Мулоқоти муовини Вазири тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ Шодихон Ҷамшед бо кормандони соҳаи тибби ВМКБ

Август 10, 2021 11:56

ХОРУҒ, 10.08.2021 /АМИТ  «Ховар»/.  9 август муовини Вазири тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон Шодихон Ҷамшед дар толори калони мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Хоруғ бо сардори идораву муассисаҳои шаҳр ва як гурӯҳи мутахассисони соҳаи тибби Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон доир ба пешгирӣ ва табобати бемории Ковид- 19 мулоқот намуд.

Гуфта шуд, ки аз нимаи дуюими моҳи июни соли равон ин бемории ҳамагир бо штами навъи «Делта плюс» паҳн гардид, ки бо фарқ аз  намудҳои қаблӣ наврасону ҷавонон низ ба он гирифтор мешаванд.

«Мутаассифона то имрӯз дар ҷаҳон ягон навъи дору барои табобати ин беморӣ ихтироъ нашудааст ва ягона роҳи наҷот аз бемории мазкур сари вақт эмгузаронии аҳолӣ аст. Ҳамчунин  истифода аз ниқоб дар ҷойҳои чамъиятӣ, маҳлулҳои зиддисептикӣ, риояи фосилаи иҷтимоӣ ва қоидаҳои беҳдоштӣ ҳамоно муассир боқӣ мемонанд. Дар давоми камтар аз як моҳ бо саъю талоши бахусус ҳамшираҳои шафқат 34 ҳазор нафар воксин гирифтанд», — иброз дошт ӯ.

Шодихон Ҷамшед ба ҳамшираҳои шафқат барои хизмати софдилонаву содиқонаашон дар маъракаи эмкунӣ изҳори сипос намуда, гуфт, ки дар ноҳияи Роштқалъа танҳо як нафар ҳамшираи шафқат 150 нафар сокинони деҳот ва дар ноҳияи Рӯшон бошад як ҳамшираи шафқат  92 нафарро  воксин задааст, ки ин баробар ба кори кормандони як шуъбаи беморхона аст.

Раиси вилоят Ёдгор Файзов гуфт, ки дар давоми ҳамагӣ ду сол барои таъмиру азнавсозии муассисаҳои табобатии вилоят ҳукумати ҷумҳурӣ 129 миллион сомонӣ ихтисос дод ва аксари беморхонаҳои ноҳиявӣ бо таҷҳизоти муосири тиббӣ таъмин гардиданд. То охири ҳамин сол дар ноҳияи Ишкошим беморхонаи дорои 20 кат ба истифода дода мешавад. Дар ояндаи наздик Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ модули нав  ба маблағи 4,5 миллион доллар барои муассисаҳои тиббӣ дастрас мекунад.

Ҳарчанд беморхонаву марказҳои саломатӣ сол аз сол бештар бо таҷҳизоти муосири тиббӣ ҷизонида мешаванд, аммо норасоии мутахассисони соҳаи тиб ба назар мерасанд. Ҳоло Маркази давлатии санитарию эпидемологии вилоят ба 22 мутахассис ниёз дорад. Ҳамчунин дар муассисаҳои табобатӣ рентгенологу равоншиносу табиби оилавӣ намерсанд. Ҳарчанд ҳамасола даҳҳо нафар зодагони вилоят донишгоҳу коллеҷҳои тиббиро хатм мекунанд, аммо ба зодгоҳи худ барнамегарданд. Ба мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳру ноҳияҳои вилоят зарур аст, ки роҳҳои ҳалли ин масъаларо ҷӯё шаванд.

Муовини Вазири тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии ҷумҳурӣ пас аз мулоқот бо вазъи таъмиру таҷдиди бинои маркази саломатии шаҳр, толори варзишии коллеҷи тиббӣ ва омодагии муассисаҳои тиббии вилоят ба фасли зимистон аз наздик шинос шуд.

Август 10, 2021 11:56

Хабарҳои дигари ин бахш

Фиристодаи махсуси СММ: «Давлатҳо бояд сиёсатҳо ва амалҳоро тағйир дода, сармоягузорӣ ва татбиқи лоиҳаҳоро дар соҳаи идораи захираҳои обӣ ба роҳ монанд»
Ҷоизаи байналмилалии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар соҳаи об таъсис дода шуд
Сарвазири Бурунди: «Тоҷикистон ба маркази муколамаи глобалӣ оид ба масъалаҳои об табдил ёфтааст»
Пешвои миллат: ««Чаҳорчӯби Душанбе барои об» муҳаррики пешбурди Рӯзномаи ҷаҳонии об пас аз соли 2030 хоҳад шуд»
Президенти Тоҷикистон: «Талаботи ҷаҳон ба оби ошомиданӣ то соли 2050 ҳадди ақалл 25 фоиз зиёд мешавад»
РАВАНДИ ОБИ ДУШАНБЕ. Ба Конфронси чоруми оби Душанбе беш аз 150 волонтёри ҷавон ҷалб гардидааст
ТАЪРИХ ГУВОҲ АСТ… Эҳдо ба 35-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон
Стратегияи рушди соҳаи алоқа, барномаҳои давлатӣ ва омодагӣ ба 35-солагии Истиқлоли давлатӣ дар маҷлиси Ҳукумат баррасӣ гардид
Президенти Тоҷикистон аз афзоиши тӯфонҳои чанголуд дар минтақаи Осиёи Марказӣ изҳори нигаронӣ намуданд
ТАШАББУСҲОИ МОНДАГОРИ ПЕШВОИ МИЛЛАТ ДАР ШИНОХТ ВА МУАРРИФИИ ТАЪРИХУ ТАМАДДУНИ ОРИЁӢ
Меҳрномаи як ҳамзабон ба Пешвои тоҷикони ҷаҳон Эмомалӣ Раҳмон
ПАРЧАМИ НАНГУ НОМИ МО. Аз барафрохтани Парчами давлатии Тоҷикистон дар шаҳри Душанбе 14 сол сипарӣ гардид