Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон бинои шуъбаи Кумитаи давлатии амнияти миллии Ҷумҳурии Тоҷикистонро дар ноҳияи Исмоили Сомонии шаҳри Душанбе ба истифода супориданд
ДУШАНБЕ, 20.08.2021 /АМИТ «Ховар»/. 20 августи соли 2021 Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо Раиси Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Раиси шаҳри Душанбе муҳтарам Рустами Эмомалӣ бинои шуъбаи Кумитаи давлатии амнияти миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ноҳияи Исмоили Сомонии шаҳри Душанберо ба истифода супориданд.
Бояд гуфт, ки пас аз соҳибистиқлол гардидани Ҷумҳурии Тоҷикистон дар заминаи дастгирӣ ва таваҷҷуҳи рӯзафзуни Роҳбарияти давлат ва Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон барои кормандони мақомоти ҳифзи ҳуқуқ шароити арзандаи фаъолият ва зиндагӣ фароҳам оварда шуда, дар ин самт пайваста тадбирҳои мушаххас андешида мешаванд.
Мавриди баҳрабардорӣ қарор гирифтани бинои шуъбаи Кумитаи давлатии амнияти миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ноҳияи Исмоили Сомонии шаҳри Душанбе ва он ҳам бо иштироки бевоситаи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон масъулияти кормандони соҳаро дар иҷрои вазифаҳои хизмати давлатӣ афзун намуда, ба беҳдошти сатҳи зиндагонии онҳо низ мусоидат менамояд.
Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон зимни ифтитоҳи иншоот ва мулоқот бо кормандони Кумитаи давлатии амнияти миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон онҳоро ба хизмати софдилонаю содиқона бар нафъи халқу Ватан ва саҳмгузорӣ намудан дар пойдории сулҳу субот, Истиқлоли давлатӣ ва арзишҳои миллӣ роҳнамун сохтанд.









ОБОД СОХТАНИ ВАТАН ИБОДАТ АСТ! Соҳибкорони ҳимматбаланди ватанӣ Мактаби президентии ноҳияи Темурмаликро сохтанд
СОЛИ ВУСЪАТ ДОДАНИ КОРҲОИ ОБОДОНИВУ СОЗАНДАГӢ. Дар Панҷакент 200 иншооти ҷашнии иловагӣ сохта мешавад
Дар ноҳияи Тоҷикобод Боғи интенсивии «35-солагии Истиқлолият» таъсис дода мешавад
«ДАВЛАТМАРД». Бахшида ба 35-солагии Истиқлоли давлатӣ китоби Далер Абдулло ба нашр расид
ОБОД СОХТАНИ ВАТАН ИБОДАТ АСТ! Соҳибкори саховатпеша 30 ҳазор нафар аҳолии Темурмаликро бо оби нӯшокӣ таъмин намуд
Дар ноҳияи Бобоҷон Ғафуров соҳаи саноат рушд меёбад
Дар маҳаллаи Сангин Ниёзови ноҳияи Мастчоҳ Маркази хайриявии таълимию касбомӯзии «Тоҷикона» ба истифода дода шуд
СОЛИ ОБОДОНИЮ СОЗАНДАГӢ. Дар шаҳри Хоруғ беш аз 5 ҳазор гул шинонида шуд
СОЛИ ВУСЪАТ ДОДАНИ КОРҲОИ ОБОДОНИВУ СОЗАНДАГӢ. Дар Мастчоҳ якчанд иншооти иҷтимоӣ ба истифода дода шуд
СОЛИ ОБОДОНИЮ СОЗАНДАГӢ. Дар деҳаи Оламафрӯзи Ҷамоати Лолазори ноҳияи Данғара пули мошингузар ба истифода дода шуд
Дар ноҳияи Ёвон бинои нави Суди ноҳия ба истифода дода шуд
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон бо рафти корҳои сохтмонӣ дар бинои Театри миллӣ шинос шуданд






