ҶАБҲАИ БУЗУРГИ СОЗАНДАГӢ ДАР ШАҲРУ ДЕҲОТИ ТОҶИКИСТОН. Сокинони ҷамоати дурдастарини ноҳияи Айнӣ соҳиби бунгоҳи тиббӣ шуданд
ДУШАНБЕ, 22.08.2021 /АМИТ «Ховар»/. Ҷиҳати сазовор пешвоз гирифтани ҷашни 30-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар деҳаи Саратоғи Ҷамоати деҳоти Фондарёи ноҳияи Айнӣ бунгоҳи тиббии замонавӣ мавриди истифода қарор гирифт. Дар ин бора АМИТ «Ховар» бо истинод ба мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Суғд иттилоъ медиҳад.
Зимни ифтитоҳи бунгоҳи тиббӣ раиси ноҳия Муқим Муродзода зикр намуд, ки бо шарофати Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ноҳия шумораи марказҳои саломатӣ ва бунгоҳҳои тиббӣ ба маротиб меафзояд, ки ин гувоҳи зиндагии шоиста доштани мардуми ноҳия ва деҳоти дурдасти он мебошад.
Бунгоҳи тиббӣ барои беш аз 150 нафар аҳолии деҳа бо маблағи 570 ҳазор сомонӣ сохта шудааст.
Бунгоҳ аз 4 ҳуҷра иборат буда, тамоми таҷҳизоти тиббии муосир, аз қабили УЗИ, ЭКГ, Монитор, Небулайзер ва мизу курсиҳои соҳавӣ дар он муҳайё гардидаанд. Дар бунгоҳи мазкур 3 нафар сокинони деҳа бо ҷойи кори доимӣ таъмин шудаанд.
АКС: хадамоти матбуоти Раиси вилояти Суғд








ОБОД СОХТАНИ ВАТАН ИБОДАТ АСТ! Соҳибкорони ҳимматбаланди ватанӣ Мактаби президентии ноҳияи Темурмаликро сохтанд
СОЛИ ВУСЪАТ ДОДАНИ КОРҲОИ ОБОДОНИВУ СОЗАНДАГӢ. Дар Панҷакент 200 иншооти ҷашнии иловагӣ сохта мешавад
Дар ноҳияи Тоҷикобод Боғи интенсивии «35-солагии Истиқлолият» таъсис дода мешавад
«ДАВЛАТМАРД». Бахшида ба 35-солагии Истиқлоли давлатӣ китоби Далер Абдулло ба нашр расид
ОБОД СОХТАНИ ВАТАН ИБОДАТ АСТ! Соҳибкори саховатпеша 30 ҳазор нафар аҳолии Темурмаликро бо оби нӯшокӣ таъмин намуд
Дар ноҳияи Бобоҷон Ғафуров соҳаи саноат рушд меёбад
Дар маҳаллаи Сангин Ниёзови ноҳияи Мастчоҳ Маркази хайриявии таълимию касбомӯзии «Тоҷикона» ба истифода дода шуд
СОЛИ ОБОДОНИЮ СОЗАНДАГӢ. Дар шаҳри Хоруғ беш аз 5 ҳазор гул шинонида шуд
СОЛИ ВУСЪАТ ДОДАНИ КОРҲОИ ОБОДОНИВУ СОЗАНДАГӢ. Дар Мастчоҳ якчанд иншооти иҷтимоӣ ба истифода дода шуд
СОЛИ ОБОДОНИЮ СОЗАНДАГӢ. Дар деҳаи Оламафрӯзи Ҷамоати Лолазори ноҳияи Данғара пули мошингузар ба истифода дода шуд
Дар ноҳияи Ёвон бинои нави Суди ноҳия ба истифода дода шуд
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон бо рафти корҳои сохтмонӣ дар бинои Театри миллӣ шинос шуданд






