Дар Душанбе видеоконференсияи ҷаласаи ҳаждаҳуми вазирони фарҳанги кишварҳои узви СҲШ баргузор шуд

Август 18, 2021 15:55

 ДУШАНБЕ, 18.08.2021 /АМИТ «Ховар»/. 18 август дар шаҳри Душанбе ҷаласаи ҳаждаҳуми вазирони фарҳанги кишварҳои узви Созмони Ҳамкории Шанхай дар шакли видеоконференсия баргузор гардид.

Тавре хабарнигори АМИТ “Ховар” хабар медиҳад, дар ҷаласаи мазкур вазири давлатии фарҳанги Ҷумҳурии Ҳиндустон Арҷун Рам Мегвал, вазири фарҳанг ва варзиши Ҷумҳурии Қазоқистон Актотӣ Раимқулова, муовини вазири фарҳанг ва сайёҳии Ҷумҳурии Мардумии Чин Чжан Сю, вазири фарҳанг, иттилоот, варзиш ва сиёсати ҷавонони Ҷумҳурии Қирғизистон Қайрат Иманалиев, вазири мероси миллӣ ва фарҳанги Ҷумҳурии Исломии Покистон Шафкат Маҳмуд, муовини вазири фарҳанги Федератсияи Русия Олга Ярилова, вазири фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон Зулфия Давлатзода ва вазири маданияти Ҷумҳурии Узбекистон Озодбек Назарбеков фаъолона ширкат варзиданд. Инчунин дар ҷаласаи мазкур Дабири кулли СҲШ Владимир Норов низ иштирок дошт.

Ҷаласа таҳти раёсати Вазири фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон Зулфия Давлатзода роҳандозӣ гардид.

Вазирони фарҳанги кишварҳои узви Созмони ҳамкории Шанхай дар фазои дӯстӣ ва ҳамдигарфаҳмӣ вазъ ва дурнамои рушди ҳамкориро дар соҳаи фарҳанг дар доираи СҲШ муҳокима карданд. Ҳамзамон  оид ба иҷрои Созишнома байни ҳукуматҳои давлатҳои узви СҲШ дар соҳаи фарҳанг (ш. Бишкек, 16 августи соли 2007) ва созишномаҳои вохӯриҳои гузаштаи вазирони фарҳанг мубодилаи афкор намуданд.

Тарафҳо ба ҷонибдории рушди минбаъдаи робитаҳои фарҳангии бисёрҷониба ва дуҷониба дар чаҳорчӯбаи Созмон, таҳкими ҳамдигарфаҳмӣ миёни мардум, нигоҳдории гуногунрангии фарҳангҳо, эҳтироми якдигар ва паҳн кардани дониш дар бораи анъана ва урфу одатҳои халқҳое, ки дар фазои СҲШ зиндагӣ мекунанд, сухан гуфтанд.

Кори созандаи Гурӯҳи кории коршиносон оид ба ҳамкории фарҳангӣ дар доираи СҲШ қайд карда шуд.

Таъкид шуд, ки мулоқоти вазирони фарҳанги кишварҳои узви Созмони ҳамкории Шанхай барои мубодилаи афкор оид ба рушди ҳамкории дуҷониба ва бисёрҷонибаи фарҳангӣ имконияти хуб фароҳам овардааст.

Онҳо омодагии худро барои роҳандозӣ ва рушди ҳамкорӣ дар соҳаи фарҳанг бо давлатҳои нозир ва созмонҳои муколамаи СҲШ изҳор намуданд.

Ҷонибҳо ба Вазорати фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон барои меҳмоннавозии гарм ва ташкили нишасти вазирони фарҳанги кишварҳои узви Созмони Ҳамкории Шанхай изҳори сипос мекунанд. Онҳо инчунин изҳори умедворӣ карданд, ки ҷаласаи навбатии вазирон дар шакли мулоқоти шахсӣ баргузор мешавад.

Тавофуқ ҳосил шуд, ки ҷаласаи навбатии вазирони фарҳанги кишварҳои узви Созмони Ҳамкории Шанхай дар соли 2022 дар Ҷумҳурии Узбекистон баргузор шавад.

АКСҲО: АМИТ “Ховар”

Август 18, 2021 15:55

Хабарҳои дигари ин бахш

Байни Тоҷикистон ва Узбекистон нақшаи чорабиниҳо оид ба ҳамкорӣ дар соҳаи фарҳанг барои солҳои 2026-2027 ба имзо расид
«ФУРӮҒИ МАЪРИФАТ». Фестивали ҷумҳуриявии «Ҳафтаи китоби кӯдакону наврасони Тоҷикистон» доир мегардад
Даври дуюми Озмуни ҷумҳуриявии «Шоҳномахонӣ» моҳи апрел оғоз меёбад
Васфу ситоиши Ватан мавзуи аслӣ ва меҳварии тамоми осори Мирзо Турсунзода мебошад
Намояндагони соҳаи фарҳанги Тоҷикистон ва Узбекистон бо орденҳои «Дӯстӣ» ва «Дӯстлик» қадрдонӣ карда шуданд
Дар даври дуюми Бозиҳои Делфии Созмони ҳамкории Шанхай намояндагони Тоҷикистон соҳиби 6 медал гардиданд
Хабарнигорони Қирғизистон аз табиати дилфиреби ноҳияи Варзоб ва бозори «Меҳргон» боздид намуданд
Гурӯҳи хабарнигорони Қирғизистон бо фаъолияти НБО-и «Норак» шинос шуданд
РАНГОМЕЗИИ НАВРӮЗ. Дар Узбекистон намоиши асарҳои рассомони тоҷик баргузор шуд
Дар шаҳри Бишкек Бозиҳои Делфӣ ба таври бошукуҳ ифтитоҳ шуданд
Дар Узбекистон Рӯзҳои кинои Тоҷикистон баргузор гардиданд
25 март даври дуюми Фестивали гулҳо таҳти унвони «Сайри гули лола» ҷамъбаст мегардад