Мумфаршкунии роҳи мошингарди Зафаробод-Бекобод то сарҳади Ҷумҳурии Узбекистон оғоз ёфт
ДУШАНБЕ, 22.08.2021 /АМИТ «Ховар»/. Дар доираи корҳои ободонию созандагӣ ба истиқболи 30-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон мумфаршкунии 5 км роҳи мошингарди Зафаробод-Бекобод то сарҳади Ҷумҳурии Узбекистон оғоз ёфт.
Дар ин бора АМИТ “Ховар” бо истинод ба Хадамоти матбуоти Раиси вилояти Суғд хабар медиҳад.
Дар маросими оғози корҳои мумфаршкунӣ Раиси вилояти Суғд Раҷаббой Аҳмадзода изҳор намуд, ки бо роҳнамоиҳои Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар саросари мамлакат омодагиҳо ба ҷашни таърихии 30-солагии Истиқлоли давлатӣ ҷараён доранд.
Зикр гардид, ки дар ноҳияи Зафаробод низ дар ин раванд даҳҳо иншооти муҳими иҷтимоӣ бунёду навсозӣ гардида, мардум бо рӯҳияи баланд баҳри таҷлили сазовори ҷашни таърихӣ талош доранд.
Иттилоъ дода шуд, ки роҳи мумфаршшаванда дар Ҷамоати деҳоти Ҷомии ноҳияи Зафаробод ҷойгир буда, дарозии умумии он 34,2 километр аст. Масоҳати роҳи мумфаршшаванда 5 км аст ва паҳноии он 7 метр мебошад.
Фармоишгари корҳо Идораи сохтмони асосии мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Суғд ва пудратчӣ ҶДММ “Тоҷроуд” аст.
АКС аз Хадамоти матбуоти Раиси вилояти Суғд








Дар ноҳияи Тоҷикобод Боғи интенсивии «35-солагии Истиқлолият» таъсис дода мешавад
«ДАВЛАТМАРД». Бахшида ба 35-солагии Истиқлоли давлатӣ китоби Далер Абдулло ба нашр расид
ОБОД СОХТАНИ ВАТАН ИБОДАТ АСТ! Соҳибкори саховатпеша 30 ҳазор нафар аҳолии Темурмаликро бо оби нӯшокӣ таъмин намуд
Дар ноҳияи Бобоҷон Ғафуров соҳаи саноат рушд меёбад
Дар маҳаллаи Сангин Ниёзови ноҳияи Мастчоҳ Маркази хайриявии таълимию касбомӯзии «Тоҷикона» ба истифода дода шуд
СОЛИ ОБОДОНИЮ СОЗАНДАГӢ. Дар шаҳри Хоруғ беш аз 5 ҳазор гул шинонида шуд
СОЛИ ВУСЪАТ ДОДАНИ КОРҲОИ ОБОДОНИВУ СОЗАНДАГӢ. Дар Мастчоҳ якчанд иншооти иҷтимоӣ ба истифода дода шуд
СОЛИ ОБОДОНИЮ СОЗАНДАГӢ. Дар деҳаи Оламафрӯзи Ҷамоати Лолазори ноҳияи Данғара пули мошингузар ба истифода дода шуд
Дар ноҳияи Ёвон бинои нави Суди ноҳия ба истифода дода шуд
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон бо рафти корҳои сохтмонӣ дар бинои Театри миллӣ шинос шуданд
СОЛИ ТАҚВИЯТУ ТАҲКИМИ ХУДШИНОСИВУ ХУДОГОҲИИ МИЛЛӢ. Доир ба масоили ҳувияти миллӣ ва амнияти давлат ҳамоиши илмӣ баргузор шуд
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон доир ба рафти омодагиҳо ба таҷлили ҷашни 35-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон машварати корӣ доир намуданд






