Марҳилаи дуюми Чемпионати Тоҷикистон оид ба футбол миёни дастаҳои Лигаи олӣ бо пирӯзии «Истиқлол» анҷом ёфт
ДУШАНБЕ, 30.08.2021 /АМИТ «Ховар»/. Бо баргузор шудани бозиҳои даври ҳаждаҳум 28-29 август марҳилаи дуюми Чемпионати Тоҷикистон оид ба футбол миёни дастаҳои Лигаи олӣ ба анҷом расид, хабар медиҳад шореҳи варзиши АМИТ «Ховар» Меҳрони Қурбон бо истинод ба Федератсияи футболи Тоҷикистон.
Дар даври ҳаждаҳум дастаи футболи «Хатлон»-и шаҳри Бохтар дар майдони худ бар дастаи «Эсхата»-и шаҳри Хуҷанд бо ҳисоби 1:0 пирӯз шуд. Голи ягонаро Саидшо Бозоров дар дақиқаи 77 ба нишон расонид.
Дар ду бозии дигар дастаҳои футболи «Душанбе»-и шаҳри Душанбе бар «Хуҷанд»-и шаҳри Хуҷанд ва «Равшан»-и шаҳри Кӯлоб бар «Истаравшан»-и шаҳри Истравшан бо ҳисоби якхелаи 2:1 зафар ёфтанд. Голҳои дастаи футболи «Душанбе»-и шаҳри Душанберо Парвизҷон Ҳамидов, Хуршед Абдуллоев, голҳои дастаи футболи «Равшан»-и шаҳри Кӯлобро Сафаралӣ Каримов ва Аваз Қамчинов ба дарвоза заданд.
Клуби марказии варзишии артиш (КМВА) дастаи футболи «Файзканд»-и ноҳияи Восеъро бо ҳисоби 1:0 мағлуб намуд. Голро Шарафҷон Солеҳов дар дақиқаи 31 аз пеналтӣ ба ҳадаф расонид. Дар бозии охирини давр дастаи футболи «Истиқлол»-и шаҳри Душанбе бар «Кӯктош»-и ноҳияи Рӯдакӣ бо ҳисоби калони 7:1 ғолиб омад. Алишер Ҷалилов ду гол, Амирбек Ҷӯрабоев, Шервонӣ Мабатшоев, Манучеҳр Ҷалилов, Салам Ашурмамадов ва Рустам Соиров якголӣ заданд.
Ҳамин тариқ, марҳилаи дуюми Чемпионати Тоҷикистон оид ба футбол миёни дастаҳои Лигаи олӣ бо пирӯзии дастаи футболи «Истиқлол»-и шаҳри Душанбе (39 хол) поён ёфт. Дастаи футболи «Истиқлол»-и шаҳри Душанбе ҳамчунин ду бозии анҷомнадода дар ихтиёр дорад. Дастаи футболи «Хуҷанд»-и шаҳри Хуҷанд бо 32 хол дар ҷои дуюм аст. Сегонаи аввалро дастаи футболи «Истаравшан»-и шаҳри Истаравшан (26 хол) ҷамъбаст мекунад.
Ёдовар мешавем, ки марҳилаи сеюми Чемпионати Тоҷикистон оид ба футбол миёни дастаҳои Лигаи олӣ 17 сентябр оғоз гардида, то 9 декабр идома меёбад. Дар даври 19-ум 17 сентябр дастаҳои футболи «Истаравшан»-и шаҳри Истаравшан бо «Файзканд»-и ноҳияи Восеъ, «Эсхата»-и шаҳри Хуҷанд бо КМВА-и шаҳри Душанбе, 18 сентябр дастаҳои футболи «Истиқлол»-и шаҳри Душанбе бо «Равшан»-и шаҳри Кӯлоб, «Хатлон»-и шаҳри Бохтар бо «Кӯктош»-и ноҳияи Рӯдакӣ, «Хуҷанд»-и шаҳри Хуҷанд бо «Душанбе»-и шаҳри Душанбе бо ҳам вомехӯранд.
| ҶОЙ | ДАСТАҲО | Б | Ғ | М | Б | Т-Т | Х |
| 1 | «Истиқлол» (Душанбе) | 16 | 12 | 3 | 1 | 50-7 | 39 |
| 2 | «Хуҷанд» (Хуҷанд) | 17 | 10 | 2 | 5 | 33-19 | 32 |
| 3 | «Истаравшан» (Истаравшан) | 18 | 7 | 5 | 6 | 21-19 | 26 |
| 4 | «Эсхата» (Хуҷанд) | 18 | 7 | 3 | 8 | 26-31 | 24 |
| 5 | КМВА (Душанбе) | 18 | 6 | 6 | 6 | 22-23 | 24 |
| 6 | «Равшан»(Кӯлоб) | 17 | 5 | 8 | 4 | 18-17 | 23 |
| 7 | «Хатлон» (Бохтар) | 18 | 6 | 5 | 7 | 18-24 | 23 |
| 8 | «Душанбе»(Душанбе) | 18 | 4 | 6 | 8 | 20-37 | 18 |
| 9 | «Файзканд» (Восеъ) | 18 | 4 | 5 | 9 | 13-24 | 17 |
| 10 | «Кӯктош» (Рӯдакӣ) | 18 | 3 | 5 | 10 | 22-42 | 14 |
АКС аз ФФТ








Дастаи мунтахаби Тоҷикистон дар Чемпионати Осиё оид ба ҷудо дар Чин иштирок мекунад
Дар Бадахшон беҳтаринҳо дар гӯштин, волейбол ва дави наврӯзӣ муайян гардиданд
Ғолибони Шоҳҷоизаҳои Мусобиқаи гӯштини миллӣ (гӯштингирӣ) дар деҳаи Пушинги ноҳияи Данғара муайян шуданд
35 медали паралимпичиёни тоҷик бахшида ба 35-солагии Истиқлоли давлатӣ дар Фестивали байналмилалӣ дар шаҳри Сочии Русия
МУСОБИҚАИ АСПДАВОНӢ. Ин бозии миллӣ аз ҷумлаи расму ойинҳои Наврӯз аст
Дастаи мунтахаби олимпии Тоҷикистон (U-23) аввалин пирӯзиашро дар мусобиқаи байналмилалӣ дар Ҳиндустон ба даст овард
Дастаи мунтахаби наврасони Тоҷикистон (U-17) бо дастаи Чин бозиҳои дӯстона анҷом дод
Мадина Қурбонзода ва Абубакр Шеров соҳиби шоҳҷоизаҳои Мусобиқаи гӯштини миллӣ (гӯштингирӣ) дар ноҳияи Данғара шуданд
Мутахассиси беларусӣ ба ситоди мураббиёни дастаи мунтахаби Тоҷикистон оид ба футбол ҳамроҳ шуд
ФЕСТИВАЛИ БОЗИҲОИ МИЛЛИИ ВАРЗИШӢ. Дар он зиёда аз 50 намуд бозиҳои миллӣ намоиш дода мешаванд
Дастаи мунтахаби Тоҷикистон оид ба футбол машқҳои дастҷамъиро дар Душанбе оғоз кард
«DUSHANBE GRAND SLAM 2026». Аз 1 то 3 май дар Душанбе Мусобиқаи байналмилалӣ оид ба ҷудо доир мешавад






