ҶАБҲАИ БУЗУРГИ СОЗАНДАГӢ ДАР ШАҲРУ ДЕҲОТИ ТОҶИКИСТОН. Вазъи роҳҳои минтақаи Кӯлоб беҳтар мегардад

Август 10, 2021 15:57

КӮЛОБ, 09.07.2021 /АМИТ  «Ховар»/.  428 км таъмири ҷорӣ, 5 км сангфарш, 21 км асфалтпӯш, 6 адад пул бо дарозии 174 метр ва аломатгузории онҳо — ин нишондод натиҷаи фаъолияти шашмоҳаи  Муассисаи давлатии «Идораи хоҷагии роҳҳои автомобилгарди минтақаи  Кӯлоб» аст, ки пурра иҷро гардида, нисбати ҳамин давраи соли гузашта назаррасанд. Дар ин бора сардори идораи мазкур Хуршед Арабзода ба хабарнигори минтақавии АМИТ «Ховар»  хабар дод.

Хуршед Арабзода гуфт, ки  дар ин давра бо вуҷуди мушкилоти ҷойдошта дар вазъияти пандемия роҳдорони минтақаи Кӯлоб масъулияти баланд ҳис намуда, дар таъмини рафтуои бемамониати нақлиёт ҳиссаи муносиб гузоштанд.

«Айни ҳол дар баъзе минтақаҳое, ки  бар асари боронҳои пай дар пайи моҳи майи соли равон зарар дида буданд, корҳои барқарорсозию соҳилмустаҳкамкунӣ бо маром идома дошта, кор дар ду баст ҷараён дорад.  Яке аз минтақаҳои зарардидаи офати табиӣ, километри 141 то 145-и роҳи байналмилалии Душанбе-Кӯлоб-Хоруғ-Қулма аст, ки бар асари он беш аз 4 километри роҳ зарар дида буд»,- афзуд Хуршед Арабзода.

Сардори Муассисаи давлатии нигоҳдории роҳҳои автомобилгарди ноҳияи Восеъ  Кӯрбоналӣ  Ҳикматуллоев гуфт, ки имрӯз дар ин минтақа корҳои барқарорсозию бетонрезӣ идома дошта, то охири ҳафта роҳ пурра барқарор карда мешавад. Кор дар ин ҷо низ мувофиқи нақша идома дошта, беш аз 60 нафар роҳсозон саргарми коранд.

Кӯрбоналӣ  Ҳикматуллоев афзуд, ки дар натиҷаи офати табиии моҳи май ҳамчунин Сойи Сурхоби деҳаи Хуррамзамини ноҳияи Данғара, ки дар километри 102-юми шоҳроҳи Душанбе-Кӯлоб-Хоруғ-Қулма ҷойгир аст, қисман осеб дида, имрӯзҳо дар ин ҷо низ корҳои соҳилмсутаҳкамкунӣ идома дорад.  Дар тавозуни Муассисаи давлатии «Идораи хоҷагии роҳҳои автомобилгарди минтақаи Кӯлоб» 2 ҳазору 447,15 километр роҳ мавҷуд аст, ки аз ин 318 км роҳҳои автомобилгарди аҳамияти байналмилалӣ, 430 км аҳамияти ҷумҳуриявӣ ва 1700 км роҳҳои автомобилгарди аҳамияти маҳаллидошта мебошад. Роҳбарияти Муассисаи давлатии «Идораи хоҷагии роҳҳои автомобилгарди минтақаи Кӯлоб» ҷоддаҳои ба зима доштаашонро пурра таҳти назорати қатъӣ қарор дода, пайваста барои таъмини ҳаракати беманоияти нақлиёт даст ба коранд.

 

Акс аз АМИТ «Ховар»

Август 10, 2021 15:57

Хабарҳои дигари ин бахш

СИЁСАТИ ФАРҲАНГПАРВАРОНАИ ПЕШВОИ МИЛЛАТ – ЗАМИНАИ ГУСТАРИШИ МАЪРИФАТ ВА ХУДШИНОСИИ МИЛЛӢ. Дар ҳошияи Соли вусъат додани корҳои ободониву созандагӣ ва тақвияту таҳкими худшиносиву худогоҳии миллӣ
СОЛИ ОБОДОНИЮ БУНЁДКОРӢ. Дар Ҷамоати деҳоти Овчиқалъача биноҳои иловагии муассисаҳои маорифу тандурустӣ сохта мешаванд
35-СОЛАГИИ ИСТИҚЛОЛИ ДАВЛАТӢ. Дар шаҳри Бӯстон бинои меҳмонхонаи «Хуҷанд» пурра таҷдиду навсозӣ мегардад
Роҳҳои мошингарди ноҳияи Муъминобод таҷдиду навсозӣ мегарданд
35-СОЛАГИИ ИСТИҚЛОЛИ ДАВЛАТӢ. Дар шаҳри Хуҷанд сохтмони иншооти ҷашнӣ вусъат меёбад
Дар ноҳияи Муъминобод корҳои сохтмонӣ вусъати тоза меёбанд
Сарвазири Тоҷикистон Қоҳир Расулзода дар ноҳияи Ашт бо раванди бунёди неругоҳи барқи офтобӣ шинос шуд
Дар Суғд бо мақсади таҷлили шоистаи ҷашни Наврӯз корҳои сабзу хуррамгардонӣ оғоз шуданд
Дар шаҳри Кӯлоб таҳти раёсати Сарвазири Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷаласаи корӣ баргузор шуд
Сарвазири мамлакат Қоҳир Расулзода дар шаҳри Кӯлоб бо корҳои сохтмонӣ ва соҳилмустаҳкамкунӣ шинос гардид
Бахшида ба 10-солагии мақоми шаҳрро касб намудани Ҳисор ҳамоиш баргузор гардид
Оид ба рушди индустриалӣ-аграрии Тоҷикистон конференсия баргузор гардид