Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Тоҷикистон ба шаҳри Хоруғ 50 ҳазор вояи ваксинаи «Модерна» равон намуд

Июль 30, 2021 08:28

ХОРУҒ, 30.07.2021 /АМИТ «Ховар»/. Бо мусоидати Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон  50 ҳазор воя ваксинаи «Модерна»-и истеҳсоли Амрико  ба шаҳри Хоруғ расид. Дар навбати аввал,  табибону  гирифторони бемориҳои ҳамрадиф, шахсони калонсол, инчунин кормандони  соҳаи савдою тиҷорат  бо ин воя таъмин мешаванд.  Қишри осебпазири вилоят, ки аз 18-сола боло мебошад,  номнавис шуда, мутобиқи ин арқом, барои пурра ба эмкунӣ ҷалб намудани аҳолӣ  беш аз 300 ҳазор ваксина зарур мебошад.

Дар ин бора Раиси Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон Ёдгор Файзов дар ҷаласаи ситоди навбатии КОВИД-19 хабар дод.

Зимни ҷаласаи ситод Ёдгор Файзов оид ба масъалаи пешгирӣ аз  сироятёбӣ ба ин беморӣ, таъмини муассисаҳои табобативу профилактикӣ бо дастгоҳи нафасдиҳии сунъӣ, вусъати корҳои фаҳмондадиҳӣ доир ба риояи талаботи беҳдоштӣ ва маҳдуд намудани чорабиниҳои оммавию фарҳангӣ ҳарф зад.

Раиси вилоят изҳор дошт, ки қаблан бо кумаку дастгирии Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон беш аз 5 ҳазор воя ваксинаи “Астрозеника” дастрас  карда шуд. Дар марҳилаи аввал ашхоси аз 60- сола боло ва кормандони соҳаи тиб бо ин  ваксина фаро гирифта шуданд.

Ба мақсади сари вақт таъмин намудани муассисаҳои табобатию профилактикӣ  бо дастгоҳҳои нафасдиҳии сунъӣ, бахусус дар беморхонаҳои маркази вилоят ва ноҳияҳо  сардорони Раёсати тандурустии вилоят ва Хадамоти Оғохон оид ба тандурустӣ дар вилоят  муваззаф гардиданд, ки тадбирҳои фаврӣ ва муассир андешанд. Миқдори муайяни маблағ  аз ҳисоби мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилоят низ  ҷудо хоҳад шуд.

Пурзӯр намудани корҳои тарғиботиву ташвиқотӣ, риояи қоидаҳои беҳдоштӣ дар бозору хатсайрҳои мусофиркашонӣ, тарабхонаву қаҳвахонаҳо,  истифодаи ҳатмии ниқобҳои муҳофизатӣ дар ҷойҳои серодам ва риояи фосилаи иҷтимоӣ аз омилҳои дигари пешгирӣ аз бемории ҳамагири КОВИД-19  мебошанд.

 

АКСҲО аз АМИТ «Ховар»

 

Июль 30, 2021 08:28

Хабарҳои дигари ин бахш

ИСТИҚЛОЛИЯТ — РАМЗИ САОДАТ ВА АСОЛАТИ МИЛЛАТ. Тавсифҳои истиқлолият аз суханҳои пурарзиши Президенти Тоҷикистон
НУРИ ХУРШЕДИ ИСТИҚЛОЛ ТО АБАД РАВШАНГАРИ ҲАЁТИ ҶОМЕАИ МО БОД! Тавсифҳои истиқлолият аз суханҳои пурарзиши Президенти Тоҷикистон
ИСТИҚЛОЛУ ОЗОДӢ — РАМЗИ ВОҚЕИИ ИФТИХОР АЗ ВАТАНУ ВАТАНДӮСТӢ. Тавсифҳои истиқлолият аз суханҳои пурарзиши Президенти Тоҷикистон
ИСТИҚЛОЛИЯТ — МАРҲАЛАИ СИФАТАН НАВИ РУШДИ ТОҶИКИСТОН. Тавсифҳои истиқлолият аз суханҳои пурарзиши Президенти Тоҷикистон
ИСТИҚЛОЛИЯТ — РАМЗИ БАРҶАСТАИ ПОЙДОРИИ ДАВЛАТ. Андешаҳои Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон доир ба Истиқлолияти давлатӣ
ҶОИЗАИ БАЙНАЛМИЛАЛИИ ПРЕЗИДЕНТИ ТОҶИКИСТОН ДАР СОҲАИ ОБ–ВАСИЛАИ ТАҲКИМИ ДИПЛОМАТИЯИ ОБ ДАР ҶАҲОН. Андешаҳо дар ин маврид
ТИРГОН ШЕБУ ФАРОЗИ САДСОЛАҲОРО ГУЗАШТА, ТО БА РӮЗГОРИ МО РАСИДААСТ. Иқтибосҳо аз суханрониҳои Президенти Тоҷикистон ба муносибати ин ҷашн
Соли 2027 дар Тоҷикистон Конфронси байналмилалӣ доир ба Даҳсолаи байналмилалӣ оид ба таҳкими сулҳ барои наслҳои оянда баргузор мешавад
Фиристодаи махсуси СММ: «Давлатҳо бояд сиёсатҳо ва амалҳоро тағйир дода, сармоягузорӣ ва татбиқи лоиҳаҳоро дар соҳаи идораи захираҳои обӣ ба роҳ монанд»
Ҷоизаи байналмилалии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар соҳаи об таъсис дода шуд
Сарвазири Бурунди: «Тоҷикистон ба маркази муколамаи глобалӣ оид ба масъалаҳои об табдил ёфтааст»
Пешвои миллат: ««Чаҳорчӯби Душанбе барои об» муҳаррики пешбурди Рӯзномаи ҷаҳонии об пас аз соли 2030 хоҳад шуд»