Дар Истаравшан даври шаҳрии Озмуни ҷумҳуриявии «Илм — фурӯғи маърифат» ҷамъбаст гардид

Август 27, 2021 08:27

ДУШАНБЕ, 27.08.2021 /АМИТ «Ховар»/.  Дар шаҳри Истаравшан  даври шаҳрии Озмуни ҷумҳуриявии «Илм — фурӯғи маърифат» ҷамъбаст гардида, 48 нафар довталабон ба даври ҷумҳуриявии озмун роҳхат гирифтанд. Дар маросими қадрдонӣ раиси шаҳри Истаравшан, намояндагони Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Раёсати маорифи вилояти Суғд иштирок дошта, ба ғолибони озмун сипоснома ва туҳфаҳои пулӣ, аз ҷумла, ба ғолибони ҷои аввал 700 сомонӣ, ҷои дуюм 350 сомонӣ ва ҷойи сеюм 200 сомонӣ, дар маҷмӯъ ба маблағи 26 ҳазор сомонӣ мукофотпулӣ тақдим намуданд, иттилоъ доданд аз мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Истаравшан ба АМИТ «Ховар».

Озмуни ҷумҳуриявии «Илм — фурӯғи маърифат» бо Амри Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бори аввал аст, ки дар мамлакат баргузор мегардад.

Дар даври аввали озмуни мазкур аз рӯи 5 номина 1147 нафар довталабон иштирок намуданд. Тибқи талаботи Низомномаи озмун аз байни онҳо 48 нафар ғолибон муайян карда шуданд.

Ғолибони даври шаҳрии озмуни ҷумҳуриявӣ изҳор доштанд, ки дар озмунҳои навбатии вилоятӣ ва ҷумҳуриявӣ фаъолона ширкат варзида, ҷойҳои намоёнро ишғол менамоянд ва нуфузу эътибори шаҳри бостонии хешро боз ҳам баланд мебардоранд.

Аксҳо аз мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Истаравшан

Август 27, 2021 08:27

Хабарҳои дигари ин бахш

Байни Тоҷикистон ва Узбекистон нақшаи чорабиниҳо оид ба ҳамкорӣ дар соҳаи фарҳанг барои солҳои 2026-2027 ба имзо расид
«ФУРӮҒИ МАЪРИФАТ». Фестивали ҷумҳуриявии «Ҳафтаи китоби кӯдакону наврасони Тоҷикистон» доир мегардад
Даври дуюми Озмуни ҷумҳуриявии «Шоҳномахонӣ» моҳи апрел оғоз меёбад
Васфу ситоиши Ватан мавзуи аслӣ ва меҳварии тамоми осори Мирзо Турсунзода мебошад
Намояндагони соҳаи фарҳанги Тоҷикистон ва Узбекистон бо орденҳои «Дӯстӣ» ва «Дӯстлик» қадрдонӣ карда шуданд
Дар даври дуюми Бозиҳои Делфии Созмони ҳамкории Шанхай намояндагони Тоҷикистон соҳиби 6 медал гардиданд
Хабарнигорони Қирғизистон аз табиати дилфиреби ноҳияи Варзоб ва бозори «Меҳргон» боздид намуданд
Гурӯҳи хабарнигорони Қирғизистон бо фаъолияти НБО-и «Норак» шинос шуданд
РАНГОМЕЗИИ НАВРӮЗ. Дар Узбекистон намоиши асарҳои рассомони тоҷик баргузор шуд
Дар шаҳри Бишкек Бозиҳои Делфӣ ба таври бошукуҳ ифтитоҳ шуданд
Дар Узбекистон Рӯзҳои кинои Тоҷикистон баргузор гардиданд
25 март даври дуюми Фестивали гулҳо таҳти унвони «Сайри гули лола» ҷамъбаст мегардад