Дар Хоруғ дар арафаи ҷашни 30-солагии Истиқлоли давлатӣ толори варзишӣ ба истифода дода мешавад
ХОРУҒ, 05.08.2021 /АМИТ «Ховар»/. Кӯдакону наврасон ва ҷавонони маҳаллаи Саидмир Абдураҳмонови шаҳри Хоруғ дар остонаи ҷашни 30-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон соҳиби толори варзишӣ мегарданд.
Тавре мухбири минтақавии АМИТ «Ховар» иттилоъ медиҳад, маблағгузории толори варзиширо ширкати мобилии Тcell ва сохтмони онро Ҷамъияти масъулияташ маҳдуди «Дарбанд» ба уҳда доранд.
Ба гуфтаи сардори қитъаи сохтмонӣ Ҳусейн Сангаков, “барои сохтмони бино 800 ҳазор сомонӣ ҷудо шудааст. То имрӯз коргарон 80 фоизи корҳои сохтмониро ба анҷом расонида, рӯзҳои наздик насбу васли бомпӯши толорро шурӯъ мекунанд. Таҳкурсии толор соли гузошта шуд ва имсол мебоист онро мавриди баҳрабардорӣ қарор медодем, аммо ба сабаби хуруҷи бемории Ковид-19 соли гузашта кор қатъ шуд. Бо фароҳам омадани шароити мусоид аз моҳи майи соли равон дубора корҳои сохтмонӣ оғоз ёфтанд. Дарозии толор 40 метр ва паҳноии он 23 метр буда, танҳо барои бозии футболи хурд пешбинӣ шудааст. Мо кӯшиш мекунем, ки то охири моҳи август толори варзишӣ ва дар канори он майдончаи варзишӣ барои бозиҳои волейбол ва баскетболро бо сифати хуб ба истифода диҳем”.
Ба гуфтаи сардори Раёсати кор бо ҷавонон ва варзиши вилоят Сураҷ Чоршанбиев, “дар панҷ соли охир ин саеюмин толори варзишист, ки дар шаҳри Хоруғ бунёд мегардад. Қаблан дар маҳаллаҳои Хоруғи боло ва Темниз чунин чунин иншоот сохта шуда буд. Имрӯз дар 12 маҳаллаи шаҳр майдончаҳои муосири варзишӣ бунёд гардидаанд ва ояндаи наздик боз дӯстдорони варзиши ду маҳаллаи дигар соҳиби чунин толорҳо хоҳанд шуд”.
Бояд гуфт, ки ҳавои сарду боронгариҳо дар манотиқи кӯҳистон қариб ҳафт моҳ давом мекунанд ва дар ҳавои кушод машғул шудан ба бозиҳои варзишӣ ғайриимкон аст. Аз ин рӯ бунёди чунин толорҳо дар ҳамаи маҳаллаҳои шаҳр шарт ва зарур аст.
Аксҳо аз АМИТ «Ховар»








Дар ноҳияи Тоҷикобод Боғи интенсивии «35-солагии Истиқлолият» таъсис дода мешавад
Дар шаҳри Анталияи Туркия Форуми 8-уми Этноспорт баргузор гардид
«ДАВЛАТМАРД». Бахшида ба 35-солагии Истиқлоли давлатӣ китоби Далер Абдулло ба нашр расид
«ҶОМИ РАИСИ ШАҲРИ ДУШАНБЕ». Дар пойтахт Мусобиқаи байналмилалӣ оид ба гӯштингирӣ баргузор гардид
ОБОД СОХТАНИ ВАТАН ИБОДАТ АСТ! Соҳибкори саховатпеша 30 ҳазор нафар аҳолии Темурмаликро бо оби нӯшокӣ таъмин намуд
Дар ноҳияи Бобоҷон Ғафуров соҳаи саноат рушд меёбад
Дар маҳаллаи Сангин Ниёзови ноҳияи Мастчоҳ Маркази хайриявии таълимию касбомӯзии «Тоҷикона» ба истифода дода шуд
СОЛИ ОБОДОНИЮ СОЗАНДАГӢ. Дар шаҳри Хоруғ беш аз 5 ҳазор гул шинонида шуд
Паралимпичиёни тоҷик бо дастовардҳои бузурги варзишӣ ба Ватан баргаштанд
СОЛИ ВУСЪАТ ДОДАНИ КОРҲОИ ОБОДОНИВУ СОЗАНДАГӢ. Дар Мастчоҳ якчанд иншооти иҷтимоӣ ба истифода дода шуд
СОЛИ ОБОДОНИЮ СОЗАНДАГӢ. Дар деҳаи Оламафрӯзи Ҷамоати Лолазори ноҳияи Данғара пули мошингузар ба истифода дода шуд
Дар ноҳияи Ёвон бинои нави Суди ноҳия ба истифода дода шуд






