ОЛИМОНИ ИМА ЭҲТИМОЛИ БА БЕМОРХОНА АФТОДАНИ ОДАМОНИ ЭМНАШУДА АЗ COVID-19-РО ТАХМИН КАРДАНД. Дар Тоҷикистон қариб 2 миллион нафар эм карда шудаанд
ДУШАНБЕ, 25.08.2021 /АМИТ «Ховар»/. Одамоне, ки бар зидди COVID-19 эм карда нашудаанд, 29 маротиба бештар эҳтимоли бо коронавирус дар беморхона бистарӣ шудан доранд, хулоса баровардаанд Марказҳои назорат ва пешгирии бемориҳо (CDC). Тавре АМИТ «Ховар» иттилоъ медиҳад, аз натиҷаҳои таҳқиқот портали Axios хабар медиҳад.
Зикр карда мешавад, ки 25 фоизи ҳама сироятҳо дар Лос -Анҷелес, ки аз 1 май то 25 июл сабт шудаанд, ба одамони эмшуда рост меоянд. 71 фисади дигари мубталоён эм нагирифтаанд ва 3 фоиз барои анҷом додани даври пурраи эмгирӣ вақт надоштанд. Тибқи натиҷаҳои таҳқиқот, онҳое, ки эм нагирифтаанд, назар ба онҳое, ки эм гирифтаанд, панҷ маротиба бештар гирифтори коронавирус мешаванд.
«Тақрибан 3% шахсони эмкардашуда дар беморхона бистарӣ шуданд, 0,5% дар шуъбаи бемориҳои шиддатнок буданд ва 0,2% ба нафасдиҳии сунъӣ ниёз доштанд. Аз миёни эм нагирифтагон тақрибан 8% дар беморхона бистарӣ шуданд, 1,5% дар шуъбаи эҳё ва 0,5% ба дастгоҳи ҳаводиҳии шуш пайваст буданд», –гуфта мешавад дар таҳқиқот.
Қаблан як назарсанҷӣ нишон дод, ки амрикоиҳои эмнашуда аксаран на худашон, балки ҳамватанони эмшударо дар паҳн кардани гунаи «делта» -и коронавирус айбдор мекунанд.
Тавре АМИТ “Ховар” қаблан хабар дода буд, то 23 август 1 миллиону 891 ҳазору 850 шаҳрванди Ҷумҳурии Тоҷикистон бар зидди COVID-19 эм карда шудаанд. То имрӯз беш аз 363 895 шаҳрванди кишвар вояи дуввуми ваксина гирифтаанд. Дар ин бора Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон хабар медиҳад.
Ёдовар мешавем, ки аз замони сар задани COVID-19 бо талошҳои пайвастаи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон барои ҳифзи аҳолӣ аз ин беморӣ ба кишвар 4 миллиону 160 ҳазору 740 воя ваксина ворид карда шуда, дар ин самт чораҳои амалӣ идома доранд.
Дар робита ба ин, бояд зикр кард, ки тибқи қарори Ситоди ҷумҳуриявӣ оид ба тақвияти чораҳои зиддиэпидемӣ барои пешгирии паҳншавии сирояти нави COVID-19 дар Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки 3 июл нашр шудааст, эмкунии шаҳрвандони кишвар, ки синнашон аз 18 боло аст, ҳатмӣ мебошад. Одамоне, ки бар зидди коронавирус ваксина нагирифтаанд, бояд бо духтури оилавии худ ё муассисаи тиббии маҳаллӣ машварат кунанд. Ваксина ба шаҳрвандони мамлакат ройгон дода мешавад.
АКСИ тасвирӣ аз бойгонӣ








ИСТИҚЛОЛИЯТ — РАМЗИ САОДАТ ВА АСОЛАТИ МИЛЛАТ. Тавсифҳои истиқлолият аз суханҳои пурарзиши Президенти Тоҷикистон
НУРИ ХУРШЕДИ ИСТИҚЛОЛ ТО АБАД РАВШАНГАРИ ҲАЁТИ ҶОМЕАИ МО БОД! Тавсифҳои истиқлолият аз суханҳои пурарзиши Президенти Тоҷикистон
ИСТИҚЛОЛУ ОЗОДӢ — РАМЗИ ВОҚЕИИ ИФТИХОР АЗ ВАТАНУ ВАТАНДӮСТӢ. Тавсифҳои истиқлолият аз суханҳои пурарзиши Президенти Тоҷикистон
ИСТИҚЛОЛИЯТ — МАРҲАЛАИ СИФАТАН НАВИ РУШДИ ТОҶИКИСТОН. Тавсифҳои истиқлолият аз суханҳои пурарзиши Президенти Тоҷикистон
ИСТИҚЛОЛИЯТ — РАМЗИ БАРҶАСТАИ ПОЙДОРИИ ДАВЛАТ. Андешаҳои Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон доир ба Истиқлолияти давлатӣ
ҶОИЗАИ БАЙНАЛМИЛАЛИИ ПРЕЗИДЕНТИ ТОҶИКИСТОН ДАР СОҲАИ ОБ–ВАСИЛАИ ТАҲКИМИ ДИПЛОМАТИЯИ ОБ ДАР ҶАҲОН. Андешаҳо дар ин маврид
ТИРГОН ШЕБУ ФАРОЗИ САДСОЛАҲОРО ГУЗАШТА, ТО БА РӮЗГОРИ МО РАСИДААСТ. Иқтибосҳо аз суханрониҳои Президенти Тоҷикистон ба муносибати ин ҷашн
Соли 2027 дар Тоҷикистон Конфронси байналмилалӣ доир ба Даҳсолаи байналмилалӣ оид ба таҳкими сулҳ барои наслҳои оянда баргузор мешавад
Фиристодаи махсуси СММ: «Давлатҳо бояд сиёсатҳо ва амалҳоро тағйир дода, сармоягузорӣ ва татбиқи лоиҳаҳоро дар соҳаи идораи захираҳои обӣ ба роҳ монанд»
Ҷоизаи байналмилалии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар соҳаи об таъсис дода шуд
Сарвазири Бурунди: «Тоҷикистон ба маркази муколамаи глобалӣ оид ба масъалаҳои об табдил ёфтааст»






