Дар Душанбе таҳти унвони «Беҳтарин лоиҳаҳои соҳибкории ҷавонон» Форуми байналмилалии ҷавонон доир мешавад

Август 23, 2021 15:20

ДУШАНБЕ, 23.08.2021. /АМИТ «Ховар»/.  27 август дар шаҳри Душанбе таҳти унвони «Беҳтарин лоиҳаҳои соҳибкории ҷавонон» бо ҷалби соҳибкорони ҷавони давлатҳои аъзои СҲШ ва ИДМ Форуми байналмилалии ҷавонон баргузор мегардад, хабар медиҳад хабарнигори АМИТ «Ховар» бо такя ба Кумитаи кор бо ҷавонон ва варзиши назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон.

Форуми мазкур бо ташаббуси Кумитаи кор бо ҷавонон ва варзиши назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ҳамкорӣ бо Хазинаи кӯдакони СММ (ЮНИСЕФ) дар доираи раисии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Шӯрои ҷавонони Созмони ҳамкории Шанхай ва Шӯрои кор бо ҷавонони ИДМ сурат мегирад.

Дар назар аст, ки дар кори Форум роҳбарияти вазорату идораҳои дахлдор, намояндагони сафоратхонаҳои муқими шаҳри Душанбе ва ҷавонони фаъол иштирок намоянд.

Ҳадаф аз баргузории Форум имкони татбиқи ҳамгироии иқтисодии ҷавонон, мустаҳкам намудани риштаҳои дӯстӣ байни соҳибкорони ҷавони тоҷик бо дигар мардуми олам ва имконияти сайёҳии Ҷумҳурии Тоҷикистон мебошад.

Бояд гуфт, ки имсол дар давраи раиси мақоми ваколатдори соҳа дар Шӯрои ҷавонони СҲШ ва Шӯрои кор бо ҷавонони ИДМ будани Ҷумҳурии Тоҷикистон силсилатадбирҳо барои таҷлили сазовори ҷашни 30-солагии Истиқлоли давлатӣ, аз қабили баргузории ниммарафони байналмилалии СҲШ дар шаҳри Душанбе, Форуми байналмилалии ҷавонон «Ояндаро бо ҳам месозем», Фестивали байналмилалии «Дӯстии ҷавонони ҷаҳон поянда бод» ва Мусобиқаи байналмилалӣ оид ба теннис барои дарёфти «Ҷоми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон» баргузор гардиданд.

АКС аз Кумитаи кор бо ҷавонон ва варзиши назди ҲҶТ

Август 23, 2021 15:20

Хабарҳои дигари ин бахш

Дар Душанбе Маркази зиддимухаддиротии Созмони ҳамкории Шанхай таъсис меёбад
Ҳайати ҷавонони Тоҷикистон дар ҷаласаи Шурои ҷавонони Созмони ҳамкории Шанхай иштирок намуд
Ҳамоиши Воситаҳои ахбори омма ва марказҳои таҳлилии СҲШ дар Чжэнчжоу баргузор мешавад
Намояндаи Тоҷикистон дар Форуми марказҳои таҳлилии кишварҳои аъзои Созмони ҳамкории Шанхай иштирок намуд
Дастовардҳои Тоҷикистон дар Форуми иқтисоди рақамии Созмони ҳамкории Шанхай-2025 муаррифӣ гардид
Гурӯҳи коршиносон ба ҷаласаи шашуми СҲШ оид ба ҳифзи муҳити зист омодагӣ мегирад
Дар Душанбе Конфронси байналмилалӣ «Осиёи Марказӣ – меҳвари СҲШ: 25 соли ҳамкорӣ ба хотири рушди муштарак» доир гардид
Намояндаи Тоҷикистон дар машварат вобаста ба рушди технологияҳои иттилоотию коммуникатсионии давлатҳои аъзои СҲШ иштирок намуд
Ҳайати Тоҷикистон дар вохӯрии Иттифоқҳои касабаи давлатҳои Созмони ҳамкории Шанхай иштирок намуд
Вазири корҳои хориҷии Тоҷикистон дар Форуми гуфтугӯи Теҳрон иштирок намуд
Ҷаласаи навбатии нақшавии Шурои ҳамоҳангсозони миллии давлатҳои аъзои СҲШ ба таври онлайн баргузор шуд
Дар Душанбе вохӯрии ҳафтуми роҳбарони мақомоти олии аудити давлатҳои аъзои Созмони ҳамкории Шанхай баргузор мегардад