Вазорати меҳнат пешниҳоди баланд бардоштани синни баромадан ба нафақаро дастгирӣ накард. Чаро? Роҳбари ин ниҳод Ширин Амонзода шарҳ медиҳад

Июль 30, 2021 13:15

ДУШАНБЕ, 30.07.2021 /АМИТ «Ховар»/. Вазорати меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон  пешниҳоди  Агентии суғуртаи иҷтимоӣ ва нафақаи назди Ҳукумати Тоҷикистонро дар бораи баланд бардоштани синни нафақа дар кишвар дастгирӣ накард. Дар ин бора Вазири меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон Ширин Амонзода 28 июл зимни нишасти матбуотӣ оид ба натиҷаҳои шашмоҳаи  аввали  соли равон изҳори назар намуд.

  «Дар ин бора суҳбат кардан барвақт аст. Пеш аз ҳама, барои он ки ҳар гуна тасмимгирӣ бояд пас аз таҳлили дақиқи илмӣ гирифта шавад», — гуфт мавсуф. Ба андешаи вазир, мардум бояд барои барқарор кардани неруи ҷисмонӣ, истироҳат ва рушд вақт дошта бошанд.

Маълум аст, ки замони  боло бурдани синни нафақа кайҳо гузаштааст. Дар тамоми ҷаҳон, баръакс, он кам карда мешавад. Илова бар ин, корҳое, ки қувваи зиёди ҷисмонӣ ё вокуниши фаврӣ талаб мекунанд, бешубҳа, барои коргарони калонсол мувофиқ нестанд.

Қаблан, 21 июл директори Агентии суғуртаи иҷтимоӣ ва нафақаи назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Дилмурод Давлатзода гуфта буд, ки дар кишвар масъалаи тағйири синни нафақа баррасӣ мешавад. «Мо пешниҳод кардем, ки синни нафақа барои мардон то 65 ва барои занон то 60 боло бурда шавад», — гуфт ӯ.

Давлатзода иброз дошт, ки якчанд вазорату идораҳо, аз ҷумла Вазорати меҳнат ба чунин  пешниҳод   розӣ нашуданд.

«Ҳамин тавр синни нафақаи ҳозира боқӣ мемонад, аммо мо ин масъаларо минбаъд низ ба миён хоҳем гузошт»,-илова намуд сардори Агентии суғуртаи иҷтимоӣ ва нафақа.

Ёдовар мешавем, ки синни ҳозираи баромадан ба нафақа барои мардон 63 ва занон 58 сол аст. Дар кишвар сафи нафақахӯрон афзудааст — зиёда аз 22 ҳазор нафар. Шумораи нафақахӯрон дар Тоҷикистон беш аз 744 ҳазор нафарро ташкил медиҳад. Андозаи нафақаи миёна ба 318 сомонӣ баробар аст.

Бо супориши Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон аз 1 сентябри соли 2020 андозаи маош, нафақа ва стипендия 10-15% зиёд карда шуд. Нафақа барои маъюбони то 18-сола, инчунин барои гурӯҳҳои бекорон ва маъюбони ба парастор ниёзманд 50% зиёд карда шуд.

Ҳоло маоши ҳадди ақал дар Тоҷикистон 400 сомонӣ (41 доллар) ва музди миёнаи моҳонаи номиналӣ 1357 сомонӣ (140 доллар) -ро ташкил медиҳад.

 

АКС аз АМИТ «Ховар»

Июль 30, 2021 13:15

Хабарҳои дигари ин бахш

Ба муносибати 35-солагии муносибатҳои дипломатии Тоҷикистону Чин конфронси байналмилалӣ доир шуд
Дар Тоҷикистон рақамикунонии низоми нафақа тақвият меёбад
Дар Кӯлоб бахшида ба Рӯзи Президент конференсияи илмӣ-амалӣ баргузор шуд
Муовини Сарвазири Тоҷикистон ба ифтихори Рӯзи Президент дар Академияи идоракунии давлатӣ ҳафтаи ҷашниро ифтитоҳ намуд
ПРЕЗИДЕНТ — РАМЗИ ВАҲДАТ, СУБОТ ВА ДАВЛАТДОРИИ МИЛЛӢ. Дар ноҳияи Фирдавсӣ ҳамоиши сиёсиву фарҳангӣ баргузор шуд
Исломиддин Раҳмон: «Иҷлосияи тақдирсоз ва Рӯзи Президент саҳифаи тиллоӣ дар таърихи давлатдории тоҷикон мебошанд»
Cозишнома оид ба ҳамкории вазоратҳои адлияи давлатҳои иштирокдори ИДМ ба имзо расид
Таҳкими ҳамкории илмӣ-таҳқиқотӣ байни Тоҷикистон ва Швейтсария баррасӣ шуд
Иммунизатсия яке аз усулҳои муҳими ҳифзи саломатии кӯдакон мебошад
Дар Рашт бинои нави шуъбаи Хадамоти давлатии оташнишонӣ ба истифода дода шуд
Дар фурудгоҳҳои байналмилалии Тоҷикистон бо шаҳрвандон корҳои иттилоотию фаҳмондадиҳӣ гузаронида шуданд
Ҳамкории Тоҷикистон ва Қазоқистон дар соҳаи тандурустӣ густариш меёбад