COVID-19. Дар ноҳияи Муъминобод сокинони аз 18-сола боло ба ваксинатсия фаро гирифта шудаанд
МУЪМИНОБОД, 07.08.2021 /АМИТ «Ховар»/. Маркази иммунопрофилактикаи ноҳияи Муъминобод баҳри пешгирӣ аз бемории сироятии COVID-19 бо дастрасӣ ба ваксина бар зидди ин беморӣ сокинони аз 18-сола болоро ба ваксинатсия фаро гирифтааст.
Директори Маркази иммуннопрофилактика Зебунисо Соҳибова зимни суҳбат бо хабарнигори минтақавии АМИТ “Ховар” иброз дошт, ки «дар давраи якуми ваксинатсия бар зидди бемории COVID-19 1000 нафар кормандони соҳаи тиб фаро гирифта шуданд. Дар давраи дуюм аллакай 1500 нафар сокинони аз 18-сола болоро ваксинатсия кардем. Дар марказ тамоми шароит барои пурра аз ваксинатсия гузаронидани сокинони ноҳия фароҳам оварда шудааст».
Дар баробари кушодани нуқтаҳо барои ваксинатсия як қисми сокинон дар манзилҳои зисташон аз муоина гузашта, ваксина мегиранд. Мутахассисони соҳа мегӯянд, ки ваксинатсия масунияти баданро қавӣ гардонида, ҳолатҳои гирифторӣ ба бемории COVID-19-ро бартараф мекунад.
Маркази назорати давлатии санитарию эпидимиологӣ, Маркази ташаккули тарзи ҳаёти солим ва кормандони Кумаки аввалияи тиббию санитарӣ дар марказҳои савдою хизматрасонӣ, бозорҳо ва ташкилоту корхонаҳои ноҳия ба сокинон ниқобҳои яккаратаи тиббӣ ва варақаҳои иттилоотӣ оид ба пешгирӣ аз ин беморӣ тақсим намуда, корҳои фаҳмондадиҳӣ мегузаронанд.
Инчунин дар ташкилоту муассиса ва корхонаҳо пайваста корҳои безараргардонӣ ба роҳ монда шудаанд.
Тадбири дигари пешгирӣ аз бемориҳои сироятӣ-ин риояи гигиенаи шахсӣ ва тозаю озода намудани муҳити зист мебошад. Дар ин самт низ дар ноҳияи Муъминобод корҳо идома дошта, аксияҳо ва ҳашарҳои дастаҷамъона ташкилу роҳандозӣ мешаванд.
АКС аз АМИТ «Ховар»








Бахшида ба ҷашни Наврӯз дар мақомоти Ваколатдор оид ба ҳуқуқи инсон ҳамоиши идона доир шуд
Дар Суғд таҳти унвони «Баҳори ҷавонӣ — Наврӯзи ҷаҳонӣ» Фестивали ҷумҳуриявии дӯстии ҷавонон доир мегардад
Тақрибан 2,8 миллион шаҳрвандони Тоҷикистон аз Узбекистон боздид карданд
Байни Тоҷикистон ва Узбекистон дар самти ҷавонон якчанд созишнома оид ба татбиқи лоиҳаҳои муштарак ба имзо расид
Иштирокдорони Фестивали дуюми ҷаҳонии «Наврӯзи ҷавонон» бо фаъолияти Агентии обуҳавошиносӣ шинос гардиданд
РУШДИ ҲУНАРҲОИ МАРДУМӢ. Сабадбофӣ барои рушди иқтисод ва сайёҳӣ имкон фароҳам меорад
200 зани ҳунарманд ва соҳибкори Тоҷикистон соҳиби гранти президентӣ мегардад
Таъсиси Шурои роҳбарони мақомоти иҷрои маҷбурии кишварҳои аъзои ИДМ баррасӣ шуд
Ҷашни Наврӯз дар Агентии суғуртаи иҷтимоӣ ва нафақа таҷлил карда шуд
ГИЁҲҲОИ БАҲОРӢ. Истеъмоли ин растаниҳо дар бадани инсон ба сифати маводи зиддисироятӣ хизмат менамояд
Дар доираи дуюмин Фестивали ҷаҳонии ҷавонон барномаи фарҳангии «Шоми дӯстӣ» баргузор гардид
Дар Тоҷикистон Фестивали дуюми ҷаҳонии «Наврӯзи ҷавонон» ва Форуми ҷавонони давлатҳои аъзои СҲШ идома дорад






