Имсол дар ноҳияи Ҷайҳун дар масоҳати 6 ҳазору 840 гектар навъҳои гуногуни пахта кишт гардид

Август 27, 2021 11:30

ДУШАНБЕ, 27.08.2021 /АМИТ «Ховар»/. Кишоварзони ноҳияи Ҷайҳун имсол дар масоҳати 6 ҳазору 840 гектар навъҳои гуногуни пахта кишт намудаанд, хабар доданд аз шуъбаи иттилоотию таҳлилии дастгоҳи раиси вилояти Хатлон ба АМИТ «Ховар».

Зимни сафари корӣ раиси вилояти Хатлон Қурбон Ҳакимзода дар ноҳияи Ҷайҳун бо масъулину мутахассисони соҳаи кишоварзӣ ва чинакчиён дар хоҷагии ёрирасони корхонаи пахтатозакунии «Дӯстӣ» ба маъракаи ҷамъоварии пахта расман оғоз бахшиданд. Майдони умумии хоҷагӣ 21 гектарро ташкил медиҳад, ки дар 17 гектари он пахтаи навъи «Қанд» кишт шуда, ба андешаи кишоварзон ҳосили хуб ба бор овардааст.

Масъулини хоҷагии ёрирасони «Дӯстӣ» итилоъ доданд, ки ба ғайр аз пахта дар 50 садяк ҷуворимакка кишт гардидааст. Ҳамзамон дар 2,5 гектар сабзӣ коридаанд, ки нашъунамои хуб дошта, давра ба давра ба ҳосил меояд, ки ин тадбир дар муътадил нигоҳ доштани нархи он мусоидат мекунад.

Раиси вилоят ба кишоварзон маслиҳат дод, ки бо роҳи захира намудани сабзӣ дар сардхонаҳо аз қиматшавии нархи ин маҳсулоти мавриди ниёзи аввал ҷилавгирӣ кунанд ва онро бо нархи барои деҳқон фоидаовар ба фурӯш гузоранд.

Ҳамчунин раиси вилоят дар ноҳияи Ҷайҳун ба ҷараёни пахтақабулкунӣ дар корхонаи коркарди пахтаи ҶДММ «Дӯстӣ», ки дар доираи «Корвони сурх» амалӣ шуд, шинос гардид. Имрӯз бо истифода аз боду ҳавои мусоид пахтаи дар саҳро шукуфта, аз ҷониби деҳқонон сари вақт ҷамъоварӣ гардида, аввалин тоннаҳои ин ашёи хоми саноатӣ барои коркард вориди корхонаҳо мегарданд. Аз ҷараёни маъракаи пахтасупорӣ маълум шуд, ки дар ҳама ҷамоатҳои деҳоти ноҳия ба ҷамъоварии пахта таваҷҷуҳи аввалиндараҷа дода шуда, кишоварзон кӯшиш мекунанд маҳсулоти бо ранҷ парвардаи худро беталаф чида, то ба хирман расонанд. Вобаста ба маъракаи ғунучин ва супурдани пахта таъкид гардид, ки ба қоидаҳои бехатарӣ, пардохти музди меҳнат, ҳавасмандгардонии чинакчиён ва дигар кормандони соҳаи кишоварзӣ диққати зарурӣ дода шавад.

Ҳамчунин дар доираи сафар  раиси вилоят аз корхонаи ҶCП «Ҷунтай — Хатлон – Синсилу»-и ноҳияи Дӯстӣ дидан намуд.  Корхонаи мазкур дар як шабонарӯз иқтидори коркарди 300 тонна ашёи хомро дорад.  Дар ин корхона беш аз 60 нафар кормандон дар ду баст фаъолият мекунанд ва бо шароити хуб таъминанд.

Бояд гуфт, ки имсол аз ҷониби корхонаи ҶCП «Ҷунтай — Хатлон – Синсилу» дар масоҳати 3000 гектар кишти пунбадона гузаронида шудааст.

Инчунин дар рӯз аз тарафи Муассисаи давлатии Маркази Идораи Лоиҳаи «Рушди чорводорӣ ва чарогоҳҳо» дар доираи Лоиҳаи «Дастгирии соҳаи кишоварзӣ дар заминаи ҷомеа» ба корхонаи ҶCП «Ҷунтай — Хатлон – Синсилу»-и ноҳияи Дӯстӣ ва  кишоварзони ноҳияи Ҷайҳун техникаву дигар мошинолоти кишоварзӣ тақдим гардид.

Ба иттилои масъулин, аз тарафи намояндагии Лоиҳаи «Дастгирии соҳаи кишоварзӣ дар заминаи ҷомеа» ба кишоварзони ноҳияи Дӯстӣ 34 адад тракторҳои гуногунтамға ва мошинолоти соҳаи кишоварзӣ дастрас карда шуд. Инчунин ба кишоварзони ноҳияи Ҷайҳун 2 адад экскватори тасмачарх бо дарозии тири 14 ва 7 метр, 48 трактор ва 66 мошинолот, аз қабили ядак, испор, тойи алафбандак, сихмола, дорупошакҳои дастии муҳаррикдор, молаи чархӣ, алафдаравҳо ва дигар таҷҳизот дастрас карда шуд.

Раиси вилоят Қурбон Ҳакимзода зимни тақдими техникаву дигар мошинолоти кишоварзӣ иброз дошт, ки роҳбарияти ҳукумати мамлакат бо мақсади таъмин намудани рушди соҳаи кишоварзӣ пайваста деҳқононро дастгирӣ менамояд ва дар доираи ин лоиҳа таъмин шудани кишоварзон бо техникаи зарурӣ аз ҷумлаи ин тадбирҳо ҳисобида мешавад. Ҷавобан ба ин дастгириҳо хоҷагидоронро зарур аст, ки аз шароиту имконияти мавҷуда пурсамар истифода намоянд ва дар афзун намудани ҳаҷми истеҳсоли маҳсулот, таъмини фаровониву арзонӣ, беҳдошти вазъи иқтисодии хоҷагиҳо, дар маҷмӯъ рӯзгори худу ҳамватанон саҳм гузоранд.

АКС аз шуъбаи иттилоотию таҳлилии дастгоҳи раиси вилояти Хатлон

Август 27, 2021 11:30

Хабарҳои дигари ин бахш

Дар Душанбе оид ба дастгирии экосистемаи стартапҳо дар Тоҷикистон ҳамоиш баргузор гардид
Сарвазири мамлакат Қоҳир Расулзода бо раванди сохтмони корхонаи ғанигардонии маъдани оҳани ҶСП «Комбинати металлургии тоҷик» шинос шуд
«Moody’s Ratings»: Рейтинги соҳибихтиёрии қарзии Тоҷикистон ба дараҷаи «B2» бо дурнамои «устувор» баланд бардошта шуд
Самтҳои асосии Паёми Президенти Тоҷикистон ба Маҷлиси Олӣ дар Хадамоти гумрук тавзеҳ дода шуданд
‎‎Вазирони энергетикаи Тоҷикистон ва Покистон дурнамои рушди ҳамкориро дар соҳаи энергетика баррасӣ намуданд
Сардори Хадамоти алоқа дар Конгресси ҷаҳонии мобилӣ дар Испания иштирок намуд
Ҷаласаи ёздаҳуми Шурои миллии суботи молиявӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон баргузор гардид
Дурнамои нишондиҳандаҳои рушди иҷтимоию иқтисодии шаҳру ноҳияҳои Роғун, Ваҳдат, Файзобод ва Варзоб муаррифӣ карда шуд
Тоҷикистон ва Туркманистон ҳамкориро дар соҳаи саноати нассоҷӣ тақвият медиҳанд
Дар Вазорати молияи Тоҷикистон татбиқи лоиҳаҳои нақлиёту энергетика баррасӣ гардид
Дар Палатаи ҳисоб оид ба пешгирӣ ва муқовимат ба коррупсия машварат баргузор шуд
Дар Душанбе Протоколи ҷаласаи 14-уми Комиссияи муштараки байниҳукуматии Тоҷикистон ва Туркманистон ба имзо расид