Вазорати меҳнат пешниҳоди баланд бардоштани синни баромадан ба нафақаро дастгирӣ накард. Чаро? Роҳбари ин ниҳод Ширин Амонзода шарҳ медиҳад

Июль 30, 2021 13:15

ДУШАНБЕ, 30.07.2021 /АМИТ «Ховар»/. Вазорати меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон  пешниҳоди  Агентии суғуртаи иҷтимоӣ ва нафақаи назди Ҳукумати Тоҷикистонро дар бораи баланд бардоштани синни нафақа дар кишвар дастгирӣ накард. Дар ин бора Вазири меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон Ширин Амонзода 28 июл зимни нишасти матбуотӣ оид ба натиҷаҳои шашмоҳаи  аввали  соли равон изҳори назар намуд.

  «Дар ин бора суҳбат кардан барвақт аст. Пеш аз ҳама, барои он ки ҳар гуна тасмимгирӣ бояд пас аз таҳлили дақиқи илмӣ гирифта шавад», — гуфт мавсуф. Ба андешаи вазир, мардум бояд барои барқарор кардани неруи ҷисмонӣ, истироҳат ва рушд вақт дошта бошанд.

Маълум аст, ки замони  боло бурдани синни нафақа кайҳо гузаштааст. Дар тамоми ҷаҳон, баръакс, он кам карда мешавад. Илова бар ин, корҳое, ки қувваи зиёди ҷисмонӣ ё вокуниши фаврӣ талаб мекунанд, бешубҳа, барои коргарони калонсол мувофиқ нестанд.

Қаблан, 21 июл директори Агентии суғуртаи иҷтимоӣ ва нафақаи назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Дилмурод Давлатзода гуфта буд, ки дар кишвар масъалаи тағйири синни нафақа баррасӣ мешавад. «Мо пешниҳод кардем, ки синни нафақа барои мардон то 65 ва барои занон то 60 боло бурда шавад», — гуфт ӯ.

Давлатзода иброз дошт, ки якчанд вазорату идораҳо, аз ҷумла Вазорати меҳнат ба чунин  пешниҳод   розӣ нашуданд.

«Ҳамин тавр синни нафақаи ҳозира боқӣ мемонад, аммо мо ин масъаларо минбаъд низ ба миён хоҳем гузошт»,-илова намуд сардори Агентии суғуртаи иҷтимоӣ ва нафақа.

Ёдовар мешавем, ки синни ҳозираи баромадан ба нафақа барои мардон 63 ва занон 58 сол аст. Дар кишвар сафи нафақахӯрон афзудааст — зиёда аз 22 ҳазор нафар. Шумораи нафақахӯрон дар Тоҷикистон беш аз 744 ҳазор нафарро ташкил медиҳад. Андозаи нафақаи миёна ба 318 сомонӣ баробар аст.

Бо супориши Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон аз 1 сентябри соли 2020 андозаи маош, нафақа ва стипендия 10-15% зиёд карда шуд. Нафақа барои маъюбони то 18-сола, инчунин барои гурӯҳҳои бекорон ва маъюбони ба парастор ниёзманд 50% зиёд карда шуд.

Ҳоло маоши ҳадди ақал дар Тоҷикистон 400 сомонӣ (41 доллар) ва музди миёнаи моҳонаи номиналӣ 1357 сомонӣ (140 доллар) -ро ташкил медиҳад.

 

АКС аз АМИТ «Ховар»

Июль 30, 2021 13:15

Хабарҳои дигари ин бахш

Истиқлолияти давлатӣ дар вилояти Суғд ба рушди куллии соҳаҳои ҳаётан муҳим заминаи устувор гузошт
Аҳолии Тоҷикистон то охири соли 2026 ба 11 миллион нафар мерасад
Кормандони Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ва сохторҳои тобеи он бо мукофотҳои давлатӣ сарфароз гардиданд
35 СОЛИ СОЗАНДАГӢ. Истиқлолияти давлатӣ барои рушди иқтисодию иҷтимоии Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон имконоти нав фароҳам овард
Дар Агентии суғуртаи иҷтимоӣ ва нафақа бахшида ба 35-солагии Истиқлоли давлатӣ ҳамоиши бошукуҳ доир шуд
Дар ҷашни 35-солагии Истиқлолияти Тоҷикистон дар Ҳисор муовини Сарвазири мамлакат ва меҳмонон аз Узбекистон иштирок намуданд
Бунафша Файзиддинзода: «Дар солҳои соҳибистиқлолӣ зани тоҷик ба неруи фаъоли рушди ҷомеа табдил ёфт»
Ҳамкории ноҳияи Ёвони Тоҷикистон бо ноҳияи Уздаи Беларус тақвият меёбад
Дар Хатлон хизматчиёни давлатӣ ва кормандони соҳаҳои гуногун бо мукофотҳои давлатӣ сарфароз гардонида шуданд
Маҳкам Маҳмудзода: «Истиқлоли давлатӣ дастоварди волотарини давлати тоҷикон маҳсуб мешавад»
Дар вилояти Хатлон бо иштироки беш аз 50 ҳазор нафар роҳпаймоии идона доир шуд
Дар Бадахшон бахшида ба 35–солагии Истиқлоли давлатӣ гузашти низомӣ ва роҳпаймоии оммавӣ доир гардид