Дар Тоҷикистон «Мактаби тобистонаи бостоншиносони ҷавони ИДМ» ҷараён дорад
ДУШАНБЕ, 18.08.2021 /АМИТ «Ховар»/. Аз 15 то 22 август дар Ҷумҳурии Тоҷикистон «Мактаби тобистонаи бостоншиносони ҷавони ИДМ» фаъолият мекунад, ки машваратҳои он дар Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон ва шаҳри бостонии Ҳулбук доир мегарданд. Дар ин бора аз маркази матбуоти Вазорати фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон ба АМИТ «Ховар» иттилоъ доданд.
Дар кори машварат бостоншиносони ҷавон аз давлатҳои Тоҷикистон, Беларус, Молдова, Русия, Қазоқистон, Қирғизистон ва Узбекистон иштирок менамоянд.
Ҷумҳурии Тоҷикистонро мутахассисони соҳаи Вазорати фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон, муассисаҳои зертобеи он ва Академияи миллии илмии Тоҷикистон муаррифӣ менамоянд.
Қисмии илмии семинар дар Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон доир шуда, қисми амалиаш дар шаҳри бостонии Ҳулбук ва объектҳои атрофи он баргузор мегардад.
Ҳамчунин дар ҷараёни машварат китобҳои тозанашри «Ремесленное производство средневекового Хутталя» ва «Археологическая карта Таджикистана. Восейский район», ки бо сарпарастии Вазорати фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон рӯи чоп омадаанд, муаррифӣ мегарданд.
Машваратҳои мазкур дар муаррифии таъриху фарҳанги миллӣ мавқеи хосса дошта, дар таҷлили ҷашни 30-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон туҳфаи арзанда ба шумор мераванд.
АКСҲО аз Вазорати фарҳанги ҶТ








Байни Тоҷикистон ва Узбекистон нақшаи чорабиниҳо оид ба ҳамкорӣ дар соҳаи фарҳанг барои солҳои 2026-2027 ба имзо расид
«ФУРӮҒИ МАЪРИФАТ». Фестивали ҷумҳуриявии «Ҳафтаи китоби кӯдакону наврасони Тоҷикистон» доир мегардад
Даври дуюми Озмуни ҷумҳуриявии «Шоҳномахонӣ» моҳи апрел оғоз меёбад
Васфу ситоиши Ватан мавзуи аслӣ ва меҳварии тамоми осори Мирзо Турсунзода мебошад
Намояндагони соҳаи фарҳанги Тоҷикистон ва Узбекистон бо орденҳои «Дӯстӣ» ва «Дӯстлик» қадрдонӣ карда шуданд
Дар даври дуюми Бозиҳои Делфии Созмони ҳамкории Шанхай намояндагони Тоҷикистон соҳиби 6 медал гардиданд
Хабарнигорони Қирғизистон аз табиати дилфиреби ноҳияи Варзоб ва бозори «Меҳргон» боздид намуданд
Гурӯҳи хабарнигорони Қирғизистон бо фаъолияти НБО-и «Норак» шинос шуданд
РАНГОМЕЗИИ НАВРӮЗ. Дар Узбекистон намоиши асарҳои рассомони тоҷик баргузор шуд
Дар шаҳри Бишкек Бозиҳои Делфӣ ба таври бошукуҳ ифтитоҳ шуданд
Дар Узбекистон Рӯзҳои кинои Тоҷикистон баргузор гардиданд
25 март даври дуюми Фестивали гулҳо таҳти унвони «Сайри гули лола» ҷамъбаст мегардад






