ҶАБҲАИ БУЗУРГИ СОЗАНДАГӢ ДАР ШАҲРУ ДЕҲОТИ ТОҶИКИСТОН. Дар Ҷамоати деҳоти Ворух мумфаршкунии роҳи маҳаллаи Дӯстӣ оғоз ёфт

Август 12, 2021 09:46

ДУШАНБЕ, 12.08.2021 /АМИТ «Ховар»/. Дар арафаи ҷашни бузурги миллӣ — 30-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Ҷамоати  деҳоти Ворухи шаҳри Исфара мумфаршкунии роҳи  маҳаллаи Дӯстӣ оғоз ёфт. Дар ин бора АМИТ «Ховар» бо истинод ба Хадамоти матбуоти Раиси вилояти Суғд хабар медиҳад.  

Роҳи мазкур ба масофаи 2 км ва паҳнои 6 метр бо ташаббуси сокинони маҳалла мумфарш  мегардад.

Тавре раиси Ҷамоати деҳоти Ворух Меҳринисо Раҳматова мегӯяд: «то ба имрӯз сокинони ҷамоати Ворух 14 километр роҳҳоро таъмиру мумфарш  намудаанд ва кор дар самти ободонии роҳҳо ва бунёду азнавсозии пулҳо бо иқдоми аҳолӣ беш аз пеш тақвият меёбад».

Бино ба гуфтаи номбурда, корҳои ободонию бунёдкорӣ ба ифтихори ҷашни 30-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ҳар як маҳалли аҳолинишин, шаҳраку деҳот ва корхонаву муассисаҳои шаҳри Исфара беш аз пеш вусъат меёбад.

 

АКС: Хадамоти матбуоти вилояти Суғд

Август 12, 2021 09:46

Хабарҳои дигари ин бахш

Маҷлиси Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон баргузор шуд
Тоҷикистон ва Узбекистон ҳамкориро дар соҳаи сайёҳӣ тақвият мебахшанд
Дар ноҳияи Кӯшониён корҳои безараргардонӣ дар мавзеъҳои хурӯҷи малах идома доранд
Кишоварзон соли 2026 дар 40 ҳазор гектар пунбадонаи зери плёнка кишт менамоянд
Байни Тоҷикистон ва Узбекистон нақшаи чорабиниҳо оид ба татбиқи Созишномаи ҳамкорӣ дар соҳаи технология ва инноватсия барои солҳои 2026-2028 ба имзо расид
«Барномаи нави рушди маъмурикунонии андоз барои солҳои 2026 – 2030» таҳия мегардад
Сарвазири Ҷумҳурии Тоҷикистон Қоҳир Расулзода дар Форуми «Digital Qazaqstan» иштирок намуд
Истифодаи оқилонаи технологияи зеҳни сунъӣ барои рушди ҷомеа ва ҳифзи манфиатҳои миллӣ аҳамияти муҳим дорад
Дар Тоҷикистон ҳаҷми гардиши савдои дохилӣ ба беш аз 77 миллиард сомонӣ баробар шуд
Соли 2025 гардиши мол байни Тоҷикистон ва Узбекистон тақрибан 30 фоиз афзоиш ёфт
35-СОЛАГИИ ИСТИҚЛОЛИ ДАВЛАТӢ. Бо бунёди иншооти муосир симои шаҳри Ваҳдат ба куллӣ дигаргун гардидааст
Намоишгоҳи муштараки саноатии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Ҷумҳурии Узбекистон оғоз гардид