Патрушев изҳор дошт, ки Русия робитаро бо давлатҳои ҳамсояи Афғонистон тавассути шӯроҳои амниятӣ тақвият бахшидааст

Август 19, 2021 10:55

ДУШАНБЕ, 19.08.2021 /АМИТ «Ховар»/. Русия робитаро бо давлатҳои ҳамсояи Афғонистон тавассути шӯроҳои амниятӣ, хадамоти низомӣ ва махсус тақвият бахшид. Дар ин бора котиби Шӯрои амнияти Федератсияи Русия Николай Патрушев дар мусоҳиба бо рӯзномаи «Известия» изҳор доштааст.

«Робитаҳо аллакай тавассути шӯроҳои амниятӣ, мақомоти ҳифзи ҳуқуқ, хадамоти махсус ва идораҳои низомӣ бо давлатҳои наздик  ба Афғонистон, пеш аз ҳама, бо Тоҷикистон ва Узбекистон, инчунин бо Чин, Эрон, Ҳиндустон ва Покистон тақвият дода шуданд», — гуфт Патрушев.

Ба гуфтаи ӯ, вазъ дар Афғонистон дар мадди назари Шӯрои амнияти ФР қарор дорад. «Дар яке аз вохӯриҳои фаврии қарибулвуқӯъ бо аъзои доимии Шӯрои амният ин мавзуъ масъалаи асосӣ хоҳад буд. Чораҳои иловагӣ барои таъмини субот дар минтақа баррасӣ мешаванд», — афзуд Патрушев.

Котиби Шӯрои амнияти Федератсияи Русия таваҷҷуҳро ба он ҷалб намуд, ки дар ин кор иқтидори Созмони аҳдномаи амнияти дастаҷамъӣ (СААД) ва Созмони Ҳамкории Шанхай (СҲШ) низ фаъолона истифода мешавад. «Ба хотири таъмини амният дар Осиёи Марказӣ, мо ҳамкории зичи Узбекистон ва Туркманистонро бо СААД истиқбол мекунем»,- гуфт Патрушев.

Вай ҳамчунин мушкилот дар Осиёи Марказиро номбар кард, ки дар партави рӯйдодҳои ахир ба вуҷуд омадаанд. «Вазифаи афзалиятноки мо таъмини назорат аз болои ҷараёни муҳоҷират аз Афғонистон, ҳифзи минтақа аз гузаштани террористон тавассути сарҳади давлатӣ ба ҳайси гурезаҳо, пешгирии паҳншавии идеологияи радикалӣ, қочоқи аслиҳа ва қочоқи маводи мухаддир аст», — хулоса кард Котиби Шӯрои амнияти РФ.

Ҷангҷӯёни ҳаракати «Толибон» (созмони террористӣ, ки дар Тоҷикистон ва Русия мамнӯъ аст) 15 август давоми чанд соат назорати Кобулро пурра ба даст гирифтанд. Президенти Афғонистон Ашраф Ғанӣ гуфт, ки барои пешгирии хунрезӣ кишварро тарк мекунад. Ноиби президенти ҷумҳурӣ Амруллоҳ Солеҳ гуфт, ки дар сурати набудани сарвари давлат ӯ тибқи Конститутсия иҷрокунандаи вазифаи сарвари кишвар мешавад ва ба муқовимати мусаллаҳона бо «Толибон» даъват кард. Кишварҳои ғарбӣ шаҳрвандони худ ва кормандони сафоратро аз ин кишвар берун бароварда истодаанд.

                                                                           Акс аз бойгонӣ

Август 19, 2021 10:55

Хабарҳои дигари ин бахш

Тоҷикистон ва Узбекистон ҳамкории амниятиро барои муқовимат ба таҳдидҳо тақвият мебахшанд
Ҳайати Тоҷикистон дар Форуми Осиё ва Уқёнуси Ором дар Филиппин иштирок намуд
Дар Кӯлоб ҷаласаи Шурои ҳамоҳангсозии фаъолияти мақомоти ҳифзи ҳуқуқ баргузор гардид
ҲАР АМАЛИ НОДУРУСТ ҶАВОБГАРӢ ДАР ПАЙ ДОРАД! Дар Душанбе паҳнкунандагони доруи психотропии «Прегабалин» дастгир шуданд
Ҳайати Тоҷикистон дар Вена дар конфронси Созмони Милали Муттаҳид оид ба мубориза бо қаллобӣ иштирок дорад
Дар Вена ҳамкории Тоҷикистон ва Британияи Кабир дар соҳаи ҳифзи ҳуқуқ баррасӣ гардид
14 МАРТ — РӮЗИ КОРМАНДОНИ МАҚОМОТИ ПРОКУРАТУРА. Бо назардошти вазъи геополитикии ҷаҳон дар назди кормандони он масъулияти баланд меистад
Агентии назорати маводи нашъаовари Тоҷикистон ва Раёсати СММ оид ба маводи нашъаовар ва ҷинояткорӣ ҳамкориро тақвият медиҳанд
Ҷаласаи навбатии Комиссияи даъвати ҷумҳуриявӣ оид ба омодагӣ ба даъвати баҳории соли 2026 ба хизмати ҳарбӣ доир гардид
Нозирони мизҳои ҳарбӣ дар шаҳри Бохтар ба машғулияти такмили ихтисос фаро гирифта шуданд
Дар Хатлон ҳамкории милитсия, омӯзгорон ва волидайн дар самти пешгирии ҷинояткорӣ байни ноболиғон тақвият меёбад
Ташаккул ва рушди фарҳанги киберамният дар низоми таълиму тарбия аҳамияти аввалиндараҷа касб мекунад