Комил Мирзоалӣ: Суръати рушди иқтисодиёти Тоҷикистон аз роҳиоҳанчиён назари тоза ва иҷрои вазифаҳои бештарро талаб менамояд

Август 17, 2021 11:48

ДУШАНБЕ, 17.08.2021 /АМИТ «Ховар»/. Имрӯз кормандони роҳи оҳани Тоҷикистон иди касбии худро таҷлил менамоянд. 17 августи соли 1994 бо Қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Корхонаи воҳиди давлатии «Роҳи  оҳани Тоҷикистон» таъсис дода шуд. Иди касбии роҳиоҳанчиёни тоҷик  имсол ба даврае рост омад, ки мардуми Тоҷикистон яке аз ҷашнҳои бузурги миллӣ -30-юмин солгарди Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистонро дар сатҳи баланд истиқбол мегиранд.

Тавре дар суҳбат  бо хабарнигори АМИТ «Ховар» Сардори Корхонаи воҳиди давлатии «Роҳи оҳани Тоҷикистон» Комил Мирзоалӣ изҳор дошт, “Роҳи оҳани Тоҷикистон гарчанде таърихи тӯлонӣ дорад, аммо дар солҳои Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамчун яке аз соҳаҳои афзалиятноки иқтисодиёти кишвар рушд намуда, ба дастовардҳои назаррас ноил гардид. Ин аст, ки бо мақсади рушди соҳаи нақлиёти роҳи оҳани Тоҷикистон ва ба кишвари транзитӣ табдил додани он зарфи 30 соли Истиқлоли давлатии Тоҷикистон дар самти нақлиёти роҳи оҳан, сохтмони роҳҳои оҳани дохилӣ ва минтақавӣ тарҳҳои бузург амалӣ гардиданд”.


Комил Мирзоалӣ афзуд, ки  сохтмони роҳи оҳани Бохтар -Кӯлоб соли 1999 бо дарозии 132 километр, ки дар ин масир иншооти сунъӣ, 5 пули калон ва 7 истгоҳу вокзал бунёд гардидаанд, инчунин сохтмони роҳи оҳани Душанбе-Бохтар-Кӯлоб, қитъаи Ваҳдат Ёвон бо масофаи 40,7 километр мисоли барҷастаи ин гуфтаҳост.

Ба андешаи сардори «Роҳи оҳани Тоҷикистон», дар доираи сохтмони ин роҳи оҳан 3 нақб ба масофаи 3643 метр, 8  пул бо дарозии 683,2 метр мавриди истифода қарор дода шуданд. Қитъаи роҳи оҳани  сохташуда барои иқтисоди миллӣ муҳим буда, робитаи мустақиму устувори нақлиётиро байни марказ ва ҷануби мамлакат ба вуҷуд овард ва ба авҷи сохтмони корхонаҳои азими саноатию истеҳсолӣ дар кишвар мусоидат намуд. Ба ҳам пайвастани қитъаҳои марказию ҷанубии роҳи оҳан барои содиркунандагони молу маҳсулоти ватанӣ имкон фароҳам овард, ки бо хароҷоти кам ва масофаи нисбатан наздик борҳоро интиқол диҳанд. Дар ояндаи начандон дур ин қитъаи роҳи оҳан ҳамчун як ҷузъи роҳи транзитӣ барои интиқоли борҳо тавассути қаламрави Тоҷикистон ва баромадан ба кишварҳои сеюм истифода хоҳад шуд.

Сардори «Роҳи оҳани Тоҷикистон» зикр намуд, ки дар доираи Барномаи мақсадноки давлатии рушди комплекси нақлиёти Ҷумҳурии Тоҷикистон то соли 2025 ҷиҳати таҳкими  иқтидори техникии КВД «Роҳи оҳани Тоҷикистон» 769 вагони боркаш, 168 вагони мусофирбар, 2 вагон-тарабхона, инчунин 7 тепловоз, 2 вагон- тарабхона ва 1 дизел-поезди мусофирбарӣ харид ва дастрас гардиданд, ки айни замон дар самти боркашонӣ ва мусофирбарии байналмилалӣ фаъолият доранд.


Бори аввал дар даврони истиқлол қатораҳои мусофирбари байналмилалӣ дар масири Кӯлоб-Москва-Кӯлоб ва Хуҷанд-Москва-Хуҷанд ба фаъолият шурӯъ намуданд. Инчунин 34 истгоҳу 4 вокзали роҳи оҳан, аз ҷумла бинои замонавии истгоҳҳои Хонақо, Истиқлол,  Хуҷанд, Ёвар, Маҳрам, Кӯлоб, Спитамен, Айнӣ, Сангтӯда, Ҷалолиддини Балхӣ, Бостон ва Баҳор  сохта, бинои истгоҳҳои роҳи оҳани Қайроққум, Регар, Душанбе-1, Душанбе-2, Данғара, Ҳулбук, Исфара, Конибодом, Шаҳритус ва Хушодӣ бозсозӣ гардиданд. Ба фаъолият шурӯъ  кардани аввалин заводи истеҳсоли шпалҳои оҳану бетонӣ дар шаҳри Левакант соли 2003 ва нахустин  корхонаи вагонтаъмиркунии «Маҳрам»  соли 1995 дастоварди замони истиқлоли давлатии кишвар мебошад. Ҳамзамон дар доираи «Барномаи мақсадноки давлатии рушди комплекси нақлиёти Ҷумҳурии Тоҷикистон то соли 2025» сохтмони роҳи оҳани Ҷалолиддини Балхӣ-Ҷайҳун-Панҷи Поён-Қундуз пешбинӣ шудааст.

Имтиёзҳо  ба соҳибкорон

Бо мақсади осон намудани кори соҳибкорон, хотима додан ба саргардонӣ ва хароҷоти зиёди мусофирони вилояти Хатлон ва сабук намудани роҳҳои мошингард аз мошинҳои калонҳаҷм ва инчунин барқарор намудани ҷойҳои корӣ соли 2018 хатти роҳи оҳани Бохтар-Тирмиз, нуқтаи гузариши байнидавлатии Амузанг барқарор гардид.


Сардори КВД «Роҳи оҳани Тоҷикистон» Комил Мирзоалӣ мегӯяд, ки роҳбарияти корхона бо мақсади муҳайё намудани шароити мусоид барои содироти маҳсулоти кишоварзӣ масъалаи таҷдиди назари тарифҳои боркашониро барои содироткунандагони маҳсулоти кишоварзӣ мавриди баррасӣ қарор дода, ҷиҳати пешниҳоди тахфифҳо бо кишварҳои дуру наздик тадбирҳои зарурӣ андешид. Дар натиҷа ҶСК «Российские железные дороги» соли 2021 барои боркашонии маҳсулоти зудвайроншаванда дар вагонҳои рефрижератории КВД  «Роҳи оҳани Тоҷикистон» коэффитсиенти пасткунанда- 50 фоиз сабукӣ дар қаламрави роҳҳои оҳани Русия ва 50 фоиз сабукӣ барои интиқоли транзити алюминий то бандари «Новороссийский морской торговый порт» пешниҳод намуд. Қазоқистон барои воридоти чӯбу тахта 30 фоиз,  содироти маҳсулоти кишоварзӣ 50 фоиз ва борҳои транзитӣ тавассути порти Оқтой /Курик то 50 фоиз сабукӣ пешниҳод кард. Тибқи санади ба имзо расида байни КВД «Роҳи оҳани Тоҷикистон» ва ҶС «Узбекистон темир йуллари» аз 35 фоиз то 60 фоиз сабукиҳо барои соли 2021 пешниҳод гардиданд. Ҳамзамон тавассути қитъаи роҳи оҳани Амузанг-Келес барои содироти пиёз 60 фоиз сабукӣ пешниҳод шуда, вақти ҳаракати қатора то 72 соат муайян шуд, ки имкон медиҳад соҳибкорон ва интиқолдиҳандагони бор дар муҳлати кӯтоҳтарин молу маҳсулоти худро то нуқтаи таъйинот бидуни мушкилӣ расонанд.

Тибқи супориши Ҳукумати мамлакат, КВД «Роҳи оҳани Тоҷикистон» барои зиёд кардани ҳаҷми боркашонӣ мунтазам сабукиҳо пешниҳод намуд, аз ҷумла, барои содироти  маҳсулоти зудвайроншавандаи кишоварзӣ аз вилояти Хатлон 90 фоиз,  алюминий 60 фоиз, гилхок 10 фоиз, барои кашонидани семент аз истгоҳи Ёвон то истгоҳи Амузанг бо нимвагон 50 фоиз ва бо вагони болопӯш 40 фоиз, барои содироти ҳама намуди бор аз ҳамаи истгоҳҳои минтақаи Суғд ба самти истгоҳи Истиқлол 20 фоиз,  аз истгоҳи Хуҷанд ба самти истгоҳи Бекобод 30 фоиз, аз истгоҳҳои Спитамен ва Ҷ.Расулов ба самти истгоҳи Бекобод 40 фоиз, аз истгоҳи шаҳри Исфара то истгоҳи Бекобод барои содироти меваи хушк 30 фоиз, барои содироти орд тавассути нақлиёти роҳи оҳан 50 фоиз сабукӣ ироа шудааст.

Мутахассисони ботаҷриба- омили пешрафти кор

Ба андешаи сардори Роҳи оҳани Тоҷикистон, бо назардошти нақшаҳои стратегии рушди корхона масъалаи омода намудани мутахассисони ҷавон дар мадди аввал гузошта шуда, яке аз омилҳои муҳими омода намудани  онҳо сармоягузорӣ ба таҳсили донишҷӯёни ин соҳа мебошад.

Бо ин мақсад дар корхона Барномаи омодасозии кадрҳои ҷавон таҳия гардида, шурӯъ аз соли 2004 донишҷӯён дар макотиби олии тахассусии Русия ва Украина таҳсил менамоянд. Тамоми хароҷоти раванди таҳсил пурра аз ҳисоби Роҳи оҳани Тоҷикистон амалӣ мегардад, зеро баъди анҷоми таҳсил хатмкунандагон дар корхонаҳои роҳи оҳан бо кор таъмин мешаванд.

Ҳавасмандгардонӣ

Музди меҳнати кормандони корхонаҳои роҳ ҳамеша сари вақт пардохта шуда, андозаи миёнаи он ба таври муназзам баланд бардошта мешавад. Низоми идораи мақсаднок ҷорӣ гардидааст, ки ҳар моҳ ба музди меҳнати собит мукофотпулӣ илова мешавад, ки он ба натиҷаи фаъолият ва иҷрои вазифаҳои гузошташуда дар моҳи ҳисоботӣ рабт дорад,- афзуд Сардори КВД «Роҳи оҳани Тоҷикистон».

Мавсуф афзуд, ки дар корхонаҳои роҳи оҳан анъанаи ҳавасмандсозии моддии кормандони нисбатан фаъол низ ҷой дорад. Ҳамасола бахшида ба иди касбӣ – Рӯзи роҳиоҳанчиён кормандони муваффақ аз номи Сардори роҳи оҳан бо туҳфаҳои арзишманд қадрдонӣ мешаванд.

Меҳнат бо истироҳат хуш аст

Роҳбарияти роҳи оҳани Тоҷикистон ба масъалаи истироҳату фароғати роҳиоҳанчиён таваҷҷуҳи хосса зоҳир намуда, дар назди роҳи оҳан истироҳатгоҳҳо фаъолият доранд, ки онҳо дар мавзеъҳои хушманзара ва хушобу ҳавои диёри кӯҳистонамон ҷойгиранд, мегӯяд сардори «Роҳи оҳани Тоҷикистон». Истироҳатгоҳи «Роҳиоҳанчиён», воқеъ дар дараи Ромит,  Хонаи истироҳатии «Шаҳристон», ки дар  домони ағбаи Шаҳристон, дар баландии беш аз ду ҳазор метр аз сатҳи баҳр, дар байни теппаҳои кӯҳ ҷойгир шудаву онҳоро дарахту буттаҳои бурсу арча ва марғзори сабзпӯш иҳота кардаанд, аз ҳамин қабиланд. Кормандони роҳи оҳан имкон доранд, ки дар соҳили Баҳри тоҷик истироҳат намоянд.

Мавзеи дигари истироҳати тобистонаи кормандони роҳи оҳан Хонаи истироҳатии «Сарбанд» аст, ки дар  ҷануби Тоҷикистон, дар соҳили рӯди Вахш воқеъ аст. Он на танҳо барои барқарорсозии неруи корӣ, инчунин барои шикор низ созгор аст. Барномаи рушди иҷтимоии корхона солимии роҳиоҳанчиёнро низ фарогир аст. Роҳи оҳани Тоҷикистон қариб ягона корхонаест, ки беморхонаи соҳавӣ дошта, роҳиоҳанчиён ва аҳли байти онҳо ба таври ройгон табобат мегиранд. Ҳамасола барои таъмини он бо таҷҳизоти муосири табобатию профилактикӣ маблағҳои зиёд сарф мешаванд. Барои кормандони роҳи оҳан дар наздикии вокзал ва дигар корхонаҳои роҳ се бинои 9-ошёна ва 10- ошёна ба истифода дода шудаанд. Кормандони роҳи оҳан имкони таълими ройгони фарзандонашонро дар муассисаҳои томактабӣ низ доранд. Мактаббачагон дар давраи таътили тобистона дар беҳтарин лагерҳои ҷумҳурӣ ба  истироҳат фаро гирифта мешаванд.

Роҳи оҳани Тоҷикистон барои дастгирии муассисаҳои таълимии кӯдакона ва мактаб-интернатҳои вобасташуда, хонаи пиронсолон, маъюбону ниёзмандон кумакҳои моддӣ ва молиявӣ мерасонад. Он ҳамчун корхонаи азими давлатӣ ҳадафҳои стратегии Ҳукумати ҷумҳуриро дастгирӣ намуда, ҳиссаи сазовори молиявии худро дар бунёди НБО «Роғун» гузошта, яке аз саҳмдорони бузург мебошад.

Бунёдкориҳо ба ифтихори ҷашни Истиқлоли давлатӣ

«Роҳи оҳани Тоҷикистон»  дар доираи тадбирҳои омодагӣ ба ҷашни 30-солагии Истиқлоли давлатии ҷумҳурӣ ва таҷдиду  нигоҳдории пулҳои КВД «Роҳи оҳани Тоҷикистон»- 5 пул воқеъ дар хиёбони С. Шерозӣ (Текстил), кӯчаи А. Дониш (фурудгоҳ), хиёбони Ҳ.Шерозӣ (Наврӯзгоҳ), пули Автовокзал (н. Сино) ва пули шаҳраки 103, кӯчаҳои М. Шерализода ва А. Ғуломов (н. Сино) ва гузаргоҳҳои  роҳи оҳанро ба маблағи 8,5 миллион сомонӣ  ба таври замонавӣ таҷдиду навсозӣ намуд. Инчунин гулгашти қисмати ғарбии хиёбони Рӯдакӣ, боғи ба номи Аҳмади Дониш ва гулгашти назди вокзали роҳи оҳани пойтахт бо тарҳи зебою муосир бунёд ва ба истифода дода шуданд.


«Суръати рушди иқтисодиёти ҷумҳурӣ аз мо – роҳиоҳанчиён диду назари тоза ва иҷрои вазифаҳои бештар талаб менамояд, ки амалӣ намудани онҳо маблағгузории калон ва навсозии парки техникии корхонаро тақозо менамояд. Вақт ва давраҳои тайшуда гувоҳи онанд, ки ҳама гуна кор имконпазир аст. Мо дар ояндаи наздик татбиқи лоиҳаҳои азими созандагиро ба нақша гирифтаем ва итминони комил дорем, ки бо меҳнати аҳлонаи роҳиоҳанчиён ва дастгириҳои пайвастаи ҳукумати кишвар аз уҳдаи иҷрои онҳо сарбаландона мебароем»,- гуфт дар анҷоми суҳбат Комил Мирзоалӣ.

Марзия САИДЗОДА,
АМИТ «Ховар»

АКСҲО: КВД «Роҳи оҳани Тоҷикистон»

P.S. Ҳайати эҷодии АМИТ «Ховар» роҳиоҳанчиёни тоҷикро бо иди касбиашон шодбош намуда, ба онҳо саломатӣ ва комёбӣ таманно дорад.

Август 17, 2021 11:48

Хабарҳои дигари ин бахш

Дар Душанбе ҷаласаи даҳуми Шурои ҳамоҳангсози миллӣ оид ба рушди соҳаи сайёҳӣ баргузор гардид
Дар Озарбойҷон ташаббусҳои Президенти Тоҷикистон дар самти ҳифзи пиряхҳо таъкид гардиданд
Масъалаҳои фаъолияти дидбонгоҳҳои гумрукии наздисарҳадӣ баррасӣ шуданд
Ҷаласаи 7-уми Комиссияи муштараки ҳамкории тиҷоратӣ, иқтисодӣ ва илмӣ-техникии Тоҷикистон ва Покистон доир мегардад
Дар Душанбе Лоиҳаи дуюми мукаммалгардонии идоракунии молияи давлатӣ баррасӣ гардид
Дар Сингапур имконияти ҳамкории дуҷониба бо Тоҷикистон баррасӣ шуд
Пагоҳ дар вилояти Хатлон Форуми байналмилалии сармоягузорӣ доир мегардад
Дар Боку бо ташаббуси ҷониби Тоҷикистон оид ба мониторинги криосфера ва ҳамкорӣ барои тақсимоти захираҳои обӣ чорабинии канорӣ доир шуд
Ҳайати Тоҷикистон дар Форуми тиҷоратӣ-сармоягузории кишварҳо дар шаҳри Сингапур иштирок намуд
Дар Тоҷикистон Барномаи «Маблағгузории занҷираи арзиши агросектор» ҷамъбаст гардид
Ҷалби сармоягузории мустақими Ҷумҳурии Сингапур ба Ҷумҳурии Тоҷикистон баррасӣ карда шуд
Дар «Фестивал-намоиш ва фурӯши чорвои зотӣ» дастовардҳои соҳаи чорводорӣ муаррифӣ гардиданд