ҲИМОЯИ ШИРИ МОДАР-МАСЪУЛИЯТИ ҲАР ФАРД. Дар Тоҷикистон Ҳафтаи умумиҷаҳонии ҳимояи ғизодиҳии табиии кӯдакон ҷараён дорад

Август 4, 2021 15:23

ДУШАНБЕ, 04.08.2021 /АМИТ «Ховар»/. Дар Тоҷикистон таҳти шиори «Ҳимояи шири модар-масъулияти ҳар фард» Ҳафтаи  умумиҷаҳонии ҳимояи ғизодиҳии табиии кӯдакон ҷараён дорад, ки то 10 август идома меёбад. Иқдоми мазкур бо мақсади баланд бардоштани сатҳи малака ва дониши кормандони тиб ва аҳолӣ нисбат ба дуруст ғизо додани кӯдакон, зиёд намудани  дониши падару  модарон, дастрас намудани маводи тарғиботию ташвиқотӣ оид ба моҳияти шири модар ва тарзи дурусти синамаконӣ гузаронида мешавад.

Бино ба тавсияи мутахассисони Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ, додани  ғизои иловагӣ аз 6 –моҳагии кӯдак бояд оғоз шавад, чунки дар ин синн ба кӯдак миқдори зиёдтари моддаҳои минералӣ, сафедаҳо, карбогидратҳо ва витаминҳо заруранд. Дар тамоми муҳлати ворид намудани ғизои иловагӣ  бояд шири модар чун намуди асосии ғизо боқӣ монад, то кӯдаки ширмак онро истеъмол менамояд.

Тавре духтури кӯдакони навзоди таваллудхонаи шаҳрии №2  Ғалатмо Мадиева зимни суҳбат бо хабарнигори АМИТ «Ховар» иброз дошт, пас аз 30 дақиқаи аввали таваллуд бояд ба кӯдак шири модар дода шавад. Ин амал, пеш аз ҳама, барои зиёд гаштани меҳру муҳаббати модару кӯдак мусоидат мекунад. Инчунин вақте модар ба кӯдакаш шир медиҳад, аз бемориҳои саратони сина ва тухмдонҳо эмин мемонад.

«Синамаконӣ яке аз ғизоҳои беҳтарин ва бехатар барои тифл мебошад. Аз ин рӯ лозим меояд, ки ҳар зан тифли худро аз навзодӣ то 2- солагӣ бо шири модар таъмин намояд. Ғизои иловагӣ пас аз 6 моҳи таваллуди кӯдак истифода карда мешавад.

Бояд гуфт, ки шири модар сараввал кӯдакро аз гирифторшавӣ ба бемориҳои аллергикӣ пешгирӣ мекунад. Баъдан шири модар кӯдакро аз бемориҳои диққи нафас, бемориҳои шадиди роҳҳои нафас ва меъдаю рӯда эмин нигоҳ медорад»,- гуфт  Ғалатмо Мадиева.

Ба андешаи духтури кӯдакони навзод, дар рӯзҳои аввали таваллуд таркиби шири модар аз микроэлементҳо бойтар буда, он аз фалла иборат мебошад. Фаллаи шири модар моддаи махсусест, ки дар он микроэлементҳо, махсусан сафеда ва карбогидратҳо зиёд мебошанд. Дар рӯзҳои дуюм-сеюм таркиби шири модар тағйир ёфта, дар он об ва ғизо дигаргун мешаванд. Қисми аввали таркиби шири модар аз об ва боқимонда аз ғизо иборат мебошад.

Вазорати  тандурустии  ҷумҳурӣ  моҳияти  ин  масъаларо  ба  назар гирифта,  соли 1994  дар соҳаи  дастгирӣ  ва  ёрӣ  дар  синамаконии атфоли навзод корҳоро оғоз карда буд. Аз  соли 1998  сар  карда,  дар  тамоми таваллудхонаҳои ҷумҳурӣ 10 принсипи бомуваффақияти синамаконии атфол ҷорӣ шудааст.

Дар ширҳои сунъӣ миқдори намакҳои натрий, калтсий ва фосфор хеле зиёд аст, ки ин ба организми кӯдаки навзод зарур нест. Ҳамчунин дар  таркиби  ғизоҳои  сунъӣ  ба қадри лозимӣ  витаминҳо, чарбҳои зудҳалшаванда ва  сафедаҳо  мавҷуд набуда, дар ҳолати будан низ ҳангоми  пухтани шир онҳо вайрон мешаванд. Сафедаҳои  систин  ва  таурин,  ки  барои  инкишофи  мағзи  сари кӯдак лозиманд, дар таркиби ширҳои сунъӣ нестанд. Дар  таркиби  шири  ҳайвонот  линоре,  ки  барои  ҳал  намудани  чарбҳо лозим аст, вуҷуд надорад. Сафедаи шири гов – казеин дар меъдаи кўдак хеле дер ҳазм мешавад, аз ин рў кўдак гуруснагиро ҳис намекунад. Дар бисёр мавридҳо ширҳои сунъӣ сабаби бемориҳои аллергикӣ низ мешаванд.

Ёдовар мешавем, ки ҳамасола дар тамоми ҷаҳон аз 1 то 7 август Ҳафтаи дастгирии синамаконӣ гузаронида  мешавад.  Дар Тоҷикистон аз соли 2001 сар карда, ин ҳафта гузаронида мешавад.

Соли 1995 собиқ роҳбари Хазинаи кӯдакони СММ Ҷеймс П. Грант синамакониро «револютсия барои кӯдакон» номида, иброз дошта буд, ки «таркиби сеҳрноки шири модар метавонад ҳаёти миллионҳо нафар кӯдаконро наҷот диҳад».

Синамаконӣ асоси ҳаёт буда, барои саломатии кӯдак муҳим мебошад.

 

АКС аз бойгонии АМИТ «Ховар»

Август 4, 2021 15:23

Хабарҳои дигари ин бахш

Чаро кӯдакон нисбат ба калонсолон бештар ба зуком гирифтор мешаванд?
Соли 2024 фаъолияти беш аз 600 иншооти соҳаи тандурустӣ муваққатан манъ карда шуд
Вобаста ба нақши занону духтарон дар фаъолияти комиссияҳои интихоботӣ вохӯрӣ доир шуд
Дар Душанбе ҷаласаи Шурои тандурустии кишварҳои аъзои Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил доир мегардад
Дар назди Кумита оид ба таҳсилоти ибтидоӣ ва миёнаи касбӣ маҳфили «Фурӯғи субҳи доноӣ китоб аст» таъсис ёфт
Мавҷудияти деворҳои ҳимоявӣ дар шоҳроҳи Душанбе-Чанок ҷони нафарони зиёдро наҷот додааст
«ЗАНОН ВА ПАЁМ». Дар Хатлон 50 ҳазор занон дар соҳаи маориф фаъолият менамоянд
Дар роҳҳои кӯҳию наздикӯҳии Тоҷикистон хатари лағжиши тарма ва резиши сангу рег пешбинӣ мешавад
Ҳавои моҳи январи имсола нисбат ба соли 2024 гармтар пешгӯйӣ мешавад
Чаро ғизои дар ҳавопаймо дастрас маззаи хӯроки маъмулиро надорад?
ИНТИХОБОТИ ВАКИЛОНИ ХАЛҚ-2025. Интихобот ифодаи рушди демократия мебошад
БАРДОШТ АЗ ПАЁМ. Ҳар давлати миллӣ ба сифати арзишҳои миллӣ, пеш аз ҳама, забонро мавриди пуштибонӣ ва ҳимоя қарор медиҳад