ЭМОМАЛӢ РАҲМОН ВА ЭММАНУЭЛ МАКРОН МАСЪАЛАИ ГУРЕЗАГОНРО БАРРАСӢ КАРДАНД. Имрӯз Париж ва Лондон ба ША СММ лоиҳаи қатънома дар бораи минтақаи амниятӣ дар Кобулро пешниҳод мекунанд

Август 30, 2021 10:54

ДУШАНБЕ, 30.08.2021 /АМИТ «Ховар»/. Фаронса ва Британия имрӯз, 30 август, дар ҷаласаи ғайринавбатии Шӯрои Амнияти СММ лоиҳаи қатънома дар бораи дар Кобул таъсис додани минтақаи амниятӣ таҳти назорати СММро муаррифӣ мекунанд. Тавре  АМИТ «Ховар» иттилоъ медиҳад, дар ин бора Президенти Фаронса Эммануэл Макрон ба рӯзномаи Le Journal du Dimanche изҳори назар кардааст. «Лоиҳаи қатъномаи мо [сарҳадҳои] минтақаи бехатарии таҳти назорати СММ дар Кобулро муайян хоҳад кард,  ки имкон медиҳад амалиёти башардӯстона идома ёбанд. Ин ба СММ замина барои амалҳои фаврӣ фароҳам меорад ва пеш аз ҳама, ба ҳар кас имкон медиҳад, ки уҳдадориҳои худро иҷро кунад ва ба ҷомеаи ҷаҳонӣ- фишор болои Толибонро (ҳаракати радикалӣ, ки дар Тоҷикистон мамнӯъ аст) нигоҳ дорад», — гуфт ӯ.

Ин минтақа, аз ҷумла барои он зарур аст, ки афғонҳое, ки ба хатсайрҳои тахлиявӣ дар вақташ расида натавонистанд, дар он паноҳ баранд. Ба гуфтаи Макрон, «чанд ҳазор» нафар дар кишвар боқӣ мемонанд, ки Фаронса мехоҳад онҳоро муҳофизат кунад. Ба ҷуз судяҳо, ҳунармандон ва зиёиён, вай  аз заноне ёдовар шуд, ки дар 20 соли охир таҳсил кардаанд ва бояд ба онҳо «барои нагирифтани ҷазо кумак кунанд».

Ҳамзамон роҳбари Фаронса танқиди сиёсатмадорони фаронсавиро нисбат ба худаш барои ибораи дар паёми охирини ба миллат нигаронидашуда оид ба зарурати «муҳофизати Фаронса аз вуруди зиёди муҳоҷирони ғайриқонунӣ» рад кард. Макрон итминон дод, ки ӯро нодуруст фаҳмидаанд ва гуфт, таваҷҷуҳро барои додани  паноҳгоҳ, пеш аз ҳама, бояд ба онҳое равона кард, ки «Толибон» таҳдид мекунанд.

«Миқдори зиёди [муҳоҷирон] хоҳад буд, барои он ки аллакай барои онҳое, ки зери хатар нестанд, аммо мехоҳанд аз он ҷо раванд, роҳҳо ташкил шудаанд», — шарҳ дод ӯ бо ишора ба ҷамъшавии зиёди паноҳандагон дар Эрон, Покистон ва Тоҷикистон. Ҳамзамон бисёре аз афғонҳое, ки ҷониби Фаронса додани паноҳгоҳро рад кардааст, дар шароити кунунӣ наметавонанд ба ватан баргарданд.

«Мо бояд ҳамоҳангсозии байни кишварҳои аврупоиро дубора амалӣ кунем, то вазъияте вуҷуд надошта бошад, ки афғонҳо <…> дар саросари Аврупо дар ҷустуҷӯи кишваре, ки ба онҳо шароити беҳтар фароҳам меорад, сафар кунанд», -илова намуд Макрон.

Ёдовар мешавем, ки Президенти Фаронса Эммануэл Макрон рӯзи чоршанбеи 25 август бо Президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон суҳбати телефонӣ анҷом дод, ки дар он роҳбарон муносибати умумии худро ба буҳрони Афғонистон бо ишора ба вуруди гурезаҳо ва оқибатҳои ба сари қудрат омадани “Толибон” баррасӣ карданд, менависад шабакаи телевизионии амрикоии CNN (https: //edition.cnn.com/).

«[Макрон] идомаи суҳбат миёни Фаронса ва Тоҷикистонро зикр  карда, изҳори хоҳиш кард, ки ҳамкории навро бахусус дар сарҳад рушд диҳанд», — омадааст дар изҳороти Қасри Елисей рӯзи панҷшанбе.

Тоҷикистон, ки дар шимолу шарқи ин кишвар бо Афғонистон ҳамсарҳад аст, 9 сентябр 30-юмин солгарди истиқлолашро ҷашн мегирад. Президентони ду кишвар  инчунин ба мувофиқа расиданд, ки мубодилаи афкорро барои таъмини «субот ва амнияти минтақавӣ» идома диҳанд,-иброз доштанд ба  CNN дар Қасри Елисей. Бо даъвати Макрон, ки рӯзи чоршанбе сурат гирифт, Эмомалӣ Раҳмон 3 октябр аз Қасри Елисей дидан хоҳад кард. Эммануэл Макрон дар шарҳҳое, ки дар ҳафтаномаи Journal du Dimanche нашр шудаанд, тафсили суҳбати телефониро бо Эмомалӣ Раҳмон ифшо кардааст. Вай гуфт, ки дар муколама ба ҷуз аз  вазъ дар Афғонистон, мавзӯи паноҳандагон низ баррасӣ шудааст. «Президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон, ки ду рӯз пеш бо ӯ суҳбат доштам, ба ман гуфтанд, ки дар марзи давлаташон фишори шадид мушоҳида мешавад»,- гуфт Макрон.

Президенти Фаронса афзуд, ки масъалаи муҳоҷират бояд бо инсонпарварии бузург, шаффофият ва ҳисси масъулият баррасӣ шавад.

АКС: Хадамоти матбуоти Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон/АМИТ «Ховар»

Август 30, 2021 10:54

Хабарҳои дигари ин бахш

Чанд андеша дар ҳошияи сафари расмии Президенти Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Аврупо
ШАРИКИИ СТРАТЕГӢ ТАҚВИЯТ МЕЁБАД. Яке аз самтҳои муҳиму афзалиятноки сиёсати хориҷии Тоҷикистонро ҳамсоягии нек бо давлатҳои минтақа ташкил медиҳад
Шавкат Мирзиёев: «Узбекистон минбаъд низ кӯшишҳои самимонаи мардуми шарафманд ва меҳнатдӯсти тоҷикро дастгирӣ менамояд»
Шавкат Мирзиёев: «Узбекистон минбаъд низ дар паҳлуи Тоҷикистон меистад»
ТАШАККУЛИ МАКТАБИ ЗЕҲНГАРОЁНАИ ИДОРАКУНӢ ДАР СИЁСАТИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН. Мулоҳизаҳои докторони илми фалсафа Хайриддин Усмонзода ва Саидмурод Фаттоҳзода
Президенти Тоҷикистон: «Сарфакорона истифода бурдани обу неруи барқро дар тамоми фаслҳои сол, ҳатто дар тобистон қатъиян таъмин намоем»
Президенти Тоҷикистон: «Бояд ҳамеша сарҷамъ ва дар зери парчами миллиамон муттаҳид бошем»
ХАЙРУ САДАҚОТ – СУННАТИ НЕК. Андешаҳои вакили Маҷлиси намояндагон Файзулло Баротзода дар ин мавзуъ
Эмомалӣ Раҳмон: «Ба ҷойи намоишкориву исрофкорӣ мо бояд кӯшиш кунем, ки барои таълиму тарбияи фарзандонамон шароити беҳтарин муҳайё созем»
Сарвари давлат сокинони Тоҷикистонро ба роҳ надодан ба зиёдаравию исрофкорӣ ва намоишкориву риёкорӣ даъват намуданд
Эмомалӣ Раҳмон: «Анҷом додани хайру садақот ва саховат кардан анъана ва суннати нек мебошад»
МУҲАББАТ БА ВАТАН АЗ ИМОН АСТ. Андешаҳои раиси Шурои уламои Маркази исломии Ҷумҳурии Тоҷикистон Саидмукаррам Абдулқодирзода