ФУТБОЛ. Имрӯз бозиҳои даври ҳабдаҳуми Чемпионати Тоҷикистон миёни дастаҳои Лигаи олӣ оғоз мешаванд
ДУШАНБЕ, 24.08.2021 /АМИТ «Ховар»/. Имрӯз бозиҳои даври ҳабдаҳуми Чемпионати Тоҷикистон оид ба футбол миёни дастаҳои Лигаи олӣ дар варзишгоҳҳои мамлакат оғоз шуда, то 25 август идома меёбанд, хабар медиҳад шореҳи варзиши АМИТ «Ховар» Меҳрони Қурбон бо истинод ба Федератсияи футболи Тоҷикистон.
Имрӯз дастаҳои футболи «Хуҷанд»-и шаҳри Хуҷанд бо «Хатлон»-и шаҳри Бохтар, «Файзканд»-и ноҳияи Восеъ бо «Равшан»-и шаҳри Кӯлоб, «Душанбе»-и шаҳри Душанбе бо «Истиқлол»-и шаҳри Душанбе байни ҳам рақобат мекунанд. 25 август дастаҳои футболи «Эсхата»-и шаҳри Хуҷанд бо КМВА-и шаҳри Душанбе ва «Истаравшан»-и шаҳри Истравшан бо «Кӯктош»-и ноҳияи Рӯдакӣ бозӣ мекунанд.
| ҶОЙИ | ДАСТАҲО | Б | Ғ | М | Б | Т-Т | Х |
| 1 | «Истиқлол» (Душанбе) | 14 | 10 | 3 | 1 | 38-6 | 33 |
| 2 | «Хуҷанд» (Хуҷанд) | 15 | 9 | 2 | 4 | 30-17 | 29 |
| 3 | «Истаравшан» (Истаравшан) | 16 | 7 | 4 | 5 | 18-15 | 25 |
| 4 | «Эсхата» (Хуҷанд) | 16 | 7 | 3 | 6 | 25-28 | 24 |
| 5 | «Хатлон» (Бохтар) | 16 | 5 | 5 | 6 | 17-22 | 20 |
| 6 | «Равшан» (Кӯлоб) | 15 | 4 | 7 | 4 | 16-16 | 19 |
| 7 | КМВА (Душанбе) | 16 | 4 | 6 | 6 | 19-22 | 18 |
| 8 | «Файзканд» (Восеъ) | 16 | 4 | 4 | 8 | 13-23 | 16 |
| 9 | «Душанбе»(Душанбе) | 16 | 3 | 6 | 7 | 18-31 | 15 |
| 10 | «Кӯктош» (Рӯдакӣ) | 16 | 3 | 4 | 9 | 19-33 | 13 |
АКС аз ФФТ
Хабарҳои дигари ин бахш
Дар Душанбе Мусобиқаи байналмилалии гӯштингирӣ барои дарёфти «Ҷоми Раиси шаҳри Душанбе» доир мешавад
«РОҲИ АБРЕШИМ-2026». Мотосиклчиёни Тоҷикистон дар мусобиқаи байналмилалӣ соҳиби ҷойҳои намоён шуданд








ФУТБОЛ. Имрӯз Чемпионати Тоҷикистон байни дастаҳои Лигаи якум оғоз мешавад
Дастаи мунтахаби олимпии Тоҷикистон оид ба футбол ғолиби мусобиқаи байналмилалӣ дар Ҳиндустон гардид
Абубакр аз Тоҷикистон ва Ҷасур аз Узбекистон соҳиби шоҳҷоизаҳои мусобиқаи гӯштини миллӣ дар Кӯлоб шуданд
Дастаи мунтахаби Тоҷикистон оид ба футбол ба марҳилаи ниҳоии Ҷоми Осиё-2027 роҳ ёфт
БОЗИИ РӮЗ! Имрӯз бозии ниҳоии марҳилаи интихобии Ҷоми Осиё-2027 байни Тоҷикистон ва Филиппин доир мегардад
Гурӯҳи доварон аз Тоҷикистон бозии дастаҳои Сурия ва Афғонистонро ҳакамӣ мекунад
ҶОМИ ОСИЁ-2027. Пагоҳ бозии даври 6-уми марҳилаи интихобӣ байни дастаҳои мунтахаби Тоҷикистон ва Филиппин доир мешавад
Дастаи мунтахаби Тоҷикистон дар Чемпионати Осиё оид ба ҷудо дар Чин иштирок мекунад
Дар Бадахшон беҳтаринҳо дар гӯштин, волейбол ва дави наврӯзӣ муайян гардиданд
Ғолибони Шоҳҷоизаҳои Мусобиқаи гӯштини миллӣ (гӯштингирӣ) дар деҳаи Пушинги ноҳияи Данғара муайян шуданд






