COVID-19. Дар Тоҷикистон 69 ҳолати нави сирояти коронавирус ба қайд гирифта шуд

Август 2, 2021 22:46

ДУШАНБЕ, 02.08.2021 /АМИТ «Ховар»/. Давоми шабонарӯзи охир дар Тоҷикистон 69 ҳолати нави гирифторшавии шаҳрвандон ба бемории коронавируси нави COVID-19 ба қайд гирифта шуд. Ҳамчунин 76 нафар пас аз муоилиҷа солим гардонида шуданд, хабар медиҳад АМИТ «Ховар» бо истинод ба маркази матбуоти Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон.

Дар маҷмӯъ, аз аввали бақайдгирӣ то имрӯз, 2 август дар кишвар 15219 нафар гирифторони сирояти коронавируси нави COVID-19 ба қайд гирифта шуда, аз ин шумора то санаи зикргардида 14705 нафар (96,6%) шифо ёфтаанд. Ҳамзамон, бар асари бемории мазкур 121 нафар фавтидаанд.

Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон аз тамоми сокинони кишвар даъват ба амал меорад, ки дар ҷойҳои ҷамъиятӣ қоидаҳои пешгирикунандаи бемории коронавирусро қатъиян риоя намоянд.

Август 2, 2021 22:46

Хабарҳои дигари ин бахш

COVID-19. Дар Тоҷикистон 68 ҳолати нави сирояти коронавирус ба қайд гирифта шуд
COVID-19. Дар Тоҷикистон 78 ҳолати нави сирояти коронавирус ба қайд гирифта шуд
COVID-19. Дар бораи ваксиназанӣ бар зидди сирояти нави коронавирус мо бояд чиро донем?
Наврӯз Ҷафаров: «Ман худро ваксина кардам, шумо низ ваксина гирифта, аз беморӣ эмин монед!»
COVID-19. Дар Тоҷикистон 75 ҳолати нави сирояти коронавирус ба қайд гирифта шуд
Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Тоҷикистон ба шаҳри Хоруғ 50 ҳазор вояи ваксинаи «Модерна» равон намуд
COVID-19. Дар Тоҷикистон 84 ҳолати нави сирояти коронавирус ба қайд гирифта шуд
Имрӯз маҷлиси навбатии Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон баргузор гардид
COVID-19. Дар Тоҷикистон 84 ҳолати нави сирояти коронавирус ба қайд гирифта шуд
СҶТ БОЗ ТОҶИКИСТОНРО БАРОИ МУБОРИЗАИ МУВАФФАҚОНА БО ТАМОКУКАШӢ СИТОИШ КАРД. Созмони ҷаҳонии тандурустӣ аз ҳукуматҳои ҷаҳон даъват намуд, ки барои ҷилавгирӣ аз паҳншавии сигорҳои электронӣ тадбир андешанд
COVID-19. Имрӯз ба Тоҷикистон аз Чин 2 миллион воя ваксинаи «CoronaVaс» ва сӯзандору ворид гардид
Дар шаҳру ноҳияҳҳои Тоҷикистон эмгузаронӣ бо истифода аз ваксинаи «Мoderna»-и ИМА оғоз шуд

Маводҳои таҳлилӣ