Маркази миллии тестӣ: Имрӯз даври асосии имтиҳонҳои марказонидаи дохилшавӣ барои дохилшавандагони соли таҳсили 2021 ҷамъбаст гардид
ДУШАНБЕ, 07.07.2021 /АМИТ «Ховар»/. Имрӯз Маркази миллии тестии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон даври асосии имтиҳонҳои марказонидаи дохилшавӣ ба муассисаҳои таълимии таҳсилоти миёна ва олии касбӣ – қисмҳои А (имтиҳон дар заминаи таҳсилоти умумӣ) ва Б (имтиҳон дар заминаи таҳсилоти умумии асосӣ)-ро ҷамъбаст намуд, ки дар он 103 ҳазору 429 нафар номнавис гардида буданд. Эълони натиҷаҳои имтиҳонҳои (хол ва балҳои бадастовардаи ҳар яке аз довталабон ва ба озмуни тақсимот роҳ ёфтан ё наёфтани онҳо) соли равон 20 июл ба нақша гирифта шудааст. 12 июл соли равон дар Маркази миллии тестии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон даври иловагии ИМД доир мегардад.
Тавре котиби маркази матбуоти Маркази миллии тестии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Замира Абдусаломзода ба хабарнигори АМИТ «Ховар» иброз дошт, дар 47 муассисаи таълимии таҳсилоти миёнаи умумии 18 шаҳру ноҳияи ҷумҳурӣ (Исмоили Сомонӣ, Сино, Фирдавсӣ, Шоҳмансур, Рашт, Хуҷанд, Истаравшан, Конибодом, Панҷакент, Бобоҷон Ғафуров, Бохтар, Кӯлоб, Восеъ, Данғара, Кӯшониён, Ҷалолиддини Балхӣ, Шаҳритус ва Хоруғ) марказҳои имтиҳонӣ фаъолият намуданд. Барои гузаронидани раванди имтиҳонҳо 1937 нафар корманди муваққатӣ дар асоси шартномаи меҳнатӣ, барои ташкил ва идораи имтиҳонҳо фаъолият доштанд. Инчунин, барои назорат ва ёрии амалӣ расонидан дар омода кардани марказҳои имтиҳонӣ, назорати раванди имтиҳон дар марказҳои имтиҳонӣ ва мониторинги он, барои қабули қарори дахлдор дар сурати рух додани мушкилот 112 нафар аз кормандони асосӣ ва муваққатии Марказ ҳамчун намояндаи ваколатдори Марказ ба марказҳои имтиҳонӣ иштирок доштанд.
Дар қисми А аз чор субтест иборат буд, ки барои гурӯҳи ихтисосҳои зикршуда фанҳои забони тоҷикӣ, математика, химия ва физикаро дар бар гирифт. Барои қисми А 220 дақиқа муқаррар шуда буд. Инчунин дар ҳар як синфхонаи имтиҳонӣ барои 15 нафар довталаб ҷой муқарар гардида буд.
Ба гуфти ҳамсуҳбати мо соли равон, чун соли гузашта, раванди имтиҳонҳо аз ҳамаи марказҳои имтиҳонӣ тавассути камераҳои назоратӣ дар ҳолати бархат (онлайн) дар Марказ пахш гардид.
АКС аз бойгонӣ








Иштирокдорони Форуми ҷавонони СҲШ аз Осорхонаи миллии Тоҷикистон дидан намуданд
Оид ба ҳифзи мероси таърихию фарҳангии тоҷикон конфронси байналмилалӣ доир шуд
«ДОНАНДАИ БЕҲТАРИНИ АСАРҲОИ ПЕШВОИ МИЛЛАТ». Ғолибони озмуни ҷумҳуриявӣ қадрдонӣ гардиданд
«ТОҶИ СОМОН». Дар доираи синамоҷоизаи миллӣ рӯзҳои кинои Эрон, Русия, Узбекистон ва Қирғизистон баргузор мегардад
«БАРНОМАИ РУШДИ КИТОБХОНАҲОИ ДЕҲОТ». Он фаъолияти китобхонаҳоро ба талаботи замони муосир мутобиқ менамояд
Дар ноҳияи Рӯдакӣ доир ба баланд бардоштани сатҳи огоҳии ҷавонон оид ба хатари терроризм ҳамоиш баргузор шуд
Бинои нави маъмурии Муассисаи давлатии «Мамнуъгоҳи таърихию фарҳангии Ҳисор» ба истифода дода шуд
Дар Душанбе бахшида ба Рӯзи фалак ҳамоиш доир гардид
Имрӯз дар Тоҷикистон Рӯзи фалак таҷлил мегардад
Тоҷикистон дар Бозиҳои 20-уми Делфии ҷавонони кишварҳои аъзои ИДМ соҳиби ҷойи аввал гардид
Тоҷикистон ва Британияи Кабир ҳамкориро дар самти омӯзиши забони англисӣ густариш медиҳанд
Тоҷикистон ва Британияи Кабир ҳамкориро дар самти омӯзиш ва ҳифзи ёдгориҳои таърихию фарҳангӣ тақвият медиҳанд






