Александр Лукашенко: «Президенти Тоҷикистон тӯли даҳсолаҳо ҳушдор медод… Маълум гашт, ки ӯ то чи андоза ҳақ будааст!»

Август 30, 2021 17:19

ДУШАНБЕ, 30.08.2021. /АМИТ “Ховар”/. Президенти Беларус Александр Лукашенко имрӯз зимни мулоқот бо Сафири фавқулодда ва мухтори Тоҷикистон Маҳмадшариф Ҳакдод доир ба ҷузъиёти гуфтугӯҳои худ ин субҳ бо сарони кишварҳои хориҷӣ дар бораи Афғонистон ибрози назар кард, — иттилоъ медиҳад АМИТ “Ховар” бо истинод ба агентии иттилоотии “БелТА”.

 «Худи ҳоло бо Президенти шумо (Президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон. Тавзеҳи “БелТА”) суҳбат доштам. Давоми ним соат, ҳамчун дӯсти наздик, ӯ дар бораи вазъ дар Афғонистон  нақл кард. Зимнан, бисёр маълумоти нав гирфтам, ки дар воситаҳои ахбори омма нашунидаам ва надидаам. Вазъияти хеле ҷиддӣ ва муташанниҷ. Ман аз ӯ хеле миннатдорам, зеро ӯ ба ман ҳама чизеро, ки дар он ҷо рӯй медиҳад, ошкоро нақл кард. Имрӯз барои мо кор бо Тоҷикистон ва дигар ҷумҳуриҳо хеле муҳим аст”, — гуфт Сарвари давлат.

Ӯ зикр намуд, ки Тоҷикистон бо Афғонистон сарҳади тӯлонӣ дорад. «Сарҳадро таҳким бахшидан лозим аст, вазъият дар сарҳад мураккаб аст. Дар замони Шӯравӣ ҳам мушкил буд. Ҳоло мушкилтар гардидааст»,-таъкид кард Сарвари Беларус.

Александр Лукашенко изҳор дошт, ки ҳамаи ин бар дӯши мардуми тоҷик ва Тоҷикистон афтодааст. » Медонам, ки шумораи кофии нафаронеро, ки сарҳадро ҳимоя мекунанд, доред. Бароято восита ва аслиҳаи муосир лозим аст»,- гуфт ӯ.

Зимни суҳбати телефонӣ, аз ҷумла бо Эмомалӣ Раҳмон рушди мавзеъгирии муштарак, ҳамоҳангсозии мавқеъ дар бораи Афғонистон тавассути СААД-СҲШ баррасӣ шуд. «Мо ҳамаи инҳоро ба дӯши Эмомалӣ Шарифович зимни мулоқот дар Душанбе дар миёнаҳои моҳи сентябр (он ҷо саммити СААД ва СҲШ баргузор мешавад. — Тавзеҳи “БелТА”) гузоштем», — гуфт Сарвари давлати Беларус.

Александр Лукашенко ба сафир муроҷиат намуда, иброз дошт, ки мулоқот бо ӯ дар остонаи сафараш ба Тоҷикистон муҳим аст. «Аз ҳар ҷиҳат, шумо (ҷониби Тоҷикистон. — Тавзеҳи “БелТА”) назар ба ҳамаи ҷумҳуриҳои дигар ва ҳатто давлатҳои ҷаҳон маълумоти бештар доред. Ман комилан мутмаинам.   Шумо ҳатто нисбат ба Иёлоти Муттаҳида, ки бевосита дар он ҷо кор мекунанд, маълумоти бештар доред»,- зикр намуд Сарвари Беларус.

Сарвари давлат дар ин замина зикр кард, ки Президенти Тоҷикистон, шояд гуфтан мумкин аст, дар тӯли даҳсолаҳост аз рушди бениҳоят хатарноки вазъ дар Афғонистон ҳушдор медод: «Мо ҳамаашро гӯш кардем, фаҳмидем (дар ҳамаи гӯшаҳои олам вазъ нотинҷ аст) ва эҳтимол онро ҳамчун як ҳодисаи оддӣ қабул кардем. Маълум гашт, ки ӯ (Президенти Тоҷикистон. — Тавзеҳи АМИТ “Ховар”) то чӣ андоза ҳақ будааст!»

«Бо назардошти ин, мо имрӯз бо Владимир Владимирович Путин ҳам суҳбат кардем, мехоҳам бо Мирзиёев (Президенти Узбекистон Шавкат Мирзиёев. — Тавзеҳи “БелТА”) низ дар бораи вазъ дар он минтақа суҳбат кунам, то ки пеш аз ҷаласаи СААД тасаввуроти возеҳ пайдо кунам.  Хама ба пешниҳоди ман дар бораи гузаронидани машваратҳо дар доираи СААД — СҲШ розӣ шуданд. Ҳамаи ин   дар Душанбе  баргузор мешавад — раҳбарон дар он ҷо хоҳанд буд. Ва барои мо муҳим аст бубинем, ки СҲШ дар кадом мавқеъ қарор хоҳад гирифт», — гуфт Александр Лукашенко.

 

Август 30, 2021 17:19

Хабарҳои дигари ин бахш

Фиристодаи махсуси СММ: «Давлатҳо бояд сиёсатҳо ва амалҳоро тағйир дода, сармоягузорӣ ва татбиқи лоиҳаҳоро дар соҳаи идораи захираҳои обӣ ба роҳ монанд»
Ҷоизаи байналмилалии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар соҳаи об таъсис дода шуд
Сарвазири Бурунди: «Тоҷикистон ба маркази муколамаи глобалӣ оид ба масъалаҳои об табдил ёфтааст»
Пешвои миллат: ««Чаҳорчӯби Душанбе барои об» муҳаррики пешбурди Рӯзномаи ҷаҳонии об пас аз соли 2030 хоҳад шуд»
Президенти Тоҷикистон: «Талаботи ҷаҳон ба оби ошомиданӣ то соли 2050 ҳадди ақалл 25 фоиз зиёд мешавад»
РАВАНДИ ОБИ ДУШАНБЕ. Ба Конфронси чоруми оби Душанбе беш аз 150 волонтёри ҷавон ҷалб гардидааст
ТАЪРИХ ГУВОҲ АСТ… Эҳдо ба 35-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон
Стратегияи рушди соҳаи алоқа, барномаҳои давлатӣ ва омодагӣ ба 35-солагии Истиқлоли давлатӣ дар маҷлиси Ҳукумат баррасӣ гардид
Президенти Тоҷикистон аз афзоиши тӯфонҳои чанголуд дар минтақаи Осиёи Марказӣ изҳори нигаронӣ намуданд
ТАШАББУСҲОИ МОНДАГОРИ ПЕШВОИ МИЛЛАТ ДАР ШИНОХТ ВА МУАРРИФИИ ТАЪРИХУ ТАМАДДУНИ ОРИЁӢ
Меҳрномаи як ҳамзабон ба Пешвои тоҷикони ҷаҳон Эмомалӣ Раҳмон
ПАРЧАМИ НАНГУ НОМИ МО. Аз барафрохтани Парчами давлатии Тоҷикистон дар шаҳри Душанбе 14 сол сипарӣ гардид