ҶАБҲАИ БУЗУРГИ СОЗАНДАГӢ ДАР ШАҲРУ ДЕҲОТИ ТОҶИКИСТОН. Дар ҳафт моҳи соли равон дар Хатлон 1798 адад бинову иншоот ба истифода дода шуданд
ДУШАНБЕ, 29.08.2021 /АМИТ «Ховар»/. Бахшида ба ҷашни 30-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ҳафт моҳи соли равон дар вилояти Хатлон 1798 адад бинову иншооти истеҳсолию ғайриистеҳсолӣ ба маблағи 411 млн 651 ҳазор сомонӣ ба истифода дода шудаанд, иттилоъ доданд аз шуъбаи иттилоотию таҳлилии дастгоҳи раиси вилояти Хатлон ба АМИТ «Ховар».
Аз иншооти зикргардида 25 мактаб бо 224 синфхона барои 7149 ҷои нишаст, 1 адад муассисаи томактабӣ, 73 иншоот дар соҳаи тандурустӣ, 3 иншооти фарҳангӣ, 62 иншооти варзишию сайёҳӣ, 18 адад корхонаҳои саноатӣ, 3 адад сардхона, 3 адад фермаи парандапарварӣ, 2 фермаи чорводорӣ, 7 адад гармхона, 1366 адад манзили истиқоматӣ ва 1259 адад дигар иншоот мебошанд.
Дар шаҳру ноҳияҳои вилояти Хатлон то 1 август дар 7680 адад бинову иншоот корҳои сохтмонӣ ба анҷом расонида шуда, ба истифода дода шуданд.
АКСҲО аз шуъбаи иттилоотию таҳлилии дастгоҳи Раиси вилояти Хатлон










ОБОД СОХТАНИ ВАТАН ИБОДАТ АСТ! Соҳибкорони ҳимматбаланди ватанӣ Мактаби президентии ноҳияи Темурмаликро сохтанд
СОЛИ ВУСЪАТ ДОДАНИ КОРҲОИ ОБОДОНИВУ СОЗАНДАГӢ. Дар Панҷакент 200 иншооти ҷашнии иловагӣ сохта мешавад
Дар ноҳияи Тоҷикобод Боғи интенсивии «35-солагии Истиқлолият» таъсис дода мешавад
«ДАВЛАТМАРД». Бахшида ба 35-солагии Истиқлоли давлатӣ китоби Далер Абдулло ба нашр расид
ОБОД СОХТАНИ ВАТАН ИБОДАТ АСТ! Соҳибкори саховатпеша 30 ҳазор нафар аҳолии Темурмаликро бо оби нӯшокӣ таъмин намуд
Дар ноҳияи Бобоҷон Ғафуров соҳаи саноат рушд меёбад
Дар маҳаллаи Сангин Ниёзови ноҳияи Мастчоҳ Маркази хайриявии таълимию касбомӯзии «Тоҷикона» ба истифода дода шуд
СОЛИ ОБОДОНИЮ СОЗАНДАГӢ. Дар шаҳри Хоруғ беш аз 5 ҳазор гул шинонида шуд
СОЛИ ВУСЪАТ ДОДАНИ КОРҲОИ ОБОДОНИВУ СОЗАНДАГӢ. Дар Мастчоҳ якчанд иншооти иҷтимоӣ ба истифода дода шуд
СОЛИ ОБОДОНИЮ СОЗАНДАГӢ. Дар деҳаи Оламафрӯзи Ҷамоати Лолазори ноҳияи Данғара пули мошингузар ба истифода дода шуд
Дар ноҳияи Ёвон бинои нави Суди ноҳия ба истифода дода шуд
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон бо рафти корҳои сохтмонӣ дар бинои Театри миллӣ шинос шуданд






