ҶАБҲАИ БУЗУРГИ СОЗАНДАГӢ ДАР ШАҲРУ ДЕҲОТИ ТОҶИКИСТОН. Дар шаҳри Турсунзода то ҷашни 30-солагии Истиқлоли давлатӣ 30 километр роҳҳо таъмири пурра мешаванд
ТУРСУНЗОДА, 07.08.2021 /АМИТ «Ховар»/. Ба шарафи ҷашни 30-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар шаҳри Турсунзода дар ҳамкорӣ бо соҳибкорон, фаъолон ва аҳолӣ бунёди 382 иншооти мухталиф ба нақша гирифта шудааст, ки то имрӯз 322 адади он мавриди баҳрабардорӣ қарор гирифтаанд. Дар иншооти боқимонда корҳои сохтмонӣ муташаккилона идома доранд. Ҳамчунин дар баробари бунёди иншоот то рӯзи ин ҷашни фархунда 30 километр роҳҳои шаҳр аз таъмири пурра бароварда мешаванд.
Котиби матбуоти раиси шаҳри Турсунзода Фирӯз Холиқов ба хабарнигори минтақавии АМИТ «Ховар» иброз дошт, ки “имрӯзҳо дар иншооти ҷашнӣ корҳои сохтмонӣ идома доранд. Дар арафаи ҷашни таърихии 30-солагии Истиқлоли давлатӣ бо ташаббуси соҳибкорону шахсони саховатпеша ва саҳми аҳолию дастгирии Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Турсунзода иншооти гуногун ба истифода дода мешаванд. Аз ҷумла, муассисаи томактабӣ дар деҳаи Аскаралӣ Мирзоеви Ҷамоати деҳоти Ҷӯра Раҳмонов аз ҷониби хоҷагидор Мақсуд Мамадҷонов, муассисаи томактабӣ, бинои муассисаи таълимӣ, иборат аз се ошёна бо 640 ҷойи нишаст, майдончаи варзишию иншооти ёрирасон дар назди ин муассиса дар деҳаи Ғайрати Ҷамоати деҳоти ба номи Ҷӯра Раҳмонов ва дар назди Хонаи кӯдакон биноҳои таълимии Литсей-интернат барои хонандагони болаёқат мавриди баҳрабардорӣ қарор мегиранд.
Тибқи маълумоти масъулин, корҳои сохтмонӣ дар муассисаи томактабии деҳаи Аскаралӣ Мирзоев дар ошёнаҳои якуму дуюм ба итмом расида, насби дару тирезаҳо ва сақфи ҳуҷраҳо бо маром идома дорад. Корҳои сохтмонӣ тибқи нақша ва бо сифати баланд иҷро гардида истодаанд. Ҳамчунин корҳои сохтмонӣ дар муассисаи таълимии деҳаи Ғайрат ба охир расида, рангу бор ва пардози синфхонаҳо дар арафаи анҷомёбист. Бунёди майдончаи варзишӣ ва иншооти ёрирасони мактаб рӯзҳои наздик анҷом меёбад.
Фирӯз Холиқов зикр намуд, ки имрӯзҳо атрофи бинои Хонаи кӯдакони шаҳр ба корзори бузурги созандагӣ табдил гардидааст. Бо мақсади кумак ба сохтмончиён ва сари вақт мавриди истифода қарор додани биноҳои таълимӣ аз ҷамоатҳои деҳот ва якчанд ташкилоти дигари шаҳр ҷавонмардони бонангу номус ба ҳашар омада, дар кори андова намудани боми иншоот саҳм гузоштанд. Дар ҷараёни амали созанда ва кори хайр муовини якуми раиси шаҳр Сайдамин Остоназода иштирок намуда, ба ҳашарчиён аз номи мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳр изҳори сипос намуд.
АКСҲО аз Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Турсунзода










Дар боғчаи бачагонаи «Кайҳон»-и шаҳри Конибодом атраксионҳои нав ба истифода дода шуданд
Маҷлиси Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон баргузор шуд
35-СОЛАГИИ ИСТИҚЛОЛИ ДАВЛАТӢ. Бо бунёди иншооти муосир симои шаҳри Ваҳдат ба куллӣ дигаргун гардидааст
Дар болои Сирдарё пули нави иловагии мошингард сохта мешавад
Сокинони деҳаи Сангпари шаҳри Кӯлоб бо оби нӯшокии босифат таъмин гаштанд
Эмомалӣ Раҳмон: «Наврӯзро ба шукронаи сулҳу оромӣ дар давраи омодагӣ ба ҷашни бузурги миллӣ – 35-солагии Истиқлоли давлатӣ пешвоз мегирем»
Дар Донишгоҳи давлатии ҳуқуқ, бизнес ва сиёсати Тоҷикистон Наврӯз бо оростани хаймаҳои наврӯзӣ таҷлил шуд
Бахшида ба Ҷашни байналмилалии Наврӯз дар ноҳияи Ёвон иншооти ҷашнӣ ифтитоҳ гардид
Дар Донишкадаи давлатии санъати тасвирӣ ва дизайни Тоҷикистон намоиши «Баҳори Истиқлол» баргузор шуд
Сохтмони муҷассама дар гардиши дараи Алмосии шаҳри Ҳисор ба анҷом мерасад
«ТОП – 35 ШАРИКИ БОЭЪТИМОДИ СОЛ». Ба муносибати 35-солагии Истиқлолияти давлатӣ озмун баргузор мегардад
СИЁСАТИ ФАРҲАНГПАРВАРОНАИ ПЕШВОИ МИЛЛАТ – ЗАМИНАИ ГУСТАРИШИ МАЪРИФАТ ВА ХУДШИНОСИИ МИЛЛӢ. Дар ҳошияи Соли вусъат додани корҳои ободониву созандагӣ ва тақвияту таҳкими худшиносиву худогоҳии миллӣ






