МУОСИРГАРДОНИИ ХИЗМАТРАСОНИҲОИ ДАВЛАТӢ БА СОҲИБКОРОНУ САРМОЯГУЗОРОН – ҚАДАМИ УСТУВОР БАРОИ ҶАЛБИ САРМОЯ ВА РУШДИ ИҚТИСОДИ МИЛЛӢ. Андешаҳои Роҳбари Котиботи Шӯрои машваратии назди Президент доир ба мавзӯъ

Август 8, 2021 12:03

ДУШАНБЕ, 08.08.2021 /АМИТ «Ховар»/. Дар замони муосир рушди технологияҳои рақамӣ шарти асосии рақобатнокии иқтисодӣ маҳсуб меёбад. Аз ин рӯ, таъмини рақамикунонии соҳаҳои калидии иқтисодиёти миллӣ, аз ҷумла бахши хизматрасонии давлатӣ ба рушди амиқи маҷмӯи соҳаҳо ва бахшҳои иқтисодию иҷтимоии мамлакат таъсири муассир мегузорад.

Роҳбари Котиботи Шӯрои машваратии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба беҳтар кардани фазои сармоягузорӣ Нуъмон АБДУҒАФФОРЗОДА доир ба расмиёти электронии баррасӣ ва пешниҳоди иҷозатномаҳо, ҳуҷҷатҳои иҷозатдиҳӣ ва сертификатҳои барои фаъолияти соҳибкорӣ ҷоригардида дар суҳбат бо АМИТ «Ховар» чунин ибрози андеша намуд:

 — Дар Паёми имсолаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дастур дода шуд, ки ҷиҳати ҷалби сармояи мустақим, боз ҳам беҳтар гардонидани фазои сармоягузорӣ ва рушди соҳибкорӣ, бахусус ҷиҳати ҷорӣ кардани расмиёти электронии баррасӣ ва пешниҳоди иҷозатномаҳо, ҳуҷҷатҳои иҷозатдиҳӣ ва сертификатҳо барои фаъолияти соҳибкорӣ ва дар ин раванд бартараф намудани омилҳои субъективӣ мақомоти марбута фаъолияти худро густариш диҳанд. Минбаъд барасмиятдарории фаъолияти сармоягузориро тавассути пурра ҷорӣ намудани низоми электрониву рақамӣ амалӣ созанд ва фаъолияти марказҳои хизматрасониро ба соҳибкорону сармоягузорон дар шаҳру ноҳияҳои кишвар ба роҳ монанд.

Бо мақсади иҷрои дастуру ҳидоятҳои Пешвои муаззами миллат имрӯзҳо якчанд ислоҳот оид ба беҳтар намудани фазои сармоягузорӣ, шароити пешбурди соҳибкорӣ ва ба меъёрҳои байналмилалӣ мутобиқ намудани он тавассути рақамикунонии махзани маълумоти вазорату идораҳои давлатӣ, муосиргардонии хизматрасониҳо ба соҳибкорону сармоягузорон ва роҳандозии расмиёт дар реҷаи мустақим, сарфаи вақт ва коҳиш додани хароҷоти пешбурди соҳибкорӣ амалӣ шуда истодаанд.

Дар раванди ҳуҷҷатгузориҳои давлатӣ, технологияҳои молиявию бонкӣ, андозу гумрук, инфрасохтори нақлиёти шаҳрӣ, тиҷорат, сохтмон ва дигар соҳаҳо ҷиҳати истифодаи васеи технологияҳои иттилоотӣ тадбирҳои васеъ амалӣ гардида, корбарии электронӣ ба роҳ монда шудааст.

Ҷорӣ намудани низоми “Равзанаи ягона” ҷиҳати барасмиятдарории амалиёти содиротиву воридотӣ ва транзитӣ, инчунин механизми равзанаҳои ягона барои дастрас намудани иҷозати корҳои сохтмонӣ, пешниҳоди шартҳои техникӣ оид ба пайвастшавӣ ба шабакаҳои барқӣ, бақайдгирии амволи ғайриманқул ва дигар механизмҳои муосир бо истифодаи технологияҳои иттилоотӣ кори соҳибкоронро осон намуда, ба рушди муназзами фаъолияти соҳибкорӣ мусоидат намуда истодааст.

Илова ба ин, татбиқи якчанд лоиҳаҳо бо истифодаи механизми шарикии давлат ва бахши хусусӣ, аз ҷумла “Низоми пардохти электронии роҳкиро ва назорати он дар нақлиёти мусофирбари автомобилии истифодаи умуми шаҳри Душанбе” тибқи Созишномаи шарикии давлат ва бахши хусусӣ мавриди амал қарор дорад.

Анҷом додани бақайдгирии давлатии фаъолияти соҳибкорӣ дар реҷаи мустақим (онлайн). Бо мақсади рушди фаъолияти соҳибкорӣ ва фароҳам овардани шароит барои афзоиши шумораи шахсони ҳуқуқӣ, тибқи тағйиру иловаҳо ба қонунҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи бақайдгирии давлатии шахсони ҳуқуқӣ ва соҳибкорони инфиродӣ” ва “Дар бораи боҷи давлатӣ” бақайдгирии давлатии фаъолияти соҳибкорӣ ройгон ба роҳ монда шуд.

Дар сомонаи мақомоти андоз www.andoz.tj анҷом додани бақайдгирии давлатӣ дар реҷаи мустақим (онлайн) имконпазир мебошад. Шакли мазкури хизматрасонӣ имкон медиҳад, ки муроҷиаткунандагон бе ташриф овардан ба мақомоти андоз ариза ва ҳуҷҷатҳояшонро барои бақайдгирии давлатӣ тариқи электронӣ пешниҳод намоянд.

Ин тадбир омилҳои инсониро дар раванди расмиёти бақайдгирии субъектҳои соҳибкорӣ пурра аз байн бурда, дар муҳлати кӯтоҳ ва бе ташриф овардан ба мақомоти андоз ба қайд гирифтан ва соҳиб гардидан ба ҳуҷҷатҳои тасдиқкунандаи бақайдгирӣ, инчунин РМА (рақами мушаххаси андозсупоранда), рамзи оморӣ ва РМС (рақами мушаххаси суғуртавӣ) таъмин мегардад.

Дигар хизматрасониҳои электронии андозӣ. Бо мақсади сарфа намудани вақт барои пардохти андозҳо ва боҷи давлатӣ дар сомонаи www.andoz.tj шаклҳои нави хизматрасониҳо ҷорӣ карда шудаанд, ки бо истифода аз он шаҳрвандон ва андозсупорандагон имконият пайдо намуданд, ки бе рафтан ба нуқтаҳои хизматрасонии бонкӣ маблағи андоз аз молу мулки ғайриманқул ва боҷи давлатиро бо истифодаи кортҳои бонкӣ пардохт намоянд. Сомона пайваста такмил дода шуда, дар он санадҳои меъёрии ҳуқуқии соҳаи андоз ва номгӯи хизматрасониҳо ба андозсупорандагон ҷойгир карда шудаанд.

Барои андозсупорандагоне, ки имконияти дастрасӣ ба интернет ё имконият ва малакаи кофии ба тариқи электронӣ пешниҳод намудани эъломияҳои андозро надоранд, дар биноҳои нозироти андози якчанд шаҳру ноҳияҳо утоқҳои алоҳида — терминалҳо ҷиҳати пешниҳоди эъломияҳо дар шакли электронӣ ҷудо гардида, бо компютерҳо муҷаҳҳаз карда шудаанд.

Портали хизматрасониҳои электронии андозӣ васеъ карда шуда, айни замон барои андозсупорандагон 63 адад модулҳои хизматрасонӣ ба роҳ монда шудаанд ва қариб 145 ҳазор субъектҳои хоҷагидор эъломияҳои андозии худро тариқи электронӣ пешниҳод менамоянд ва пардохти маблағҳои андоз тавассути кортҳои бонкӣ ба таври ғайринақдӣ роҳандозӣ гардидааст. Истифодаи ин имконият ба сода ва осон намудани иҷрои уҳдадориҳои андозӣ аз ҷониби субъектҳои хоҷагидор мусоидат менамояд.

Пешниҳоди ҳисоботи электронии оморӣ. Айни замон зиёда аз 30 намуди шакли ҳисоботи оморӣ пурра ба низоми электронӣ ворид карда шудааст, ки ҷараёни ҳисоботсупории соҳибкорону сармоягузоронро ба таври назаррас осон мегардонад (www.stat.tj).

Ҷорӣ гардидани низоми раводиди электронӣ. Аз соли 2014 дар Тоҷикистон портали интернетӣ барои судури раводиди электронӣ     “e-Visa” (www.evisa.tj) ба кор шурӯъ намуд, ки дар миқёси Осиёи Марказӣ таҷрибаи аввалин ба шумор меравад. Роҳандозии низоми макзур ба меҳмонону сайёҳон ва сармоягузорони хориҷӣ имконият фароҳам овард, ки барои ворид шудан ба кишвар дархости электрониро хонапурӣ карда, бидуни ҳозир шудан ба муасссисаҳои консулии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар хориҷи кишвар раводиди электрониро дар реҷаи мустақим ба даст оранд.

Хизматрасониҳои электронии бонкӣ (www.nbt.tj). Бо мақсади зиёд намудани ҳиссаи ҳисоббаробаркуниҳои ғайринақдӣ дар муомилоти пулии кишвар тадбирҳои муҳим амалӣ карда шуданд.

Айни замон пардохти якчанд хизматрасониҳои пулакии давлатӣ, аз ҷумла ҳаққи истифодаи қувваи барқ, об, хизматрасониҳои коммуналӣ, нақлиёти ҷамъиятӣ, бозрасии давлатии автомобилӣ, тандурустӣ, алоқаи телефони шаҳрӣ, идораҳои нотариалии шаҳри Душанбе ва ноҳияҳои он, маблағҳои андоз ва дигар хизматрасониҳои давлатӣ тавассути воситаҳои электронии пардохтӣ ба таври ғайринақдӣ имконпазир гардидааст.

Ташкилоти қарзӣ технологияҳои муосири хизматрасониҳои фосилавии бонкӣ, аз қабили бонкдории мобилӣ, интернет-банкинг, пардохтҳо тавассути QR-рамз, маблағҳои электронӣ ва дигар хизматрасониҳои муосирро бомуваффақият роҳандозӣ намуда истодаанд. Пешниҳоди “Cash back” ҷиҳати ҳавасманд гардонидани муштариён барои истифодаи пардохтҳои ғайринақдӣ ва чораҳои муосир фаъолона амалӣ гардида истодааст.

“Равзанаи ягона” барои гирифтани хуҷҷати иҷозатдиҳӣ дар соҳаи сохтмон. Аз соли 2019 фаъолияти Маркази “Равзанаи ягона” барои гирифтани хуҷҷати иҷозатдиҳӣ дар соҳаи сохтмон дар шаҳри Душанбе оғоз карда шуд. Бо ҷорӣ гардидани низоми мазкур субъектҳои соҳибкорӣ метавонанд барои гирифтани иҷозат тариқи реҷаи онлайн аризаи худро дар сомонаи www.memori.tj пешниҳод намоянд.

Дар сомонаи мазкур номгӯи санадҳои зарурӣ барои гирифтани ҳуҷҷатҳои иҷозатдиҳӣ барои сохтмон ва намунаи ҳуҷҷатҳо, платформа барои бақайдгирӣ ва кушодани аккаунт ва ба тариқи электронӣ пешниҳод намудани дархост барои гирифтани шартҳои техникӣ, супориши меъморӣ ва банақшагирӣ ва иҷозати сохтмон ҷойгир карда шудааст.

Ин усул ба соҳибкорон барои барканор намудани он душвориҳое, ки дар пешниҳоди ҳуҷҷатҳо ба таври хаттӣ пеш меомад, кумак менамояд. Қаблан субъектҳои соҳибкорӣ ба якчанд мақомот ҷиҳати гирифтани ҳуҷҷатҳои иҷозатдиҳӣ мерафтанд ва механизми “Равзанаи ягона”-и иҷозати сохтмон имкон медиҳад, ки соҳибкорон 40 фоизи вақт ва хароҷоти худро сарфа намоянд.

“Равзанаи ягона” барои бақайдгирии молу мулки ғайриманқул таъсис ва фаъолият карда истодааст. Феҳристи электронии маълумот оид ба уҳдадории молу мулки ғайриманқул дар махзани барномаи электронии Системаи худкори бақайдгирии молу мулки ғайриманқул ташкил карда шуда, дар сомонаи  www.baqaydgiri.tj дар реҷаи 24/7 рӯз ройгон ва мустақим дастраси ҳамаи шаҳрвандон гардонида шудааст. Аз 4 марти соли 2020 махзани электронии геопортал дар сомонаи www.geoportal.tj дар ҳудуди шаҳри Душанбе пурра ба истифода дода шудааст.

“Равзанаи ягона” барои пайвастшавӣ ба шабакаҳои барқӣ. Аз оғози соли 2020 омода ва пешниҳоди шартҳои техникӣ барои пайвастшавӣ ба шабакаҳои барқӣ бо риояи талаботи “Равзанаи ягона” дар муҳлати муқарраршуда дар сомонаи www.dges.tj дар реҷаи онлайн имконпазир гаштааст. Иттилооти зарурӣ оид ба тартиб ва расмиёти гирифтани шартҳои техникӣ барои пайвастшавӣ ба шабакаҳои барқӣ дар сомонаи мазкур дастраси аҳолӣ мебошад. Баррасии ариза (дархост)-и шаҳрвандон, муроҷиат ба “Равзанаи ягона” барои пайвастшавии иншоот ба шабакаҳои барқӣ ва пешниҳоди шартҳои техникӣ ба муроҷиаткунанда дар муҳлати муайянгардида таъмин карда мешавад.

“Равзанаи ягона”-и барасмиятдарории амалиёти содиротӣ, воридотӣ ва транзитӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон www.swcustoms.tj аз 1 сентябри соли 2020 мавриди истифодаи расмӣ қарор дода шуд. Ин низом ва гузариш аз шакли коғазӣ ба электронии мубодилаи ҳуҷҷатҳои расмӣ қадами навбатӣ барои содаву шаффоф намудани расмиёти марбут ба танзими савдои хориҷӣ ва хизматрасонии давлатӣ маҳсуб ёфта, ба зиёд шудани гардиши тиҷорати хориҷӣ ва беҳсозии фазои соҳибкорӣ мусоидат мекунад. Низоми мазкур дар минтақаи Осиёи Марказӣ нахустин таҷрибаи гузаштан ба усули электронӣ дар самти тиҷорати беруна маҳсуб меёбад ва самаранок роҳандозӣ гардида истодааст.

Портали электронии тиҷорати беруна. Портали электронии тиҷорати беруна www.tajtrade.tj таҳия карда шуд, ки дар он тамоми маълумоти зарурӣ оид ба расмиёт, ҳуҷҷатҳои зарурӣ барои содирот ва воридоти намудҳои муайяни молу хизматрасонӣ бо нишондоди маблағи расмӣ ва вақти зарурӣ барои анҷом додани расмиёт пешниҳод карда мешавад. Моҳият ва муҳтавои портали савдои Тоҷикистон махзани иттилоот оид ба расмиёти воридотӣ ва содиротӣ мебошад. Портали савдои Тоҷикистон барои соҳибкорони ватанӣ ва сармоягузорон имконияти дастрас намудани иттилоот вобаста ба расмиёт ва ҳуҷҷатгузории содирот ва воридоти молро фароҳам овардааст, ки вақт ва хароҷоти соҳибкорон сарфа мегардад. Дар портали мазкур ба таври сода ва фаҳмо ҳамаи ҳуҷҷатҳо (иҷозатномаҳо ва сертификатҳои зарурӣ ва ғайра) барои анҷоми расмиёт нишон дода мешаванд.

Портали B2B. Бо мақсади тавсеа ва рушди робитаҳои тиҷоратӣ байни соҳибкорону сармоягузорони дохилию хориҷӣ, бизнес-портали В2В www.b2b.tj фаъолият менамояд. Дар портали мазкур маълумоти мушаххаси субъектҳои соҳибкорӣ, номгӯи лоиҳаҳои сармоягузорӣ, роҳнамои тиҷоратӣ, платформа барои фурӯши мол ва хизматрасонӣ, васеъ намудани содирот ва ҷалби сармоягузории мустақим ҷойгир карда шудааст.

Низоми содиркунандагони бақайдгирифташудаи Иттиҳоди Аврупо RES (Registered Exporter System) дар Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷорӣ карда шуда, тибқи тартиби муқарраргардида субъектҳои содироткунандае, ки ба Иттиҳоди Аврупо молу маҳсулот содирот мекунанд, ба низоми мазкур гузаронида шуданд. Роҳандозии ин низом (www.export.tj) ба содагардонии расмиёти савдо, кам кардани вақт ва хароҷоти содироткунандагон мусоидат намуда, айни замон қоидаҳои пешбурди кори он таҳия ва мавриди корбарӣ қарор гирифтаанд.

Апостилгузорӣ/Таъйиди ҳуҷҷатҳо. Апостил (аз калимаи фаронсавӣ Apostille), — шакли пуркунии стандартикунонидашудаи байналмилалии идоракунӣ доир ба қонунигардонии ҳуҷҷат барои пешниҳод дар қаламрави мамлакатҳои аъзои Конвенсияи Гаага доир ба Апостил мебошад. Апостил, аслияти имзо, мӯҳр ё штампи ҳуҷҷати расмиро тасдиқ ва ба ҳуҷҷатҳои аслӣ, инчунин нусхаҳои ҳуҷҷатҳо гузошта мешавад.

Ёдовар бояд шуд, ки Ҷумҳурии Тоҷикистон “Конвенсияи Гаага (Конвенсияи Апостил) оид ба бекор намудани легализатсияи ҳуҷҷатҳои  расмии хориҷӣ аз соли 1961”-ро соли 2015 ба тасвиб расонида, пешниҳоди маълумот ва хизматрасонии апостилгузорӣ/таъйиди ҳуҷҷатҳо тавассути портали https://www.consular.tj/apostilirovanie.aspx, http://apostille.tj/tj.aspx ва https://www.adliya.tj/tj/apostol пешниҳод карда мешавад.

Тибқи муқаррароти Конвенсия, ҳуҷҷатҳои сармоягузорони хориҷӣ дар Тоҷикистон ва ҳуҷҷатҳои соҳибкорони Тоҷикистон дар кишварҳои хориҷии ба Конвенсия шомилшуда бе расмиёти дохилӣ эътироф карда мешаванд. Ин барои сарфа намудани вақту маблағ ва содагардонии ҷараёни барасмиятдарории ҳуҷҷатҳои сармоягузорони хориҷӣ ва соҳибкорони ватанӣ ҳангоми сармоягузорӣ ё фаъолияти соҳибкории онҳо дар хориҷи кишвар кумак менамояд.

Феҳристи ягонаи давлатии уҳдадориҳои гаравӣ http://www.fehrist.tj/Content.aspx?page=main. Феҳрасти ягонаи давлатии уҳдадориҳои гаравӣ – ин манбаи иттилоотии маълумоти уҳдадориҳои гаравҳост, ки дар мақомоти дахлдори адлия оид ба бақайдгирии шартномаҳои гарав таъсис ва пеш бурда мешавад. Мақоми бақайдгиранда воситаҳои электрониро барои дохил намудани маълумот оид ба хабарномаҳои гаравӣ, инчунин бо мақсади ҷустуҷӯи онҳо таъмин мекунад. Маҳзани маълумоти Феҳрасти ягонаи давлатӣ дорои маълумоти расмӣ мебошад. Хабарномаи гаравӣ аз лаҳзаи қайди воридшавии он ба мақоми бақайдгиранда пешниҳодшуда ба ҳисоб меравад.

Дар маҷмӯъ, вобаста ба таҳаввулоти босуръати ҷаҳони имрӯза ва таъсири онҳо минбаъд низ ислоҳот ҷиҳати тақвияти раванди рақамикунонии соҳаҳои иқтисодиву иҷтимоӣ, дастрасии молиявию дастгирии соҳибкорӣ, ҷоринамоии босуръати технологияҳои нави пешрафта ва истифодаи дурусти онҳо густариш ёфта, рақобатнокии миллиро дар асри XXI муайян менамояд.

 

АКСҲО аз Хадамоти матбуоти Президенти ҶТ/АМИТ «Ховар»

Август 8, 2021 12:03

Хабарҳои дигари ин бахш

Дар ноҳияи Шоҳмансур беш аз 14 ҳазор тонна маҳсулоти кишоварзӣ ҷамъоварӣ гардидааст
Ҳамкории Тоҷикистон бо Иттиҳоди Аврупо дар бахши энергетика ва захираҳои об тавсеа меёбад
Дурнамои муносибатҳои сиёсӣ, иқтисодӣ, тиҷоратӣ ва сармоягузории Тоҷикистон ва Индонезия баррасӣ шуд
Дар Душанбе ҷаласаи даҳуми Шурои ҳамоҳангсози миллӣ оид ба рушди соҳаи сайёҳӣ баргузор гардид
Дар Озарбойҷон ташаббусҳои Президенти Тоҷикистон дар самти ҳифзи пиряхҳо таъкид гардиданд
Масъалаҳои фаъолияти дидбонгоҳҳои гумрукии наздисарҳадӣ баррасӣ шуданд
Ҷаласаи 7-уми Комиссияи муштараки ҳамкории тиҷоратӣ, иқтисодӣ ва илмӣ-техникии Тоҷикистон ва Покистон доир мегардад
Дар Душанбе Лоиҳаи дуюми мукаммалгардонии идоракунии молияи давлатӣ баррасӣ гардид
Дар Сингапур имконияти ҳамкории дуҷониба бо Тоҷикистон баррасӣ шуд
Пагоҳ дар вилояти Хатлон Форуми байналмилалии сармоягузорӣ доир мегардад
Дар Боку бо ташаббуси ҷониби Тоҷикистон оид ба мониторинги криосфера ва ҳамкорӣ барои тақсимоти захираҳои обӣ чорабинии канорӣ доир шуд
Ҳайати Тоҷикистон дар Форуми тиҷоратӣ-сармоягузории кишварҳо дар шаҳри Сингапур иштирок намуд