«Истиқлол» пас аз ғалаба бар дастаи «Файзканд»-и ноҳияи Восеъ ба зинаи аввали ҷадвали Лигаи олӣ баромад
ДУШАНБЕ, 20.08.2021 /АМИТ «Ховар»/. Дар бозии мавқуфмондаи даври панҷуми Чемпионати Тоҷикистон оид ба футбол миёни дастаҳои Лигаи олӣ дастаи футболи «Истиқлол»-и шаҳри Душанбе бар дастаи «Файзканд»-и ноҳияи Восеъ бо ҳисоби калони 4:0 ғалаба карда, ба ҷои аввали ҷадвали мусобиқа баромад. Дар ин бора шореҳи варзиши АМИТ «Ховар» Меҳрони Қурбон бо истинод ба Федератсияи футболи Тоҷикистон иттилоъ медиҳад.
Бозии дастаҳо 18 август дар Варзишгоҳи марказии ҷумҳуриявии шаҳри Душанбе хеле ҷолиб баргузор шуд. Алишер Ҷалилов дар охири нимаи аввал ҳисобро кушода, дар оғози нимаи дуюм голи дуюмашро зад. Ду тӯби дигарро Манучеҳр Сафаров вориди дарвозаи ҳариф намуд.
Ҳамин тариқ, пас аз ин вохӯрӣ дар ҷадвали чемпионат тағйирот ба амал омад. Дастаи футболи «Истиқлол»-и шаҳри Душанбе акнун бо 30 хол дар ҷои аввал қарор гирифт. Дастаи футболи «Хуҷанд»-и шаҳри Хуҷанд бо тафовути як хол (29) дар ҷои дуюм аст. Дастаи футболи «Истаравшан»-и шаҳри Истаравшан, ки 25 хол дорад, сегонаи аввалро ҷамъбаст мекунад.
Ёдовар мешавем, ки бозиҳои даври 16-уми Чемпионати Тоҷикистон оид ба футбол миёни дастаҳои Лигаи олӣ 20-21 август доир мешаванд. 20 август дастаҳои футболи КМВА-и шаҳри Душанбе бо «Хуҷанд»-и шаҳри Хуҷанд, «Хатлон»-и шаҳри Бохтар бо «Душанбе»-и шаҳри Душанбе, 21 август дастаҳои футболи «Кӯктош»-и ноҳияи Рӯдакӣ бо «Файзканд»-и ноҳияи Восеъ, «Равшан»-и шаҳри Кӯлоб бо «Эсхата»-и шаҳри Хуҷанд ва «Истиқлол»-и шаҳри Душанбе бо «Истаравшан»-и шаҳри Истаравшан байни ҳам вомехӯранд.
| ҶОЙ | ДАСТАҲО | Б | Ғ | М | Б | +/- | Х |
| 1 | ИСТИҚЛОЛ (ДУШАНБЕ) | 13 | 9 | 3 | 1 | +30 | 30 |
| 2 | ХУҶАНД (ХУҶАНД) | 14 | 9 | 2 | 3 | +15 | 29 |
| 3 | ИСТАРАВШАН (ИСТАРАВШАН) | 15 | 7 | 4 | 4 | +5 | 25 |
| 4 | ЭСХАТА (ХУҶАНД) | 15 | 7 | 2 | 6 | -3 | 23 |
| 5 | РАВШАН (КӮЛОБ) | 14 | 4 | 6 | 4 | 0 | 18 |
| 6 | ХАТЛОН (БОХТАР) | 15 | 4 | 5 | 6 | -7 | 17 |
| 7 | ДУШАНБЕ (ДУШАНБЕ) | 15 | 3 | 6 | 6 | -11 | 15 |
| 8 | КМВА (ДУШАНБЕ) | 15 | 3 | 6 | 6 | -5 | 15 |
| 9 | КУКТОШ (РӮДАКӢ) | 15 | 3 | 4 | 8 | -12 | 13 |
| 10 | ФАЙЗКАНД (ВОСЕЪ) | 15 | 3 | 4 | 8 | -12 | 13 |
АКС аз ФФТ
Хабарҳои дигари ин бахш
Дар Душанбе Мусобиқаи байналмилалии гӯштингирӣ барои дарёфти «Ҷоми Раиси шаҳри Душанбе» доир мешавад
«РОҲИ АБРЕШИМ-2026». Мотосиклчиёни Тоҷикистон дар мусобиқаи байналмилалӣ соҳиби ҷойҳои намоён шуданд








Дар шаҳри Анталияи Туркия Форуми 8-уми Этноспорт баргузор гардид
«ҶОМИ РАИСИ ШАҲРИ ДУШАНБЕ». Дар пойтахт Мусобиқаи байналмилалӣ оид ба гӯштингирӣ баргузор гардид
Паралимпичиёни тоҷик бо дастовардҳои бузурги варзишӣ ба Ватан баргаштанд
ФУТБОЛ. Имрӯз Чемпионати Тоҷикистон байни дастаҳои Лигаи якум оғоз мешавад
Дастаи мунтахаби олимпии Тоҷикистон оид ба футбол ғолиби мусобиқаи байналмилалӣ дар Ҳиндустон гардид
Абубакр аз Тоҷикистон ва Ҷасур аз Узбекистон соҳиби шоҳҷоизаҳои мусобиқаи гӯштини миллӣ дар Кӯлоб шуданд
Дастаи мунтахаби Тоҷикистон оид ба футбол ба марҳилаи ниҳоии Ҷоми Осиё-2027 роҳ ёфт
БОЗИИ РӮЗ! Имрӯз бозии ниҳоии марҳилаи интихобии Ҷоми Осиё-2027 байни Тоҷикистон ва Филиппин доир мегардад
Гурӯҳи доварон аз Тоҷикистон бозии дастаҳои Сурия ва Афғонистонро ҳакамӣ мекунад
ҶОМИ ОСИЁ-2027. Пагоҳ бозии даври 6-уми марҳилаи интихобӣ байни дастаҳои мунтахаби Тоҷикистон ва Филиппин доир мешавад






