COVID-19. Дар Тоҷикистон 35 ҳолати нави сирояти коронавирус ба қайд гирифта шуд

Август 31, 2021 19:11

ДУШАНБЕ, 31.08.2021 /АМИТ «Ховар»/. Давоми шабонарӯзи охир дар Тоҷикистон 35 ҳолати нави гирифторшавии шаҳрвандон ба бемории коронавируси нави COVID-19 ба қайд гирифта шуд. Ҳамчунин 38 нафар пас аз муоилиҷа солим гардонида шуданд, хабар медиҳад АМИТ «Ховар» бо истинод ба маркази матбуоти Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон.

Дар маҷмӯъ, аз аввали бақайдгирӣ то имрӯз, 31 август дар кишвар 16852 нафар гирифторони сирояти коронавируси нави COVID-19 ба қайд гирифта шуда, аз ин шумора то санаи зикргардида 16698  нафар (99,1%) шифо ёфтаанд. Ҳамзамон, бар асари бемории мазкур 124 нафар фавтидаанд.

Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон аз тамоми сокинони кишвар даъват ба амал меорад, ки дар ҷойҳои ҷамъиятӣ қоидаҳои пешгирикунандаи бемории коронавирусро қатъиян риоя намоянд.

АКС аз бойгонӣ

Август 31, 2021 19:11

Хабарҳои дигари ин бахш

ТАШАББУСҲОИ ҶАҲОНИИ ТОҶИКИСТОН. Об инсоният ва табиатро аз хатари нобудшавӣ ҳифз менамояд
ЧУН ОБ МУСАФФО ВА ЧУН НАВРӮЗ ПУРШУКУҲ. Президенти Тоҷикистон нисбат ба ҳифзи табиат ва маросиму суннатҳои волои миллиямон муҳаббати баланд доранд
ҚУДРАТИ МУТТАҲИДСОЗАНДА. Онро Президенти Тоҷикистон дар шаҳри Ню-Йорки Иёлоти Муттаҳидаи Амрико ба маърази назар гузоштанд
РАВАНДИ ОБИ ДУШАНБЕ. Иштирокчиёни Конфронси таърихӣ дар Ню-Йорк Барномаи амал оид ба захираҳои обро қабул карданд
ТAШAББУСҲОИ ҶАҲОНИИ ПРЕЗИДЕНТИ ТОҶИКИСТОН. Ҷонибдорӣ вa тaтбиқи он рисолaти ҳaр фaрди миллaтдӯсту меҳaнпaрaст aст
ТАШАББУСҲОИ ҶАҲОНИИ ПРЕЗИДЕНТИ ТОҶИКИСТОН. Андешаҳои вакили Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ин хусус
Имрӯз маҷлиси Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон баргузор шуд
РАВАНДИ ОБИ ДУШАНБЕ. Дастрасии одилона ба об, сармоягузорӣ, истеъмоли оқилонаи устувор ва мубориза бо тағйирёбии иқлим — чор самте, ки буҳрони ҷаҳонии обро метавон рафъ кард
РАВАНДИ ОБИ ДУШАНБЕ. СММ даъват ба амал овард, ки барои рафъи буҳрони ҷаҳонии об «тадбирҳои тағйирдиҳанда» андешида шаванд
ҶАҲОН ВА МУШКИЛОТИ МАРБУТ БА ОБ. 2 миллиард нафар умуман ба оби тозаи нӯшокӣ дастрасӣ надорад
Конфронси навбатии СММ оид ба масъалаҳои об соли 2028 дар шаҳри Душанбе баргузор хоҳад гашт
ВАТАНРО МИСЛИ СПИТАМЕН, ТЕМУРМАЛИКУ ВОСЕЪ БОЯД ДӮСТ ДОШТ. Ҷавонон бояд бо сари баланд ба хизмати ҳарбӣ раванд!