Дар Осорхонаи миллии Тоҷикистон то 1 сентябр 600 адад намунаҳои гуногуни либосҳои миллӣ пешниҳод мегарданд
ДУШАНБЕ, 14.08.2021 /АМИТ «Ховар»/. 13 август дар Осорхонаи миллии Тоҷикистон бахшида ба ҷашни 30-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва «Солҳои рушди деҳот, сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ» эълон гардидани солҳои 2019-2021 намоиш ва конфронси илмӣ–назариявӣ таҳти унвони «Либоси миллӣ– ёдгоре аз ниёгон» баргузор гардид, ки намоиши мазкур то 1 сентябр идома меёбад.
Тавре сардори шуъбаи экскурсионӣ ва оммавии Осорхонаи миллии Тоҷикистон Кенҷаев Фаридун ба хабарнигори АМИТ «Ховар» иттилоъ дод, ки дар ифтитоҳи намоиш роҳбарият ва кормандони Осорхонаи миллии Тоҷикистон, намояндагони Вазорати фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон, Кумитаи рушди сайёҳии назди ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, Кумитаи кор бо занон ва оилаи назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон, Донишгоҳи миллии Тоҷикистон, Донишкадаи давлатии санъати тасвирӣ ва дизайни Тоҷикистон, Осорхонаи Гимеи шаҳри Парижи Фаронса, Осорхонаи мардумшиносии АМИТ ва дигар олимону донишмандони соҳа иштирок намуданд.
Директори Осорхонаи миллии Тоҷкистон Аҳлиддин Ибодуллозода дар зикр намуд, ки миллати куҳанбунёди тоҷик дар тӯли таърихи тамаддуни башарӣ ҳамчун миллати фарҳангсолору фарҳангсоз муаррифӣ гардида, дар ганҷинаи фарҳанг ва тамаддуни башарият бо забону адабиёт, урфу одат, расму оин ва анъанаҳои некаш шинохта шудааст. Яке аз арзишҳои асосии таҷассумгари фарҳанги миллӣ, ҳуввияти миллӣ ва ифтихори миллии халқи тоҷик – ин либоси миллӣ ба шумор меравад.
Дар намоиш аз фонди Осорхонаи миллии Тоҷикистон зиёда аз 600 адад намунаҳои гуногуни либоси миллии тоҷикон аз қабили куртаҳои чакан, атлас, адрас, поҷома, сарбанд, рӯймол, миёнбанд, фаранҷӣ, матоҳои читӣ, шерозаҳо, тумордонҳо, каллапӯшу кулоҳ, тоқиҳо, пояфзолҳо, кафши чӯбину чармин, маҳсӣ ва дигар ашёҳои ороишу зебу зинати миллӣ (ороишоти занона: ангуштарин, дастмона, қулфи гиребон, гӯшвор, тоҷ), ки инъикосгари таъриху фарҳанг, расмуоин ва ҳунарҳои мардумии ниёгони тоҷикон мебошанд, ба маърази тамошо гузошта шудаанд.
Дар кори конфронси илмӣ–назариявӣ доираи васеъи олимон, муаррихон ва муҳаққиқон доир ба таъриху пайдоиш, ташаккулёбӣ ва дигар вижагиҳои хоси либоси миллӣ бо маърӯзаҳои илмии баромад намуданд.
АКСҲО аз Осорхонаи миллии Тоҷикистон











Дар Китобхонаи миллии Тоҷикистон беш аз 2 ҳазор дастнависи нодир нигоҳдорӣ мешавад
Даври якуми Озмуни ҷумҳуриявии «Тоҷикистон-Ватани азизи ман» оғоз гардид
Дар Донишгоҳи давлатии ҳуқуқ, бизнес ва сиёсати Тоҷикистон оид ба рушди илми ҳуқуқшиносӣ ҳамоиш доир шуд
«ТОҶИКОНА МЕПӮШЕМ!». Занону духтарони Осорхонаи миллӣ аз пӯшидани либоси миллӣ ифтихор менамоянд
ОБОД СОХТАНИ ВАТАН ИБОДАТ АСТ! Соҳибкорони ҳимматбаланди ватанӣ Мактаби президентии ноҳияи Темурмаликро сохтанд
СОЛИ ВУСЪАТ ДОДАНИ КОРҲОИ ОБОДОНИВУ СОЗАНДАГӢ. Дар Панҷакент 200 иншооти ҷашнии иловагӣ сохта мешавад
Ҷашни Наврӯз дар ноҳияи Мурғоб бо расму ойинҳои хос таҷлил карда шуд
Дар ноҳияи Тоҷикобод Боғи интенсивии «35-солагии Истиқлолият» таъсис дода мешавад
«ДАВЛАТМАРД». Бахшида ба 35-солагии Истиқлоли давлатӣ китоби Далер Абдулло ба нашр расид
Кормандони Осорхонаи миллии Тоҷикистон Наврӯзи байналмилалиро сарҷамъона таҷлил намуданд
ОБОД СОХТАНИ ВАТАН ИБОДАТ АСТ! Соҳибкори саховатпеша 30 ҳазор нафар аҳолии Темурмаликро бо оби нӯшокӣ таъмин намуд
Дар ноҳияи Бобоҷон Ғафуров соҳаи саноат рушд меёбад






