Дар шоҳроҳи байналмилалии Душанбе-Ҳисор-Турсунзода корҳои тозагию ободонӣ анҷом дода шуданд

Август 5, 2021 13:17

ДУШАНБЕ, 05.08.2021 /АМИТ «Ховар»/. Бо мақсади дар сатҳи баланд истиқбол намудани ҷашни 30-солагии Истиқлоли давлатии  Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Ҷамоати деҳоти Сомони шаҳри Ҳисор  ва шоҳроҳи байналмилалии Душанбе- Ҳисор-Турсунзода таҳти шиори «Тозагии муҳити зист-нишонаи ватанпарастист» корҳои ободонӣ ва тозагии атроф гузаронида шуданд.

Тавре аз Кумитаи ҳифзи муҳити зисти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ба АМИТ «Ховар» иттилоъ доданд, дар ин ҳашари тозагӣ  кормандони касбу кори гуногун, сокинони ҷамоат ва намояндагони шуъбаи ҳифзи муҳити зист, дар маҷмӯъ 650 нафар иштирок намуданд. Бо истифода аз техника масофаи 10 км аз ду тарафи шоҳроҳи байналмилалии Душанбе-Ҳисор-Турсунзода,  минтақаҳои аҳолинишин ва ҷӯю заҳбурҳо аз ҳар гуна партовҳо тоза карда шуданд.

Инчунин дар шоҳроҳи байналмилалии Душанбе-Ҳисор-Турсунзода  баҳри пешгирии хушкшавии гулу буттаҳои шинонида алафҳои бегона тоза ва бехи гулҳо нарм карда шуд. Дар натиҷаи корҳои анҷомдода 8,2 м3 партов ҷамъоварӣ ва ба партовгоҳи  расмии шаҳр интиқол дода шуд.

Ҳадафи ҷалби қишри гуногуни аҳолӣ ба корҳои ободонӣ ва тозагии муҳити зист -ин баланд бардоштани маърифати экологии  аҳолӣ,  ба ин восита афзун намудани эҳсоси ватандорӣ ва омодагӣ ба истиқболи сазовори ҷашни 30-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон мебошад.

 

АКСҲО аз Кумитаи ҳифзи муҳити зисти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон

Август 5, 2021 13:17

Хабарҳои дигари ин бахш

ОБОД СОХТАНИ ВАТАН ИБОДАТ АСТ! Соҳибкорони ҳимматбаланди ватанӣ Мактаби президентии ноҳияи Темурмаликро сохтанд
СОЛИ ВУСЪАТ ДОДАНИ КОРҲОИ ОБОДОНИВУ СОЗАНДАГӢ. Дар Панҷакент 200 иншооти ҷашнии иловагӣ сохта мешавад
Дар ноҳияи Тоҷикобод Боғи интенсивии «35-солагии Истиқлолият» таъсис дода мешавад
«ДАВЛАТМАРД». Бахшида ба 35-солагии Истиқлоли давлатӣ китоби Далер Абдулло ба нашр расид
ОБОД СОХТАНИ ВАТАН ИБОДАТ АСТ! Соҳибкори саховатпеша 30 ҳазор нафар аҳолии Темурмаликро бо оби нӯшокӣ таъмин намуд
Дар ноҳияи Бобоҷон Ғафуров соҳаи саноат рушд меёбад
Дар маҳаллаи Сангин Ниёзови ноҳияи Мастчоҳ Маркази хайриявии таълимию касбомӯзии «Тоҷикона» ба истифода дода шуд
СОЛИ ОБОДОНИЮ СОЗАНДАГӢ. Дар шаҳри Хоруғ беш аз 5 ҳазор гул шинонида шуд
СОЛИ ВУСЪАТ ДОДАНИ КОРҲОИ ОБОДОНИВУ СОЗАНДАГӢ. Дар Мастчоҳ якчанд иншооти иҷтимоӣ ба истифода дода шуд
СОЛИ ОБОДОНИЮ СОЗАНДАГӢ. Дар деҳаи Оламафрӯзи Ҷамоати Лолазори ноҳияи Данғара пули мошингузар ба истифода дода шуд
Дар ноҳияи Ёвон бинои нави Суди ноҳия ба истифода дода шуд
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон бо рафти корҳои сохтмонӣ дар бинои Театри миллӣ шинос шуданд