Маҳдум Шоҳ Маҳмуд Қурейшӣ: «Покистон пешниҳодҳои ҷониби Тоҷикистонро оид ба роҳҳои таъмини сулҳу субот дар Афғонистон дастрас намуд»

Август 25, 2021 13:37

ДУШАНБЕ, 25.08.2021 /АМИТ «Ховар»/. Имрӯз Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон Вазири корҳои хориҷии Ҷумҳурии Исломии Покистон Маҳдум Шоҳ Маҳмуд Қурейширо, ки бо сафари корӣ дар кишвари мо қарор дорад, ба ҳузур пазируфтанд. Пас аз анҷоми мулоқот бо иштироки Маҳдум Шоҳ Маҳмуд Қурейшӣ нишасти матбуотӣ баргузор гардид, хабар медиҳад хабарнигори АМИТ «Ховар».

«Дар мулоқот бо Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон вазъи кунунӣ дар Афғонистон ва таъмини амнияти минтақавӣ баррасӣ гардида, ҷониби Покистон мавқеи худро дар ин масъала  баён намуд», — таъкид  кард Вазири корҳои хориҷии Ҷумҳурии Исломии Покистон.

Ба гуфти Маҳдум Шоҳ Маҳмуд Қурейшӣ, ваъияти имрӯзаи тағйирёбандаи Афғонистон дар оянда метавонад пеш аз ҳама ба кишварҳои ҳамҷавори бевоситаи Афғонистон таъсири бузург  расонад. Дар баробари ин мо метавонем аз ин вазъият имконияти дигарро низ  ба назар гирем.

«Сулҳу субот дар Афғонистон барои таъмини амнияти минтақа метавонанд кумак расонанд. Имрӯз мақсади асосӣ он аст, ки тамоми ҷонибҳои манфиатдор дар якҷоягӣ бояд ояндаи Афғонистонро баррасӣ намоянд», — зикр намуд Маҳдум Шоҳ Маҳмуд Қурейшӣ.

Инчунин таъкид гардид, ки Афғонистон кишварест, ки дар он ақаллияти миллии гуногун зиндагӣ  ба сар мебаранд, ки ҳар яки онҳо манфиатҳои худро дорад.

«Ҷумҳурии Исломии Покистон тарафдори таъсиси Ҳукумати фарогири инклюзивӣ дар Афғонистон мебошад, ки дар он намояндагони тамоми қавмҳо метавонанд ба таври фаъол иштирок намоянд»,- ибрози ақида намуд Вазири корҳои хориҷии Ҷумҳурии Исломии Покистон.

Маҳдум Шоҳ Маҳмуд Қурейшӣ таъкид намуд, ки сафари ӯ ба Душанбе бо дастури хоссаи Сарвазири Покистон Имрон Хон сурат мегирад. Ӯ зикр кард, ки  Сарвазири Покистон Имрон Хон нисбат ба Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон эҳтироми хосса зоҳир мекунад.

«Барои ҳамин ман ба Душанбе ба он мақсад омадам, ки  фикру ақидаи ҷониби Ҷумҳурии Тоҷикистон ва маслиҳати  муҳтарам Ҷаноби Олиро вобаста ба масъалҳои мазкур пайдо намоям.

Ҷониби Тоҷикистон нигарониҳои худро оид ба вазъи кунунии Афғонистон ба мо пешниҳод намуд, ки онҳоро ба Сарвазири Покистон мерасонем», — гуфт Маҳдум Шоҳ Маҳмуд Қурейшӣ.

АКС аз Хадамоти матбуоти Президенти ҶТ/АМИТ «Ховар»

Август 25, 2021 13:37

Хабарҳои дигари ин бахш

Фиристодаи махсуси СММ: «Давлатҳо бояд сиёсатҳо ва амалҳоро тағйир дода, сармоягузорӣ ва татбиқи лоиҳаҳоро дар соҳаи идораи захираҳои обӣ ба роҳ монанд»
Ҷоизаи байналмилалии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар соҳаи об таъсис дода шуд
Сарвазири Бурунди: «Тоҷикистон ба маркази муколамаи глобалӣ оид ба масъалаҳои об табдил ёфтааст»
Пешвои миллат: ««Чаҳорчӯби Душанбе барои об» муҳаррики пешбурди Рӯзномаи ҷаҳонии об пас аз соли 2030 хоҳад шуд»
Президенти Тоҷикистон: «Талаботи ҷаҳон ба оби ошомиданӣ то соли 2050 ҳадди ақалл 25 фоиз зиёд мешавад»
РАВАНДИ ОБИ ДУШАНБЕ. Ба Конфронси чоруми оби Душанбе беш аз 150 волонтёри ҷавон ҷалб гардидааст
ТАЪРИХ ГУВОҲ АСТ… Эҳдо ба 35-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон
Стратегияи рушди соҳаи алоқа, барномаҳои давлатӣ ва омодагӣ ба 35-солагии Истиқлоли давлатӣ дар маҷлиси Ҳукумат баррасӣ гардид
Президенти Тоҷикистон аз афзоиши тӯфонҳои чанголуд дар минтақаи Осиёи Марказӣ изҳори нигаронӣ намуданд
ТАШАББУСҲОИ МОНДАГОРИ ПЕШВОИ МИЛЛАТ ДАР ШИНОХТ ВА МУАРРИФИИ ТАЪРИХУ ТАМАДДУНИ ОРИЁӢ
Меҳрномаи як ҳамзабон ба Пешвои тоҷикони ҷаҳон Эмомалӣ Раҳмон
ПАРЧАМИ НАНГУ НОМИ МО. Аз барафрохтани Парчами давлатии Тоҷикистон дар шаҳри Душанбе 14 сол сипарӣ гардид