулоти ғайристандартӣ  аз ҷониби нозирон  дар ҷумҳурӣ дар зиёда аз 4328 субъекти хоҷагидор  санҷиш ва назорати  қоидаҳои савдо  гузаронида шуд.  Аз инҳо 4181 адад санҷишҳои    нақшавӣ ва 147 санҷиш ғайринақшавӣ мебошанд.

Ҳамзамон дар ин давра аз ҷониби нозирони савдои мақомоти «Тоҷикстандарт» бо роҳбарони бозорҳои  шаҳри Душанбе, аз ҷумла соҳибкорони бозори «Фаровон», «Меҳргон», «Саховат», «Сафариён»,  «Деҳқон»,  «Султони Кабир»  ва бозору марказҳои  савдои  ноҳиявию вилоятӣ  оид ба риояи  қоидаҳои савдо, хизматрасонӣ ва ҳолатҳои риоя накардани  қонунгузории ҳимояи ҳуқуқи  истеъмолкунандагон вохӯриҳо гузаронида шуда,  маъмурияти бозорҳо, марказҳои савдо, соҳикборони инфиродӣ  ва нуқтаҳои  хизматрасон вазифадор гардиданд, ки  фурӯшандагон ва ҳайати хизматрасонро бо  либоси ягонаи  махсуси корӣ  ва нишони сарисинагӣ  таъмин намоянд.

Июль 19, 2021 11:20

Хабарҳои дигари ин бахш

Дастовардҳои Тоҷикистон дар Форуми иқтисоди рақамии Созмони ҳамкории Шанхай-2025 муаррифӣ гардид
Дар ноҳияи Данғара корхонаи истеҳсоли маҳсулоти саноатӣ сохта мешавад
Имсол дар Бадахшон 45 корхонаву коргоҳҳои саноатӣ ба фаъолият оғоз намуд
Ҳайати Тоҷикистон дар ҷаласаи маҳдуди сатҳи вазирони иқтисоди СҲШ дар Чин иштирок намуд
Иттиҳоди Аврупо дар Тоҷикистон лоиҳаҳои соҳаи энергетикаро амалӣ менамояд
Дар Вазорати рушди иқтисод ва савдои Тоҷикистон татбиқи ташаббуси ҷаҳонии «Global Gateway» баррасӣ гардид
ДАРАИ АЛМОСӢ. Аз ҷониби ҷомеаи ҷаҳонӣ ҳамчун мавзеи беназири таърихии кишоварзӣ этироф гардид
Дараи Алмосии шаҳри Ҳисор расман ба феҳристи «Низоми мероси кишоварзии дорои аҳамияти ҷаҳонӣ» ворид карда шуд
Дар Бонки миллӣ бо ҳайати Дафтари Швейтсария оид ба ҳамкорӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон вохӯрӣ доир гардид
Дар Хатлон масъалаи таъсиси корхонаи саноатии батареяҳои офтобӣ баррасӣ гардид
Имсол аз Тоҷикистон беш аз 90 ҳазор тонна маҳсулоти кишоварзӣ содирот гардидааст
Гӯсфанди зоти ҳисорӣ ва ангури гулобии тоифӣ аз Тоҷикистон ба феҳристи «Низоми мероси кишоварзии дорои аҳамияти ҷаҳонӣ» ворид карда шуд