Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Тоҷикистон ба шаҳри Хоруғ 50 ҳазор вояи ваксинаи «Модерна» равон намуд
ХОРУҒ, 30.07.2021 /АМИТ «Ховар»/. Бо мусоидати Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон 50 ҳазор воя ваксинаи «Модерна»-и истеҳсоли Амрико ба шаҳри Хоруғ расид. Дар навбати аввал, табибону гирифторони бемориҳои ҳамрадиф, шахсони калонсол, инчунин кормандони соҳаи савдою тиҷорат бо ин воя таъмин мешаванд. Қишри осебпазири вилоят, ки аз 18-сола боло мебошад, номнавис шуда, мутобиқи ин арқом, барои пурра ба эмкунӣ ҷалб намудани аҳолӣ беш аз 300 ҳазор ваксина зарур мебошад.
Дар ин бора Раиси Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон Ёдгор Файзов дар ҷаласаи ситоди навбатии КОВИД-19 хабар дод.
Зимни ҷаласаи ситод Ёдгор Файзов оид ба масъалаи пешгирӣ аз сироятёбӣ ба ин беморӣ, таъмини муассисаҳои табобативу профилактикӣ бо дастгоҳи нафасдиҳии сунъӣ, вусъати корҳои фаҳмондадиҳӣ доир ба риояи талаботи беҳдоштӣ ва маҳдуд намудани чорабиниҳои оммавию фарҳангӣ ҳарф зад.
Раиси вилоят изҳор дошт, ки қаблан бо кумаку дастгирии Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон беш аз 5 ҳазор воя ваксинаи “Астрозеника” дастрас карда шуд. Дар марҳилаи аввал ашхоси аз 60- сола боло ва кормандони соҳаи тиб бо ин ваксина фаро гирифта шуданд.
Ба мақсади сари вақт таъмин намудани муассисаҳои табобатию профилактикӣ бо дастгоҳҳои нафасдиҳии сунъӣ, бахусус дар беморхонаҳои маркази вилоят ва ноҳияҳо сардорони Раёсати тандурустии вилоят ва Хадамоти Оғохон оид ба тандурустӣ дар вилоят муваззаф гардиданд, ки тадбирҳои фаврӣ ва муассир андешанд. Миқдори муайяни маблағ аз ҳисоби мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилоят низ ҷудо хоҳад шуд.
Пурзӯр намудани корҳои тарғиботиву ташвиқотӣ, риояи қоидаҳои беҳдоштӣ дар бозору хатсайрҳои мусофиркашонӣ, тарабхонаву қаҳвахонаҳо, истифодаи ҳатмии ниқобҳои муҳофизатӣ дар ҷойҳои серодам ва риояи фосилаи иҷтимоӣ аз омилҳои дигари пешгирӣ аз бемории ҳамагири КОВИД-19 мебошанд.
АКСҲО аз АМИТ «Ховар»








ПАРЧАМИ НАНГУ НОМИ МО. Аз барафрохтани Парчами давлатии Тоҷикистон дар шаҳри Душанбе 14 сол сипарӣ гардид
Пешвои миллат: «Таҳти ин парчами муқаддас 35-солагии истиқлоли давлатиро бо дастовардҳои назаррас истиқбол намоем»
Аввалин Парчами давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ёдгории нодир аст. Эҳдо ба Рӯзи Парчами давлатӣ
Президенти Тоҷикистон: «Дар зери Парчами давлатиямон боз ҳам бештар муттаҳид бошем!»
Нақши Президенти Тоҷикистон дар бунёди низоми муосири идоракунии давлатӣ назаррас аст
САҲМИ ПРЕЗИДЕНТИ ТОҶИКИСТОН ДАР ТАКМИЛИ ФОНДИ ОСОРХОНАИ МИЛЛӢ БУЗУРГ АСТ. Эҳдо ба Рӯзи Президент
Директори Агентии «Тоҷикстандарт»: Садоқат ба Президент, садоқат ба Ватан аст!
ПЕШВОИ РАЪИЯТПАРВАРИ МИЛЛАТ. Эҳдо ба Рӯзи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон
ПАДИДАИ ПЕШВО ДАР ТОҶИКИСТОН-АКСИ САДОИ ТАЪРИХ БА НИЁЗҲОИ СИЁСИИ МИЛЛАТИ ТОҶИК. Ба Рӯзи Президенти Тоҷикистон бахшида мешавад
Эмомалӣ Раҳмон -таҳкимбахши Истиқлолияти давлатӣ ва Пешвои ваҳдатофар
Дар Осорхонаи миллӣ ба ифтихори Рӯзи Президент Рӯзи дарҳои кушод гузаронида мешавад
ҲАР РӮЗИ ФАЪОЛИЯТИ ЭМОМАЛӢ РАҲМОН ТАЪРИХСОЗИСТ. Андешаҳои академик Фарҳод Раҳимӣ бахшида ба Рӯзи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон






