Пешсафони ҲХДТ дар вилояти Хатлон ба шаҳрҳои Душанбе ва Норак саёҳат карданд
ДУШАНБЕ, 09.08.2021 /АМИТ «Ховар»/. Бо ташаббуси Кумитаи иҷроияи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон (КИ ҲХДТ) дар вилояти Хатлон бахшида ба 30-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Солҳои рушди деҳот, сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ, саёҳати кормандони пешсафи кумитаҳои иҷроияи ҳизбии шаҳру ноҳияҳои вилояти Хатлон ба минтақаҳои дилрабои шаҳрҳои Норак ва Душанбе сурат гирифт. Дар ин бора аз шуъбаи иттилоот ва матбуоти КИ ҲХДТ дар вилояти Хатлон ба АМИТ «Ховар» хабар доданд.
Сараввал кормандони ҳизбӣ аз Боғи Анори шаҳри Норак дидан намуда, оид ба таърихчаи боғи мазкур маълумот гирифтанд. Дар идома кормандони ҳизбӣ ба НБО «Норак» ташриф оварда, оид ба ин иншооти бузург ва мавзеи дилпазир таассуроти хоса бардоштанд.
Мудири шуъбаи таблиғот ва иттилооти Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Панҷ Сайдамир Ғафуров аввалин бор аст, ки ба шаҳри Норак сафар кардааст.
Ӯ мегӯяд, аз зебогиҳои шаҳр хушам омад ва мехоҳам, ки дар оянда низ чунин саёҳатҳо бештар ташкил карда шаванд. «Ташаккур ба ташкилкунандагони ин саёҳат, зеро солҳост, ки орзуи дидани ин мавзеъҳоро доштам. Дар доираи ин сафар чанд дӯсти дигар низ пайдо кардам. Дар ин сафар истироҳати хуб доштем, рӯҳияаамон болида шуд ва албатта ин дар фаъолияти кориямон таъсири мусбат хоҳад дошт», — гуфт С. Ғафуров.
Мисли ӯ чандин ҷавони дигар низ мунтазири чунин саёҳат буданд, ки ҳамакнун ба орзуяшон расиданд.


Дар идома саёҳати кормандони ҳизбӣ ба шаҳри Душанбе сурат гирифт. Аҳли гурӯҳ мавзеи назаррабои «Кохи Наврӯз», Боғи Ҷавонон ва Боғи Ирам-ро тамошо карданд.
Сайёҳат дар ҷойҳои тамошобоби шаҳрҳои Душанбе ва Норак бо як ҷаҳон таассуроти нек сипарӣ гардид.
Хотиррасон мекунем, ки дар хатсайри сайёҳӣ онҳое сафарбар шуданд, ки дар шашмоҳаи соли равон тибқи назарсанҷии ҳизбӣ пешсафӣ доштанд. Роҳбарияти КИ ҲХДТ дар вилояти Хатлон минбаъд низ баҳри ҳавасмандии пешсафон чунин имкониятҳоро роҳандозӣ хоҳанд кард.
АКСҲО аз КИ ҲХДТ дар вилояти Хатлон








«ТОҶИКОНА МЕПӮШЕМ!». Занону духтарони Осорхонаи миллӣ аз пӯшидани либоси миллӣ ифтихор менамоянд
ОБОД СОХТАНИ ВАТАН ИБОДАТ АСТ! Соҳибкорони ҳимматбаланди ватанӣ Мактаби президентии ноҳияи Темурмаликро сохтанд
СОЛИ ВУСЪАТ ДОДАНИ КОРҲОИ ОБОДОНИВУ СОЗАНДАГӢ. Дар Панҷакент 200 иншооти ҷашнии иловагӣ сохта мешавад
Ҷашни Наврӯз дар ноҳияи Мурғоб бо расму ойинҳои хос таҷлил карда шуд
Дар ноҳияи Тоҷикобод Боғи интенсивии «35-солагии Истиқлолият» таъсис дода мешавад
«ДАВЛАТМАРД». Бахшида ба 35-солагии Истиқлоли давлатӣ китоби Далер Абдулло ба нашр расид
Кормандони Осорхонаи миллии Тоҷикистон Наврӯзи байналмилалиро сарҷамъона таҷлил намуданд
ОБОД СОХТАНИ ВАТАН ИБОДАТ АСТ! Соҳибкори саховатпеша 30 ҳазор нафар аҳолии Темурмаликро бо оби нӯшокӣ таъмин намуд
Дар ноҳияи Бобоҷон Ғафуров соҳаи саноат рушд меёбад
Дар маҳаллаи Сангин Ниёзови ноҳияи Мастчоҳ Маркази хайриявии таълимию касбомӯзии «Тоҷикона» ба истифода дода шуд
СОЛИ ОБОДОНИЮ СОЗАНДАГӢ. Дар шаҳри Хоруғ беш аз 5 ҳазор гул шинонида шуд
СОЛИ ВУСЪАТ ДОДАНИ КОРҲОИ ОБОДОНИВУ СОЗАНДАГӢ. Дар Мастчоҳ якчанд иншооти иҷтимоӣ ба истифода дода шуд






