Дар Душанбе таҳти унвони «20-солагии СҲШ: аз форуми минтақавӣ то эътирофи ҷаҳонӣ» видеоконференсияи байналмилалӣ доир мешавад

Август 19, 2021 10:04

ДУШАНБЕ, 19.08.2021 /АМИТ «Ховар»/. 20 август дар шаҳри Душанбе бахшида ба 20-умин солгарди таъсиси Созмони ҳамкории Шанхай дар мавзӯи «20 соли СҲШ: аз форуми минтақавӣ то эътирофи ҷаҳонӣ» конференсияи байналмилалии илмиву амалӣ баргузор мегардад.

Тавре АМИТ «Ховар» бо истинод ба Маркази тадқиқоти стратегии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон иттилоъ медиҳад, ҳамоиш дар чаҳорчӯби раёсати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар солҳои 2020-2021 ба нақша гирифта шуда, дар шакли маҷозӣ доир карда мешавад.

Дар кори конференсия иштироки муовини Вазири корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон, дабири кулли СҲШ, собиқ Дабири кулли СҲШ, инчунин роҳбарон ва коршиносони варзидаи марказҳои таҳлилӣ ва муассисаҳои илмию таҳлилии давлатҳои узв, нозирон ва шарикони муколамаи СҲШ, намояндагони котиботи ИДМ ва Сохтори минтақавии зиддитеррористии СҲШ дар назар аст.

Ҳамзамон баррасии масъалаҳои зерин: СҲШ: 20 соли дастовардҳо ва дурнамои рушди ҳамкорӣ, нақши СҲШ дар тавсеаи ҳамсоягӣ, дӯстӣ ва ҳамкорӣ дар минтақа, СҲШ ва дурнамои амнияти минтақавӣ, тақвияти ҳамкорӣ байни кишварҳои СҲШ дар соҳаҳои тиҷорат, молия ва сармоягузорӣ, вусъати ҳамкорӣ дар соҳаҳои нақлиёт, энергетика ва кишоварзӣ дар фазои СҲШ ва рушди ҳамкорӣ дар соҳаҳои маориф, фарҳанг ва илм дар доираи СҲШ пешбинӣ гардидааст.

 АКС аз Маркази тадқиқоти стратегии назди Президенти ҶТ

Август 19, 2021 10:04

Хабарҳои дигари ин бахш

Дар Прага таҳкими ҳамкории Тоҷикистон ва Чехия баррасӣ гардид
Санадҳои нави ҳамкорӣ барои тақвияти робитаҳои дуҷонибаи Тоҷикистону Узбекистон шароити мусоид фароҳам меоранд
РАВАНДИ ОБИ ДУШАНБЕ. Тоҷикистон барои пешбурди рӯзномаи ҷаҳонии об тамоми кӯшишро ба харҷ медиҳад
Тоҷикистон бо Созмони ҷаҳонии сайёҳӣ ҳамкориро тақвият мебахшад
Сафири Тоҷикистон дар мулоқот бо Губернатори замини Штирияи Австрия иштирок намуд
Дар Амстердам Ҷашни байналмилалии Наврӯзро таҷлил намуданд
Дар Ҷумҳурии Корея таҳти унвони «Наврӯз — пули пайвандгари фарҳангҳо ва тамаддунҳо» ҳамоиш доир гардид
РАВАНДИ ОБИ ДУШАНБЕ. Чорабиниҳои иловагӣ барои таблиғи идеяҳои калидӣ платформаи иловагӣ фароҳам меоранд
Дар доираи дуюмин Фестивали ҷаҳонии ҷавонон барномаи фарҳангии «Шоми дӯстӣ» баргузор гардид
Ҷашни байналмилалии Наврӯзро дар шаҳри Ҳамбург таҷлил намуданд
Дар доираи Конфронси Душанбе оид ба Даҳсолаи амал «Об барои рушди устувор» шаш ҷаласаи мавзуӣ баргузор мегардад
Дар Ҷумҳурии Корея Наврӯзро пуршукуҳ таҷлил намуданд